Фании Информатика

Барномаҳои стандартии windows

Ба программаҳои стандартии Windows таҳриргари матнии Блокнот, таҳриргари графики Paint, протсессори матнии WordPad, программаи Калкулятор ва ғайра дохил мешаванд. Файлҳои ин программаҳо дар папкаи Windows маҳфуз буда, ба воситаи Менюи асосии система ё программаҳои Компютерӣ ман ва Роҳбалад ба кор дароварда мешаванд.

ПРОГРАММАИ БЛОКНОТ

Программаҳои Блокнот таҳриргари матнӣ ба ҳисоб рафта, барои азназар гузаронии файлҳои матнии типи тхт. сохтани ҳуҷҷатҳои на чандон калон ва азхудкунии тугмаҳои клавиатура (барои навомӯзон) истифода бурда мешавад. Ин барномаро бо ёрии фармони Менюи асосии система ба кор даровардан мумкин аст:

Пуск➡Программы➡Стандартные➡Блокнот

ПРОГРАММАИ МАТНИИ WORDPAD

Программае, ки дар таркиби Windows ҳамчун заминаи стандартӣ вуҷуд дорад, протсессори матнии WordPad мебошад. Протсессори WordPad варианти соддатари протсессори пуриқтидортарини матнӣ Word ба шумор меравад. Ин программаро низ ба мисли дигар программаҳои стандартӣ ба кор медароранд.

Пуск➡Программы➡Стандартные➡Wordpad

ПРОГРАММАИ «КАЛКУЛЯТОР»

Ба кор дарории барномаи калкулятор

Пуск➡Программы➡Стандартные➡Калкулятор

Прогаммаи Калкулятор барои иҷрокунии ҳисоббарориҳои оддитаринии риёзӣ, оморӣ, муҳандисӣ, илмӣ ва ғайра истифода бурда мешавад. Ин программа бо ёрии командаи Менюи асосӣ ба кор дароварда мешавад: Пуск Программы Стандартные Калкулятор. Программаи Калкулятор дар ду реҷа кор карда метавонад. Муқаррарӣ 2) Муҳандисӣ. (Расми 1). Барои аз як реҷа ба реҷаи дигар гузаштан, аз командаҳои менюи равзанаи Калкулятор истифода мебаранд:

Вид Обычный ва Вид Инжинерный

Бо ёрии Калкулятори инжинерӣ ҳамаи амалҳои арифметикиро иҷро ва қимати функсияҳои математикию омориро ҳисоб намудан мумкин аст. Рақамҳоро бо ёрии клавиатура ё худи равзанаи барнома (бо ёрии муш) дохил намудан мумкин аст. Тарзи кори ин барнома аз калкуляторҳои муқарарӣ (дастӣ) ягон фарқе надорад.

ТАҲРИРГАРИ ГРАФИКИ PAINT

Программаи Paint-яке аз таҳриргарони оддитарини графикӣ ба шумор меравад. Грачанде воситаҳои ин программа имкониятҳои васеъи сохтани расмҳои дараҷаашон профессионалиро надошта бошанд ҳам, вале омӯзиши он ҳамчун программаи стандартии Windows дар истифодабарии таҳриргарони пуриқтидори CorelDraw, Fotoshop ва ғайра беандоза калон мебошад.

Командаи Пуск Программы Стандартные Paint программаи Paint-ро ба кор медарорад. Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки программаи Paint таҳриргари графикӣ мебошад.

Дар равзанаи Paint ба ғайр аз сатри меню, боз панели асбобҳои он ва палитраҳои танзимсозии асбобҳо ва рангҳо мавҷуданд. Тугмаҳои панели асбобҳои Paint барои ба кор даровардани асбобҳои графиксоз хизмат мерасонанд. Ба воситаи палитраи танзимсозии асбобҳо параметрҳои асбобҳоро (ғафсии хат, усули рангпуркунии фигура ва ғайра) тағир додан мумкин аст. Элементҳои палитраи рангӣ бошанд, барои интихоб намудани ранги асосии тасвир (пахшкунии тугмаи чапи муш) ва ранги заминаи расм (пахши тугмаи рости муш) хизмат мерасонанд.

Расмкашӣ дар майдони кори равзанаи Paint дар дохили андозаи интихобкардашудаи расми оянда амали мегардад.

ФУНКСИЯҲОИ АСБОБҲОИ РАСМКАШИИ PAINT ЧУНИН АСТ:

-Ҷудокунии соҳаи ихтиёрӣ. Бо соҳаи ихтиёрӣ кӯчондан, нусхабардорӣ кардан ва нестнамуданро иҷро кардан мумкин аст.

-Ҷудокунии соҳаи росткунҷавӣ. Бо соҳаи росткунҷавии ҷудокардашуда низ амалиёти кӯчондан, нусхабардорӣ ва нест намуданро иҷро кардан мумкин аст.

-Хатпоккунак. Ранги асосиро ба ранги заминаи расм иваз карда менамояд.

-Рангрезак. Контури сарбастаро бо ранги интихобкардашуда пур мекунад.

-Рангинтихобкунак. Аз маҷмӯи рангҳои дар расм истифодабурдашуда, яке аз рангҳоро ба ранги ҷорӣ табдил медиҳад.

-Масштаб. Масштаби элементи расмро тағйир медиҳад.

-Қалам. Барои кашидани хатҳои (рост, каҷ) ихтиёри хизмат мерасонад.

-Мӯқалам. Принсипи кори мӯқалам ба қалам монанд аст. Мӯқаламҳо андозаи гуногун доранд.

-Рангпошак. Барои расмкашӣ бо усули пошидани ранг истифода бурда мешавад.

-Бо ёрии ин асбоб дар расм матнҳо ҳамроҳ карда мешаванд.

-Хати рост. Барои кашидани хатҳои расм хизмат мерасонад.

-Хати каҷ. Барои кашидани хатҳои каҷи суфта хизмат мерасонад.

-Росткунҷа. Барои кашидани фигураҳои росткунҷавӣ истифода бурда мешавад. Агар ҳангоми кашидани росткунҷа тугмаи Shift пахш карда шавад, он гоҳ квадрат ҳосил мешавад.

-Бисёркунҷа. Барои кашидани бисёркунҷаи ихтиёрӣ хизмат мера сонад.

-Эллипс. Барои кашидани фигураҳои эллипсшакл истифода бурда мешавад. Агар ҳангоми кашидани эллипс тугмаи Shift пахш карда шавад, он гоҳ давра ҳосил мешавад.

  • -Росткунҷаи ҳамворкунҷ. Росткунҷае мекашад, ки кунҷҳояш суфтаанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *