Фании Информатика

Майдони дизайнерии Form ва таркиби он

Барномасози дар Visual Basic аз ду қисми кори иборат мебошад, ки он барои барномасоз бисёр шароити хуберо фароҳам меорад: қисми дизайнери (Form) ва қисми барноманависи (Code) мебошад. Форма барои тартиб додани қисми зоҳирии барнома хизмат мерасонад, яъне ба форма элементхои идоракунии гуногун ворид ва хорич намудан мумкин аст. Намуди формаи дизайнерии Visual Basic 6.0 дар расми 2.0 тасвир ёфтааст. Хар як формаи кушодашуда, дизайнери формаи худро доранд, ки он одатан дар маркази оина чой дорад (р. 1.5).

Расми 2.0. Намуди зохирии дизайнери формаи Visual Basic

Properties. Оинаи хосиятихо (расми 2.1) барои дигаргун сохтани хосиятихои гуногуни объекти интихобшуда хизмат мекунад. Дар зери мафхуми хосиятии объект ягон характеристикаи он тасвир карда мешавад. Масалан номи объект, мавқеи ҷойгиршавии он дар экран ё ранги он ва ғайра. Одатан равзанаи хосиятиҳо дар қисми рости равзанаи асосии Visual Basic ҷойгир аст.

Расми 2.1.Тасвири оинаи хосиятихои Visual Basic.

Code. Оинаи ислохкунии коди барнома (расми 2.2) барои тартиб додани ҳодисаҳо ва дохил намудани формулаҳое, ки барои ҳалли масъалаҳо ё ислох намудани коди барнома хизмат мекунад истифода бурда мешавад. Агар барнома дорои якчанд формаи алоҳида бошад онгоҳ ҳар як форма (Form) равзанаи формулавии худро дорад, ки бо номи project1 — Form 1(Code), project2 — Form2 (Code) ва ғайра номгузори карда мешаванд.

Расми 2.2. Намуди зохирии оинаи ислохкунии коди Visual Basic.

Барои ин бояд дар болои объекти дилхох ду маротиба тугмачаи мушро пахш намоем. Дар ин холат равзанаи кодҳо пешниҳод мешавад.

Элементҳои идоркунии Toolbox ва вазифаҳои инҳо

Бо ёрии ин элемент, барномасоз метавонад дар мухити интегрони ин ё он элементи идоракуниро, ки барои сохтани барнома лозим аст, чойгир намояд. Дар мухити интегрони панели ToolBox одатан дар тарафи чап чойгир аст.

Ҳар як элементи Toolbox дарои вазифа ва хосиятиҳои гуногун мебошад, ки дар вақти интихоби он вобаста аз имкониятҳояш хосиятии он пайдо мешавад. Намуди зохирии оина дар расми 2.3 тасвир ёфтааст. Вазифаи ҳамаи элементҳо ва номашон дар чадвали 1.4 ифода ёфтааст:

Расми 2.3 Намуди зохирии оинии Toolbox

Элементҳои идоркунии Toolbox ва вазифаҳои инҳо

ЭлементНомВазифа
PointerИнтихоби элементхои идоракуни
PictureBoxБаровардани элементхои графики дар форма
LabelИнъикоси навиштачотхо дар форма ва ё дигар злементхо
TextBoxДохилкунии матн
FrameБарои гурухбанда намудани элементи идоракуни истифода бурда мешавад
Command

Button

Ичроиши амалхои муайян аз тарафи замима хангоми пахш намудани тугмачаи идоракунанда
CheckBoxКорбаст ва хомушкунии мутобик- кунихо
OptionButtonИнтихоб аз тарафи истифодабаранда яке аз пунктхои имконпазир
ComboBoxИнтихоби элемент аз руйхати кушодашуда
ListBoxИнтихоб намудани элемент аз руйхат
HSrollBarВаракзании ба таври горизонтали руйхати дар элементи идоракунии дигар мавудбуда
VscrollBarВаракзании ба таври вертикали руйхати дар элементи идоракунии дигар мавудбуда
TimerИчроиши амалхо аз тарафи замима дар мухлати муайян
DriveListBoxИнтихоьи диски дилхох аз тарафи истифодабаранда
DirListBoxИнтихоби директория лозима дар диск
FileListBoxАз директорияи лозима интихоб намудани файл
ShapeИнъикоси фигурахои геометри дар форма
LineТасвири хатхои графики
ImageБаровардани элементхои графики дар форма
DataПайвастшави бо базаи маълумотхои мавчудбуда
OLEХамрохкуни ба замима функсияхои барномахои дигар

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *