Фании Информатика

Кор бо ҷадвалҳо дар ms word. Чопкунии матни ҳуҷҷатҳо дар ms word

Нақша:

  • Сохтани ҷадвал дар Ms Word.
  • Таҳрири ҷадвал (гузориш, несткунии сатрҳо, сутунҳо, тағйири андозаи онҳо).
  • Ороиши ҷадвал бо рамка ва рангубор. Самтдиҳии матн дар ячейка.Ҳисобкуниҳо дар ҷадвали Ms Word.
  • Тарзҳои чопкунии матни ҳуҷҷатҳо

Сохтаниҷадвал дарMsWord

Ҷадвалҳо.Дар баьзе ҳуҷҷатҳо талаб карда мешавад, ки маьлумотҳои ададӣ ва қисман ғайриададӣ дар шакли ҷадвалҳо (таблитсаҳо) оварда шавад. Ҷадвал гуфта тўри аз сатру сутурнҳо иборатбударо меноманд, ки дар буриши онҳо ячейкаҳо (катакҳо) ҳосил шудаанд. Дар ячейкаҳои ҷадвал матнҳо, ададҳо, расмҳо ва дигар намуди информатсия нигоҳ дошта мешавад.

Ms Word имкони сохтани ҷадвали дорои 32676 сатр ва 31 сутунро дорад.Ҷадвал аз қисмҳои зерин иборат аст: ном, сарлавҳа, сатр ,сутун, хати чорчўба, ячейка (катак), тур (сетка), нишонаи охири сатр, нишонаи охири сутун, ва нишонаи охири ячейка.

Дар Ms Word ду усули гузоштани ҷадвали нав дар ҳуҷҷат мавудҷуд аст:

  1. Барои гузориши фаврии ҷадвал дар лавҳаи асбобҳои Стандартӣ бо пахши тугмаи Вставить таблицу сохтан мумкин аст.
  2. Барои ба матни ҳуҷҷат гузоштани ҷадвал аз фармони зерини менюи барномаиMsWordистифода бурдан зарур аст: ТаблицаèВставить (Ҷадвал- Гузоштан). Дар натиҷа дар экран равзанаи робитавииВставка таблицы(Ҷадвалсозӣ) пайдо мегардад.

Тавре ки аз расм дида мешавад, дар майдончаиЧисло столбцов(Миқдори сутунҳо) адади 5 ва дар майдончаи Число строк (Миқдори сатрҳо) адади 2 навишта шудааст.

Ин маьнои онро дорад, ки пешакӣ миқдори сутунҳои ҷадвали сохташаванда 5-то ва миқдори сатрҳояш 2-то муайян карда шудааст.

Барои иваз намудани ин ададҳо тирчаҳои аз тарафи рости майдончаҳо ҷойгиршударро истифода мебаранд. Дар вақти пахш намудани тирчаи – адади дар майдончабуда кам ва ҳангоми пахш намудани тирчаи – адад зиёд карда мешавад. Пас аз интихобкунии миқдори сатрҳо ва сутунҳои ҷадвал тугмаи ОК-ро пахш намудан лозим аст. Дар натиҷа ҷадвал ба матни ҳуҷҷат илова карда мешавад.

Барои аз як сутуни ҷадвал ба сутуни ояндаи он гузаштан аз пахши тугмаиTabва барьакс, барои ба сутуни пешина баргаштан аз пахши якҷояи тугмаҳоиShiftваTabистифода мебаранд. Барои дар дохили сатру сутунҳои ҷадвал сайр кунонидани курсор тугмаҳои идоракунии курсорро истифода бурдан қулай аст.

Таҳририҷадвал (гузориш, несткунии сатрҳо, сутунҳо, тағйири андозаионҳо)

Гузаронидани амалиёт бо сатру сутунҳоиҷадвал

Бо сатрҳо ва сутунҳои ҷадвал амалиёти зеринро гузаронидан мумкин аст:

  • нест намудани сатр ё сутун;
  • илова намудани сатр ё сутун;
  • яклухт нест намудани ҷадвал;
  • иваз намудани бари сутун;
  • иваз намудани баландии сатр.

Қадамҳои нест намудани сатр ё сутуниҷадвал:

а) ҷудо намудани сатр (сутун)

б) нест намудани сатр (сутун).

Барои ҷудо намудани сутун ё сатри ҷадвал аз меюиMsWordбандиТаблица(Ҷадвал), дар зерменюи пайдогардида бандиВыделить(Ҷудо кардан) ва дар зерменюи дуюми пайдогардида сатриСтлобцыёСтроки-ро интихоб менамоем. Пас аз ҷудо намудани сатр ё сутн аз менюи Word бандиТаблица, дар зерменюи пайдогардида зербандиУдалить(Нест кардан) ва дар зерменюи дуюми пайдогардида сатриСтобцыёСтроки-ро интихоб менамоем.

Қадамҳои нест намуданиҷадвал:

  • ҷудо намудани ҷадвал
  • нест намудани ҷадвал.

Барои ҷудо намудани ҷадвал курсорро ба яке аз ячейкаҳои он мегузорем. Баьд аз менюи программаи Ms Word бандиТаблица,дар зерменюи пайдогардида зарбандиВыделитьва дар зерменюи дуюм боз зербандиТаблицы-ро интихоб менамоем. Нест намудани ҷадвал ба нест намудани сатр ё сутунҳои он монанд аст:ТаблицаьèУдалитьèТблица.

Ҳамроҳнамудани сатрҳои нав баҷадвал:

  • курсорро ба сатре мегузаронем, ки дар поён ё болои он бояд сатрҳои нав илова карда шавад;
  • аз менюи программаи Ms Word бандиТаблицаь,дар зерменюи пайдогардида зербандиДобавитьва дар зерменюи дуюм сатриСтроки выше(Сатрҳо аз боло ) ёСтрокиниже(Сатрҳо аз поён)-ро интихоб менамоем.

Ҳамроҳнамудани сутунҳои нав баҷадвал:

  • курсорро ба яке аз ячейкаҳои сутуне мегузорем, ки бояд раз тарафи чап ё рости он сутунҳои нав илова карда шавад;
  • аз менюи программаиMsWordбандиТаблицы, дар зерменюи пайдогардида зербандиДобавитьва дар зерменюи дуюм сатриСтолбцы слева(сутунҳо аз чап ) ёСтолбцы справа(сутунҳо аз рост)-ро интихоб менамоем.

Иваз намудани бари сутун:

  • курсорро ба сутуни лозими мегузорем
  • аз менюи программаи Ms Word бандиТаблицава дар зерменюи пайдогардида зербандиСвойства таблиц(Хосиятҳои ҷадвал)-ро интихоб менамоем.

Пас аз иҷрои амалиёти болоӣ дар экран равзанае пайдо мегардад, ки онро равзанаи тағйирдиҳииХосиятҳоиҷадвал(Свойства таблицы) меноманд. Аз расм дида мешавад, ки ин равзана дорои тугмаҳои қабатииТаблицы(Ҷадвал),Строка(Сатр),Столбец(Сутун) ваЯчейка(Ячейка) мебошад.

Яке аз ин ё тугмаҳоро интихорб намуда хосиятҳои ҷадвал ё сатр, ё сутун ва ё ячейкаҳои онро тағйир додан мумкин аст. Масалан, дар расми 11.2. равзанаи робитавииСвойства таблицыҳангоми фаьол будани тугмаи қабатииТаблицаоварда шудааст.

Ҳангоми интихобкунии тугмаи қабатииСтолбецравзанаи робитавииСвойстватаблицы намуди дигарро мегирад. Дар майдончаиШририна(Бар)-и равзана адади 3,53 см нишон дода шудашудааст. Ин адад нишондиҳандаи барии ячейкаҳои сутуни ҷории ҷадвали мавҷуда ба ҳисоб меравад. Тирчаҳои▼ва-ро пахш намуда адади дар ин майдонча бударо rаму зиёд кардан мумкин аст. Айнан ҳамин тавр, тугмаи қабатии Таблицаь-ро интихоб намуда, якбора барои ячейкаҳи ҳамаи сутунҳои ҷадвалро тағйир додан мумкин аст . Барои иваз намудани баландии ячейкаҳои сатрҳои ҷадвал бошад, тугмаҳои қабатииСтрокава барои иваз намудани андозаву вазьи инфор матсияи ячейкаҳои алоҳида тугмаи қабатииЯчейка-ро фаьол гардонидан лозим аст.

Ороишиҷадвал бо рамка ва рангубор. Самтдиҳии матн дар ячейка,ҳамчоякунии ячейка

Барои он ки ҷадвали сохташуда хушнамо ва хоно шавад, онро бо тарзи лозима оро додан мумкин аст.барои ин дар Ms Word имконияти зиёд мавҷуд аст. Масалан, ороиши ҷадвал бо рамка ва рангубор, ҳамҷоя кардан, самтдиҳии матн дар ячейка.

Ороишиҷадвал бо рамка ва рангубор.

Барои ороиши ҷадвал бо рамка ва рангубор кифоя аст, ки сатр, сутун ва ячейкаи зарурии ҷадвал ҷудо карда шуда, фармониФормат®Границы и заливка…(Қолиб®Ҳудудҳо ва рангубордиҳӣ…) иҷро карда шавад. Дар натиҷа дар экран равзанаи мубоҳисавииГраницы и заливка…пайдо мешавад, ки чунин аст:

РавзанаиГраницы и заливка… (Ҳудудҳо ва рангубордиҳӣ ) аз се тугмаи қабатӣ –Граница(Ҳудуд) ,Страница(Саҳифа), Заливка(Рангубордиҳӣ) ва якчанд майдончаҳою тугмаҳои фармонӣ иборат аст. Ҳар як элементи равзана функсияи муайяни худро дорад.

Ороишдиҳииҳудудҳои сатру сутун ва ячекаиҷадвал.Ҳангоми пахш намудани тугмаи кабатииГраница(Худуд) равзанаиГраницы и заливкашаклеро мегирад, ки он дар расми 11.4. оварда шудааст. Дар ин маврид элементҳои равзана имконият медиҳад, ки маҳз ҳудудҳои сатру сутун ва ячейкаи ҷудокардашудаи ҷадвал ороиш дода шаванд. Элементҳои майдончаиТип(Намуди ҳудуд) барои интихоб намудани шакли чорчўбаҳои (рамка) атрофи ячейкаҳо хизмат мерасонад. Намуд, ранг ва ғафсии чорчўбаҳо бо ёрии элементҳои майдончаи дигар, ки номи он ҳамТип(Намуди ҳудуд ) мебошад, муайян карда мешавад. Раванди амалиёти иҷрошаванда ба таври автоматӣ дар майдончаиОбразец(Намуди) нишон дода мешавад. Агар намунаи ҳудудҳои интихобкардашуда қобили қабули истифодабаранда гардад, он гоҳ ў метавонад тугмаи фармонии равзана –Ok-ро пахш намояд.

Рангубордиҳии заминаиҷадвал. Ҳангоми пахш намудани тугмаи қабатииЗаливка(Рангубордиҳӣ) равзанаиГраницы и заливка шакли овардашударо мегирад (рас. 11.5.). Элементҳои майдончаиЗаливка-и равзана имконият медиҳад ,ки бо ёрии рангҳои гуногун заминаи ячейкаҳои ҷадвал ороиш дода шаванд. Ба воситаи майдончаи Узор (Нақшу нигор) ранги заминаҳои интихобкардашуда бо нақшу нигорҳои дилчасп зиннат дода мешаванд.

Самтдиҳии матн дар ячейка.Матни ячейкаҳои ҷадвалҳоро на танҳо ба таври амудӣ, балки ба таври уфуқӣ низ иҷро кардан мумкин аст.

Барои ин:

  • ячейкаҳои ҷадвалро қайд кардан лозим аст;
  • ба воситаи менюиФормат►Направлениятекстаравзанаи мубоҳисавииНаправления текста – Ячейка таблицы–ро кушодан мумкин аст (рас. 11.6.).
  • дар майдониОриентациясамти зарурии ҷойгиршавии матнро интихоб намуда, дар равзанаиОбразецонро назорат бояд кард;
  • самти дурустро интихоб намуда, тугмаиОК-ро пахш кард.

Равзанаи мубоҳисавииНаправления текста-ро бо чунин роҳҳо низ кушодан мумкин аст:

Бо истифодаи мушак

  • нишондиҳандаи мушакро дар ячейкаи лозимӣ гузошта, тугмаи тарафи рости мушакро пахш мекунем, менюи контекстӣ пайдо мешавад;
  • аз менюи пайдошуда бандиНаправления текста-ро интихоб мекунем;

истифода аз лавҳаи таҷҳизотҳо

  • дар лавҳаи таҷҳизотҳои форматиронӣ пахш намудани нишонаи Напраление текста

Ҳамҷоякунии ячейка.MsWordимконияти якчанд ячейкаҳои ҳамсояро ба як ячейка ҳамҷоя карданро дорад. Ячейкаи пайдошуда дар оянда чун як ячейкаи алоҳидаи нав амал мекунад. Маълумоте, ки ячейкаҳои ҳамҷояшуда мавҷуданд, пурра ба ячейкаи нав мегузарад ва дар якчанд сатр навишта мешаванд.

Барои ин он ячейкаҳоеро қайд кардан лозим аст, ки бояд ҳамҷоя шаванд ва аз менюи Таблица►Объединить ячейки (Ҷадвал►Ячейкаҳоро ҳамҷоя кунед) –ро интихоб намудан лозим аст. Аз ячейка набаромада, ба тугмаи рости муш пахш карда менюи контекстиро фаъол намоед ва аз онОбъединить ячейки-ро интихоб намоед. Дар натиҷа ячейкаҳои қайдкардашуда ҳамҷоя мешаванд.

Ҳисобкуниҳо дарҷадвалиMsWord

Дар барномаиWordбаъзе ҳисобкуниҳо бо формулаҳои содатарини математикӣ ҳал карда мешаванд. Барои осонии кор сутунҳои таблитса бо ҳарфҳои лотинии А, В, С … Z ва сатрҳои он бо рақамҳои 1, 2, 3… ишора карда мешаванд. Номи ячекаи алоҳида бо номи сутун ва сатре вобастагӣ дорад, ки дар буриши онҳо ин ячейка ҷойгир шудааст. Масалан: формулаи =B3+В4 қимати ячейкаҳои B3 (сутуни В-ум: сатри 3-юм) ва В4-ро ҷамъ менамояд ва натиҷаашро дар ячейкае нишон медиҳад, ки ин формула дар он ҷойгир карда шудааст.

Дар таблитсаи зерин миқдори маълумотҳои истеҳсолкардаи хоҷагии деҳқонии «Хоро» дар солҳои 2000-2005 оварда шудааст. Талаб карда мешавад, ки миқдори умумии истеҳсоли маҳсулотҳо ёфта шавад.

Барои он ки барономаиWordдар асоси формула: миқдори умумии истеҳсоли маҳсулотҳоро ҳисоб намояд: бояд дар ячейкахои сутуни охирини таблитса чунин формулаҳо ҷойгир карда шаванд.

Барои иҷрои он курсорро ба хоначаиI3мегузорем ва аз сатри меню

бандиТаблицава дар зерменюи пайдогардида бандиФормула-ро интихоб менамоем. Дар экран равзанаи мубоҳисавииФормулапайдо мегардад (рас. 11.7.). Дар сатри дохилкунӣ формулаҳои=Sum(LEET) оварда шудааст. Бо ёрии ин формула ҳамаи қиматҳои ячейкаҳоро ҷамъ кардан мумкин аст. Бояд мо он формуларо тоза намуда: ба ҷояш ифодаи

=B3 +C3 +C3 +D3 +E3 + F3 + G3-ро дохил намоем ва тугмаиOk– ро пахш кунем. Дар ячейкаҳои боқимондаи сутун низ ин амалиётро такрор менамоем.

Тарзҳои чопкунии матниҳуҷҷатҳо

Азназаргузаронии матниҳуҷчатҳо пеш аз чопи он.Пас аз он ки ҳуҷҷат дар шакли матлуб тайёр карда шуд, метавон онро дар қоғаз чоп кард. Барои айнан шакли саҳифаҳои чопии ҳуҷҷатро дар қоғаз тасаввур карда тавонистан, протсессори Ms Word имконият медиҳад, ки пешакӣ онро дар ҳамон шакл дар экран бинем. Реҷае, ки ин амалиётро дар амал тадбиқ месозад,реҷаи азаназаргузорании матниҳуҷҷат пеш аз чоп ном дорадС Барои дар ин реҷа гузаштан дар лавҳаи асбобҳои Стандартӣ тугмаи Предварительный просмотр (Азназаргузаронии пешакӣ) пахш карда шавад.

Равзанаи азназаргузаронии пешакии матни ҳуҷҷат тақрибан намуди дар расми 11.18. овардашударо дорад.

Тугмаи –Одна страница(Як саҳифа)-и ин равзана барои яклухт дидани саҳифаи ҷории матн ба тугмаи –Несколько страниц(Якчанд саҳифа ) барои дар экран дидани якчанд сахифаи матни ҳуҷҷат хизмат мекунад. Барои пушидани равзанаи ин реҷа аз тумаи Закрыть (Пушидан) истифода бурдан мумкин.

Чопкунии матниҳуҷҷат дар қоғаз. Барои чопи ҳуҷҷат дар принтер, пахши тугмаи Печать-и лавҳаи асбобҳоиСтандартӣкифоя аст. Дар ин ҳол дар принтер тамоми ҳуҷҷат мувофиқи параметрҳои пешакӣ гузошташудаи равзанаиПечатьаз чоп бароварда мешавад.

Агар фақат як ё якчанд саҳифаи ҳуҷҷат чоп карда шавад ва ё тағйир додарни тартиби чоп дар принтер дар назар бошад, ин тугма ёри расонида наметавонад.

Барои ин мақсад ду роҳи аз чоп баровардани ҳуҷҷат мавҷуд аст:

  • пахши тугмаҳои Ctrl+P;
  • истифода силсилафармониФайл→Печать.

Дар ҳар ду ҳолат равзанаи мубоҳисавииПечать кушода мешавад, ки чунин аст:

Рўйхати майдончаиИмя(Ном) –и равзана барои интихоби намуди принтер хизмат мерасонад. Ин рўйхат вақте зарур аст, ки агар компютер дар шабака истифодабарии якчанд принтерро дошта бошад. Тугмаи фармонии Свойства (Хосият) барои бо системаи компютерӣ мутобиқ намудани принтери интихобкардашуда хизмат мерасонад.

Майдончаи Страницы

(Саҳифаҳо) барои муайян кардани қисми чопшавандаи ҳуҷҷат зарур аст. Ин амалиёт ба воситаи калиди он –Все (Ҳамаи саҳифаҳо), Выделенный фрагмент

(Фрагменти ҷудокардашуда), Текущая (Саҳифаи ҷорӣ) ва Номера (Саҳифаҳои рақамӣ), амалӣ гардониданида мешавад. Калиди фаъол – дар дохили доирачааш нуқта дорад. Калидҳо бо пахши тугмаи чапи муш фаъол гардонида мешаванд.

Майдончаи Копии (Нусхаҳо) барои муайянкунии миқдори нусҳои қисми чопшавандаи ҳуҷҷат хизмат мерасонад. Миқдори нусҳаҳо дар росткунҷаи Число копий (Миқдори нусҳаҳо) ба қайд гирифта ва тағйир дода мешаванд. Агар дар ин маврид дар квардратчаи Разобрать по копиям (Ба нусхаҳо ҷудо карда шавад) аломати байрақча √ гузошта шуда бошад, он гоҳ аввал ҳамаи саҳифаҳои нусхаи якуми қисми чопшавандаиҳуҷчат, баъд дуюм ва ғайра чоп карда мешаванд. Дар акси ҳол бошад, аввал ҳамаи нусҳаҳои саҳифаи якуми ҳуҷҷат, баъд дуюм ва ҳоказо чоп карда мешаванд. Дар ин ҳолат саҳифаҳоро дастӣ ба нусҳаҳо ҷудо кардан лозим меояд.

Пас аз муаяйнкунии ҳамаи параметрҳои саҳифаи чопӣ тугмаи ОК –ро пахш кардан лозим аст. Пахши ин тугма амлест, ки принтер бояд матни ҳуҷҷатро чоп намояд.

Саволҳо

  1. Ҷадвал чист?
  2. Ба матни ҳуҷҷат ҷадвалро чи тарз гузоштан мумкин?
  3. Кадом тугмаҳои клавиатура барои аз як сатр ба сатри дигари он гузаштан хизмат мерасонад?
  4. Бо сатру сутунҳои ҷадвал кадом намуди амалиётҳоро гузаронидан мумкин?
  5. Равзанаи хосиятҳои ҷадвал кадом вазифаро иҷро мекунад?
  6. Зарурати дар ҷадвалҳо истифодабарии формулаҳо дар чист?
  7. Сатр, сутун ва ячейкаи ҷадвал чӣ гуна номгузорӣ карда мешавад?
  8. Фармони дохилкунии формулаҳо кадом аст?
  9. Вазифаи реҷаи азназаргузаронии пеш аз ҳуҷҷат аз чӣ иборат аст?
  10. Кадом тарзҳои чопкунии матни ҳуҷҷатро медонед?
  11. Фарқи байни истифодабарии фармони менюи Файл►Печать ва пахши тугмаи дар Лавҳаи таҷҳизотҳои Стандартӣ аз чӣ иборат аст?

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *