Фании Информатика

Равзанаи Ms Excel

Расми 1.1. Интерфейси Ms Excel

Равзанаи Excel аз чузъхои гуногун иборат аст. Баъзеи онхо ба тамоми барномахои мухити Windows хос буда, дигарамашон танхо дар ин тахриргари чадвали мавчуданд. Интерфейс (намуди беруна)-и Ms Excel аз сатрхои зерин таркиб ёфтааст: сатри сарлавха, сатри менюи асоси, лавхаи асбобхои стандарти ва форматирони, сатри формула, майдони ном, сатри холат ва лавхахои давонакхо (полоса прокрут). (Расми.1.1.)

Тамоми сохаи кории равзанаи Excеl бо вараки тозаи кори (ва ё чадвали тоза) фаро гирифта шудааст, ки бо ячейкахои чудогона таксим шудааст. Сутунхо бо харфхои англиси номгузори ва сатрхо бо ракамхо ракамгузори шудаанд. Чун дар дигар барномахои мухити Windows, вараки кориро дар шакли равзанаи алохида бо сарлавхаи хос ифода кардан мумкин аст – ин равзана равзанаи китоби кори номида мешавад, зеро ки дар чунин равзана якчанд варакаи кориро барраси намудан мумкин аст.

Хуччати Excel гуфта файл бо номи ихтиёри ва фарохии .х1s – ро мефахманд. Бо истилохи Excel хар як хуччат мачмуи чадвалхоро ифода мекунад, ки он китоби кори номида мешавад.

Дар як сахифаи кори 256 сутун ва 65536 сатр чойгир мешавад. Сатрхо аз 1 то 65536 ракамгузори, сутунхо бошанд, бо харфхо ва ё чуфти харфхо номгузори шудаанд. Баъд аз 26 харфи алифбои англиси, чуфти харфхо АА, АВ ва гайра истифода мешаванд.

Дар бурриши сутунхо ва сатрхо ячейкахо чойгиранд. Хар як ячейка ракам дорад. Раками он аз якчоягии ракамхои сутунхо ва сатрхо ( бе фосила дар байни онхо ) ташкил меёбад. Excel ракамхои ячейкахоро ба таври автомати мегузорад. Яке аз ячейкахои варакаи кори чори ба хисоб меравад. Вай бо росткунча чудо карда шуда, ракам ва чизи дар он мавчудбуда дар сатри формулахо тасвир карда мешавад.

Дар равзанаи Excel, ба мисли дигар барномахои оилаи Micкosoft Office, дар зери сарлавхаи равзана сатри меню чойгир шудааст. Андак поёнтар лавхаи асбобхои «Стандартная» ва «Форматирование» чойгир шудаанд, ки тугмахои онхо имкони зуд ва ба осони бисёр функсияхои Excel даъват карда шаванд. Барои интихоби типи шрифт, андозаи ва стили он майдонхо ва тугмахои лавхаи асбобхо истифода шуда метавонанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *