Фании Информатика

Мафҳуми информатика

Вақте, ки информатика мегӯянд ҳар як кас ва ҳар як шахс дар назар дорад, ки сухан дар бораи информатсия меравад ҳоло бошад мафҳуми информатика васеъ шуда ба илм табдил ёфтааст

Яъне информатика илмест, ки дар бораи тарзҳои ғункунӣ, нигоҳдорӣ, табдилдиҳӣ ва интиқоли маълумотҳоро ба воситаи компютер меомӯзад. Информатикаи имрӯза ба се самтҳои асосии зерин нигаронида шудааст:

1). истифодаи усулҳо ва алгоритмҳое, ки ба ҳалли масъала оварда мерасонанд;

2). ҷустуҷӯи усулҳо ва алгоритмҳои нав, ки ба тезонидани ҳалли масъ-алаҳо оварда мерасонанд;

3). техникаи ҳисоббарори замонавӣ зарур аст, ки барои расидан ба ду мақсади дар боло зикрёфта кӯмак намояд.

Аз таърифи фанни Информатика бармеояд, ки вай бо воситаи техникаи ҳисоббарори имрӯза, ки онро компютер меноманд, алоқаи зич дорад.

Компютер калимаи англисӣ буда, маънояш ҳисоббарор аст. Компютер, ки онро мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) низ меноманд, яке аз бузургтарин дастовардҳои илму техникаи ҳозиразамон ба ҳисоб меравад. Қариб ҳар сол схема ва сохти ин мошинҳо такмил ёфта, соҳаҳои тадбиқи онҳо васеъ мегарданд.

Имрӯз компютерҳо барои ҳалли масъалаҳои риёзӣ, иқтисодӣ, муҳандисӣ, молиявӣ, илмӣ, ҳисобкуниҳои оморӣ ва ғайраҳо истифода мешаванд. Тадбиқи истифодабарии компютерҳо дар соҳаҳои гуногун аз донишу малакаи истифодабарандаи он вобастаги дорад. Омӯзиши ҷамъоварикунӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва интиқоли ахбор бо воситаи компютери имрӯза мақсад ва вазифаи асосии фанни Информатика мебошад.

Технологияи иттилоотии замонавӣ дар соҳаҳо татбиқи худро ёбанд, бо туфайли онҳо шароит ва сатҳи зиндагии одамон баланд гардида, қувваҳои истеҳсолии ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир меёбанд. Агар мошинҳои муқаррарӣ имкониятҳои ҷисмонии одамро васеъ гардонанд, компютер нерӯи ақлонию зеҳнии онҳоро баланд мебардорад. Гарчанде мошинҳои ҳисоббарори ҳозиразамон аз ҷиҳати намуд гуногун бошанд ҳам вале тарзи истифодабарӣ, асоси кори онҳо ба ҳамдигар монанд аст.

МАФҲУМИ ИНФОРМАТСИЯ

Информатсия аз калимаи лотини information (информейшн) гирифта шуда маънояш баён кардан фаҳмонидан мебошад. Масалан маълумотҳои гуногун оид ба ягон система ё олами беруни, ки инсон бе восита бо ёрии органҳои ҳисёти худ(чашм гуш забон) ё маълумоте, ки дар вақти омӯзиш хондан ва мубодилаи афкор ба даст меояд бо мафҳуми ахбор ифода меёбад.

Воҳидҳои ченкунии ахбор

Ахбор низ монанди дигар бузургиҳо воҳиди ченкунии худро дорад. Якчанд намудҳои воҳидҳои ченакунии ахбор мавҷуд аст. Воҳиди хурдтарини ахбор бит мебошад, ки вай ба 0 ё 1 баробар аст.

Пайдарпайии 8 битро байт мегӯянд. Зеро ки байт ҳам ченаки нисбатан хурд аст, бинобар он барои ба ҳаҷми хотираи компютер баҳо додан, аз ченакҳои калонтари байналмилалӣ истифода мебаранд, ки онҳо инҳоанд, килобайт, мегабайт, гигабайт, терабайт, оксобайт:

1 Килобайт (1Кб) = 210 байт = 1024 байт;

1 Мегабайт (1Мб) = 210 Кб=1024 Кб;

1 Гигабайт (1Гб) = 210 Мб=1024 Мб;

1 Терабайт (1Тб) = 210 Гб=1024 Гб;

1 Оксобайт (10б) = 210 Тб = 1024 Тб;

1 Мб = 400 саҳифа 1,44Мб=600 саҳифа.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *