Фании Информатика

Воридкунии матн, Нигоҳ доштан ва ҳимояи ҳуҷҷат

Нақша:

1. Ms Word: воридкунииматн. Ҷудокунӣ ва ҷойивазкунии қисми ҳуҷҷат.

3. Сохтан, сабт, азаназаргузаронӣ ва ҳифзи ҳуҷҷат.

4. Буфери мубодила.

MsWord: чиндани матн, Ҷудокунӣ ва ҷойивазкунии қисми ҳуҷҷат

Воридкунии матн бо ёрии таҳриргари Word; хеле осон иҷро карда мешавад. Матни аз клавиатура дохилкардашуда ҳамон замон дар майдони кории равзана намудор мегардад. Мавқеи символи навбатии дохилшавандаро дар экран курсори матнӣ муайян месозад. Курсори матнии Word шакли хати рости вертикалиро дорад. Барои ба абзатс интиҳо бахшидан кифоя аст, ки тугмаи;Enter;пахш карда шавад. Матн аз як сатр ба сатри дигар ба таври автоматӣ мегузарад.

Таҳриркунии матн низ дар Word он қадар душвор нест. Аслан дар раванди дохилкунии матни ҳуҷҷатҳо содир намудани хатогиҳо аз эҳтимол дур; нест. Барои ислоҳ намудани онҳо, пеш аз ҳама мо бояд дар доираи матни ҳуҷҷат курсорро сайр кунонида, онро ба мавқеи лозимии матн гузошта тавонем. Курсор ба мавқеи лозимӣ бо ду тарз гузошта мешавад:

  1. бо ёрии нишондиҳандаи муш.Нишондиҳандаи мушро ба мавқеи лозимии матн гузошта, тугмаи чапи мушро пахш намудан лозим аст;
  2. бо истифодабарии тугмаҳои идоракунии курсор дар клавиатура:

← -барои ба як мавқеъ ба тарафи чап кўчонидани курсор;

→ — барои ба як мавқеъ ба тарафи рост кўчонидани курсор;

↑ — барои ба сатри болоӣ кўчонидани курсор;

↓ — барои ба сатри поёнӣ кўчонидани курсор;

Home — барои ба аввали сатр кўчонидани курсор;

End — барои ба охири сатр кўчонидани курсор;

PageUp — барои ба як; экран ба боло кўчонидани курсор;

PageDn -барои ба як экран ба поён кўчонидани курсор;

Ctrl+Home — барои ба ибтидои матн кўчонидани курсор;

Ctrl+End — барои ба интиҳои матн кўчонидани курсор;

Барои ба матн илова намудани фрагменти (қисми) нав, курсорро ба ҷои зарурӣ оварда, матни навро дохил кардан лозим аст. Барои аз мат соқит сохтани аломатҳои нолозим , аз тугмаҳои зерин истифода мебаранд:

BackSpace — аломати дар тарафи чапи курсорбуда соқит карда мешавад

Del — аломати дар тарафи рости курсорбуда соқит карда мешавад

Ҷудокунӣ ва ҷойивазкунии қисми ҳуҷҷат

Баъди дохил кардани матн онро бояд таҳрир ва қолиббандӣ кард. Пеш аз иҷро кардани амалҳо бояд тарзҳои ҷудокунии матнро донист. Дар Word ҳар гуна фрагменти матнро аз як символ сар карда то тамоми матни ҳуҷҷат ҷудо кардан мумкин аст. Барои ҷудокунии матни ҳуҷҷат ҳам аз имкониятҳои муш ва ҳам аз клавиатура истифода бурдан мумкин аст. Фрагменти ҷудокардашудаи матнро аз қисмҳои дигари матн ба осонӣ фарқ кардан мумкин аст. Одатан ранги фрагменти ҷудокардашуда инверсияи (ивазшавии) ранги қисмҳои боқимондаи матн аст, яъне агар матни ҳуҷҷат бо ранги сиёҳ дар заминаи ранги сафед дохил карда шуда бошад, он гоҳ ранги фрагменти матни ҷудокардашуда – сафед ва ранги заминаи он сиёҳ мегардад. Масалан, ҷумлаи мазкур –фрагменти ҷудокардашуда ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми ҷудокунии матни бо ранги ғайри сиёҳ дохилкардашуда бошад, инверсияи онро Word ба таври автоматӣ муайян менамояд.

Фрагмент –ягон қисми матни ҳуҷҷат аст. Он дар намуди сатрӣ ё росткунҷавӣ дода мешавад.

Фрагменти сатрӣ аз пайдарпайии сатрҳои матн иборат аст. Фрагменти росткунҷавӣ бошад, як қисми мат наст, ки он шакли росткунҷпро дорад.

Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме, ¬ Фрагменти сатри

Ғулғули Сомониён ояд ҳаме.

Бар Душанбе-пойтахти тоҷикон, ¬ Фрагменти

Тахти бахти тоҷикон ояд ҳаме. Росткунҷавӣ

Тарзи ҷудо намудани фрагменти сатри бо ёрии клавиатура чунин аст:

  1. Курсорро ба ибтидои сатри якуми фрагмент мегузорем;
  2. Тугмаи F8 -ро пахш менамоем;
  3. Бо ёрии тугмаҳои идоракунии курсор фрагментро ҷудо мекунем.

Фрагменти сатриро бо ёрии муш тезтар ҷудо кардан мумкин аст. Бо ин мақсад нишондиҳандаи мушро ба ибтидои сатри якуми фрагмент мегузорем ва тугмаи чапи мушро пахшкунон нишондиҳандаашро то сатри зарурӣ ба самти поён мелағжонем. Ҷудокуниро аз сатри охирини охирони фрагмент низ сар кардан мумкин аст.

Барои бекор намудани амали ҷудокунии фрагмент тугмаи Esc-ро дар клавиатура ё тугмаи чапи мушро берун аз ҳудуди фрагменти ҷудокардашуда; пахш намудан лозим аст.

Сохтан, сабт, азаназаргузаронӣ ва ҳифзи ҳуҷҷат

Барои сохтани ҳуҷҷати нав дар MsWord се усули асосӣ мвҷуд аст:

  • ба тугмаи Ctrl+N пахш намудан;
  • дар лавҳаи асбобҳои Стандартӣ;ба тугмаи Создать пахш кардан;
  • дар менюи Файл банди Создать-ро интихоб намудан.

Ҳангоми барномаи Ms Word –ро ба кор даровардан, дар равзана саҳифаи варақи тоза пайдо мешавад ва система ба он номи муваққатии Документ1-ро медиҳад. Баъди дохил намудани матн мо метавонем; онро сабт намуда, ба он номгузори кунем. Номгузории ҳуҷҷатро дар таҷҳизоти нигоҳдорӣ Файл меноманд.

Ms Word имконият медиҳад, ки якчанд намуди ҳуҷҷатҳо сохта шаванд:

Новый документ;(ҳуҷҷати нав),;XML-документ;(XML-ҳуҷҷат),;Веб –страница;(Веб-ҳуҷҷат),Из имеющегося документа;(Аз ҳуҷҷати мавҷудбуда), аз устои;Шаблоны;(қолабҳо) истифода бурда якчанд намуди ҳуҷчатҳоро сохтан мумкин аст, ба монанди маълумотнома дар бораи худ (резюме), тақвим, хабарнома, забонхат (записка), ҳисобот, лифофа (конверт), китобча (брошюра) ва ғайра.

Барои сохтани ин намуди ҳуҷчатҳо аз менюи Файл банди Создать-ро интихоб намудан мумкин аст. Дар тарафи рости равзанаи барнома, равзанаи Создание документа (сохтани ҳуҷҷат)пайдо мешавад, ки чунин аст: (рас. 7.7.)

Барои сохтани ҳуҷҷати нав, банди Новый документ-ро пахш мекунем, дар равзана саҳифаи варақи тоза пайдо мешавад.

Шаблон чист? дар зери мафҳуми шаблон дар Ms Word файли махсуси қисми .DОТ доштаро меноманд, ки тамоми маълумот оид ба намуди беруна ва элементҳои форматиронии ҷузъҳои ҳуҷҷатро худ дорад. Яъне-шаблонҳо ин қолаби ҳуҷҷат, ки; бе Равзанаи сохтани сарфаи вақти зиёдатӣ ба таври худкор сохта мешаванд.ҳуҷҷати нав

Истифодаи шаблон. Барои сохтани ҳуҷҷат бо истифода аз қолабҳо, банди На моем компютере -ро пахш менамоем (рас. 7.7.), равазанаи;Шаблоны;пайдо мешавад, ки аз якчанд қабатҳо; иборат аст. Аз қабатҳо истифода бурда ҳуҷҷати ба худ лозимро месозем. Масалан, барои сохтани маълумотнома дар бораи худ (резюме), аз равзанаи Шаблоны менюи Другие документы-ро интихоб менамоем, аз равзанаи пайдошуда

; Инчунин барои сохтани ҳуҷҷати нав аз лавҳаи таҷҳизотҳо нишонаи Создать ё пахши тугмаҳои тезамал Ctrl+N(new-нав);истифода бурдан мумкин аст.;

Файл-баъди сохтани ҳуҷҷат лозим меояд, ки онро номгузорӣ кард, номгузории ҳуҷҷатро дар барнома;Файл;меноманд

Сабти файли ҳуҷҷат дар диск ва ба экран баровардани он

Пас аз қисман ё пурра дохил намудани матни ҳуҷҷат онро дар диск сабт намудан зарур аст. Агар ин амалиёт иҷро карда нашавад, он гоҳ дар лаҳзаи дилхоҳ хавфи аз компютер гум шудани матни дохилкардашуда вуҷуд дошта метавонад. Матни ҳуҷҷат дар шакли файл бо ягон ном дар хотира нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми таҳриркуниҳои навбатии файл, онро аз хотира бо ёрии номи сабткардашуда ёфтан ва ба кор даровардан мумкин аст.

Якчанд усулҳои сабткунии матни ҳуҷҷатҳо вуҷуд доранд. Агар матнро бори аввал сабт карда истода бошем, он гоҳ кифоя аст, ки дар Лавҳаи таҷҳизотҳои стандартӣ (Стандартная) тугмаи Сохранить-ро пахш намоед. Дар натиҷа дар экран равзанаи робитавии Сохранение документа (Сабткунии ҳуҷҷат) пайдо мешавад. Дар ин равзана номи файл, папка ва диске, ки дар онҳо ин файл нигоҳ дошта мешавад, инъикос меёбад.

Барои интихоб намудани диски зарурӣ бо ёрии майдончаи Папка-и равзана рўйхати дискҳо ва папкаҳои компютерро кушодан лозим аст. Ба воситаи муш аз рўйхати дискҳо номи диск ва аз майдони нишонаҳои папкаҳо папкаи заруриро интихоб менамоем. Барои ба папкаи волидайни гузаштан аз тугмаиистифода бурдан лозим аст. Папка ё зерпапкаҳо бо пахши дукаратаи муш кушода мешавад.

Тарзи ҷойгиршавии папкаҳои дискро дар майдони нишонаҳои папкаҳо бо ёрии тугмаиидора кардан мумкин аст. Агар мо хоҳем файламон дар папкаи нав нигоҳ дошта шавад, он гоҳ чунин папкаро ба воситаи тугмаисохта метавонем. Пас аз интихоби номи папка, дар майдончаи Имя файла (Номи файл);номи файлро дохил кардан мумкин аст. Системаи Windows дар ин майдонча ба сифати номи файл ҷумлаи якуми матни ҳуҷҷатро пешниҳод мекунад. Истифодабаранда бошад, дар майдонча мувофиқи хоҳиши худ метавонад барои файл номи муносибро интихоб намояд. Пас аз дохилкунии номи файл тугмаи(Сабткунӣ) –ро пахш намудан зарур аст. Дар натича матни ҳуҷҷат бо номи интихобкардашуда дар диск нигоҳ дошта мешавад.

Реҷаҳои азназаргузаронии матн;

Ҳуҷҷати таҳриршавандаро дар Word бо ёрии реҷаҳои гуногун аз назар гузаронидан мумкин аст, ки ҳар кадомашон нисбат ба дигар реҷаҳо бартарӣ ва камбудии худро доранд. Аслан чор реҷаи азназаргузаронии матни ҳуҷҷатҳо мавҷуд аст: Муқаррарӣ (Обчный) Саҳифаченкунӣ(Разметка страницы) Сохторӣ (Структура) Ҳуҷҷати электронӣ (Web-документ).

Аз як реҷа ба реҷаи дигари азназаргузаронӣ ба воситаи пахши тугмаҳои дар қисми поёнии чапи равзанаи ҳуҷҷат (сатри Тасмаҳои тобдиҳии горизонталӣ) овардашуда гузаштан мумкин аст. Намуди тугмаҳои реҷаҳо бо баъзе тугмаҳои лавҳаи таҷҳизотҳо хеле шабоҳат доранд. Онҳоро аз ҳамдигар ба воситаи вазифаҳошон ва мавқеи ҷойгиршавиашон фарқ кардан мумкин аст. Аз як реҷа ба дигар реҷа гузаштанро ҳамчунин бо ёрии фармонҳои банди Вид (Намуд) –и менюи Word иҷро кардан мумкин аст.

Реҷаи Муқаррарӣ (Обчный) барои иҷрокунии қисми асосии кор –дохилкунӣ, таҳриркунӣ ва қолиббандии матни ҳуҷҷат хеле қулай аст. Дар ин реҷа суръати кори Word нисбат ба дигар реҷаҳо тезтар аст. Ба воситаи ин реҷа қариб ҳамаи намудҳои қолиббандии матнро дидан мумкин аст.

Реҷаи Саҳифаченкунӣ (Разметка страницы) саҳифаҳои ҳуҷҷат дар экран он гунна инъикос карда мешаванд, ки гуё онҳо дар қоғаз чоп шуда бошанд. Дар ин реҷа тамоми намудҳои қолиббандии матнро баръало дидан мумкин аст.

Сохторӣ (Структура) барои азназаргузаронӣ, сохтан ва тағйир додани сохтори ҳуҷҷат хизмат мерасонад. Сохтори ҳуҷҷат ин тарзи ҷойгиршавии қисмҳо ва зерқисмҳои ҳуҷҷат мебошад. Масалан, сарлавҳаҳои бобҳои китоб ва параграфу зерпараграф хои он бо ҳамроҳии қисми матне, ки ба онҳо таалуқ доранд, сохтори китобро ташкил медиҳанд.

Иерархияи сарлавҳаҳои китоби дилхоҳро дар мундариҷаи китоб дидан мумкин аст. Ба воситаи имкониятҳои ин реҷа ба экран танҳо сарлавҳаҳоро бароварда, матнеро, ки ба онҳо таалуқ дорад, муваққатан пинҳон кардан мумкин аст. Ҳамчунин тартиби дараҷаи сарлавҳаҳоро зиёду кам карда, бандҳои онро ба зербандҳо ва зербандҳоро ба бандҳо табдил додан мумкин аст. Дар мавриди аз як мавқеи ҳуҷҷат ба ба мавқеи дигари он кўчонидани сарлавҳаҳо ба таври автоматӣ ҳамаи зерсарлавҳаҳои ин сарлавҳа бо ҳамроҳии матнҳояшон ба мавқеи нав мекучанд.

Реҷаи Ҳуҷҷати электронӣ (Web-документ) барои аз экран хубтар хондани матни ҳуҷҷат пешбинӣ карда шудааст. Ҳуҷҷатҳои электрониро ба воситаи шабакаҳои компютерӣ интиқолшаванда маҳз дар ҳамин реҷа нигоҳ дошта мешаванд. Дар ин реҷа мафҳуми қолиббандӣ маънои аслии худро гум мекунад.

Ҳифзи ҳуҷҷат

Ms Word имконият медиҳад, ки ҳуҷчати сохташуда ҳифз карда шавад. Ҳар як истифодабаранда метавонад ҳуҷҷати сохтаашро парол монад то истифодабарандагони дигар кушода ва истифода бурда натавонанд. Барои ҳифзи ҳуҷҷат чунин амалҳоро иҷро намудан мумкин:;;

Роҳи якум

  1. аз менюи Файлбанди Сохранить как….-ро интихоб менамоем, равзанаи Сохранение документа пайдо мешавад (рас.8.1.)
  2. аз равзанаи пайдошуда, банди Сервис-ро пахш мекунем;
  3. зерменю пайдо мешавад, ки аз якчанд банд иборат аст.
  4. банди Параметры безопасности-ро интихоб менамоем;
  5. равзанаи Безопасностьпайдо мешавад, дар майдончаи;пароль для открытия файла (парол барои кушодани файл) ва пароль разрешения;
  6. тугмаи ОК-ро пахш мекунем.

Роҳи дуюм

  1. аз менюи Сервис банди Параметры-ро интихоб менамоем равзанаи Параметры кушода мешавад, ки аз якчанд менюи қабати иборат аст;
  2. аз равазанаи пайдошуда менюи Безопасность-ро интихоб менамоем;
  3. амалиётҳои дар боло гуфташударо иҷро мекунем.

Буфери мубодила

Дар Word амалиёти нусхабардорӣ, ҷойивазкунӣ ва несткунии матн ва фрагментҳои онро бо тарзҳои гуногун иҷро намудан мумкин аст яке аз тарзҳои хеле қулайи; иҷрокунии ин амалиёт истифодабарии буфери мубодила мебошад.Буфери мубодила (Буфер обмена) – ин қисми махсуси хотираи фаврии компютер мебошад, ки дар он ахборот муваққатан нигоҳ;дошта мешавад.;Ахбороти дар буфери мубодила бударо якчанд маротиба аз нав истифода бурдан мумкин аст. Ҳангоми ба буфери мубодила равон намудани ахбороти нав ахбороти пешинаи он нест мешавад. Ҳамчунин буфери мубодила имконият медиҳад, ки ахбороти ба воситаи як барнома сохташударо барномаи дигар истифода барад. Ҳами тавр, барномаҳо метавонанд байни худ мубодилаи ахборотро барқарор намоянд.

Барои фаъол намудани майдони масъалаи Буфери мубодила (Буфер обмена) аз чунин роҳҳо итсифода бурдан мумкин:

  • аз менюи Правка;(Таҳриркунӣ) интихоби банди Буфер обмена Office;
  • пайдо мешавад, аз равзанаи пайдошуда банди Буфер обмена-ро интихоб мекунем,
  • бо истифодаи тугмаҳои тезамал Ctrl+C .

Баъди фаъол намудани Буфери мубодила равзанаи он дар майдони масъала пайдо машавад, ки аз чунин қисмҳо иборат аст:

  1. Сатри сарлавҳа- дар тарафи чап навиштаҷоти Буфер обмена (2 из 24)- хотираи Буфери мубодила то 24 объектро нигоҳ дошта метавонад. Дар тарафи рост тугмаҳои ба дигар масъала гузаштан ва хомушкунии Буфери мубодила;
  2. Лавҳаи таҷҳизотҳо- тугмаҳои Ба қафо (Назад),Ба пеш (Вперед),Саҳифаи хонагӣ(Домашная страница);
  3. Тугмаҳои Ҳамашро гузоштан,
  4. Ҳамаашро нест кардан
  1. МайдониОбъекти гузоштамешудагиро интихоб кунед (Выбирите вставляемые объекти):

Барои бо буфери мубодилаи Word кор кардан тугмаҳои Лавҳаи таҷҳизотҳои стандартӣ хизмат мерасонанд. -Хориҷкунӣ ба буфер (Вырезать -Удалить в буфер), -Нусхакунӣ ба буфер (Копировать в буфер), — Гузоштан аз буфер (Вставить из буфера).

  • Пахши тугмаи фрагменти ҷудокардашударо аз матн нест менамояд ва онро ба буфери мубодила ҷойгир мекунад;
  • Пахши тугмаи нусхаи ҷудокардашудаи матнро ба буфери мубодила равон мекунад;
  • Пахши тугмаи — фрагменти дар буфер маҳфузбударо ба мавқеи қайдкардашудаи матн мегузорад.

Амалиёти номбурдаро бо ёрии фармонҳои бандҳо менюи Word Правка низ иҷро намудан мумкин аст.

  1. ба буфер равон кардани фрагмент. Аз менюи барномаи банди Правка (Таҳрир);ва дар зерменюи пайдогардида фармони Вырезать (Буридан);–ро интихоб менамоем.
  2. ба буфер нусхабардорӣ намудани фрагмент. Аз менюи барномаи банди Правка (Таҳрир);ва дар зерменюи пайдогардида фармони Копировать (Нусхабардорӣ)–ро интихоб менамоем.
  3. аз буфер бозгирифтани фрагмент ва ба ягон мавқеи матн гузоштани он. Курсорро ба мавқеи лозимии матн гузошта, аз менюи барнома банди Правка (Таҳрир) ва дар зерменюи пайдогардида фармони Вставить (Гузоштан) –ро интихоб менамоем.
  4. аз матн хориҷ намудани фрагмент. Пас аз ҷудо намудани фрагмент тугмаи Del— ро дар клавиатура пахш менамоем.

Ҳамаи амалиёти гуфташударо бевосита бо ёрии имкониятҳои клавиатура ва муш ҳам иҷро кардан мумкин аст. Масалан, пахши тугмаҳои;Ctrl+Ins;амалиёти нусхабардории ахборот ба буфер Shift+Ins–аз буфер гирифтани ахборот Shift+Del-несткунии ахборот аз матн ва ба буфер равон кардани онро иҷро мекунанд.

Саволҳои санҷишӣ

  1. Кадом усулҳои кушодани файли ҳуҷҷатҳо мавҷуданд?
  2. Оё дар протсессори Word дар як вақт бо якчанд ҳуҷчат кор кардан мумкин аст?
  3. Банди;Окно-и менюи Word кадом функсияро иҷро мекунад?
  4. Дар Word чанд реҷаи азназаргузаронии матни ҳуҷҷатҳо мавҷуд аст? Онҳо чӣ ном доранд?
  5. Вазифаи масштаб аз чӣ иборат аст? Масштабро чи тавр тағйир додан мумкин аст?
  6. Кадом усулҳои аз як қисми матни ҳуҷҷат ба дигар қисмҳои он гузаштанро медонед?
  7. Дар равзанаи ҳуҷҷати Word нишондиҳандаи муш кадом шаклҳоро гирифта метавонад? Ҳангоми кадом шакли нишондиҳандаи муш курсорро аз як мавқеъ ба мавқеи дигар кўчонидан мумкин аст?
  8. Буфери мубодила чист?
  9. Дар буфери мубодила то чанд объектро нигоҳ доштан мумкин?
  10. Кадом усулҳои нусхабардорӣ, ҷойивазкунӣ ва соқиткунии фрагменти матнҳоро медонед?
  11. Кадом банди менюи Word барои гузаронидани амалиёти нусхабардорӣ, ҷойивазкунӣ ва соқиткунии фрагменти матнҳо пешбинӣ шудааст?
  12. Чи тавр фрагменти матнро аз як мавқеъ ба дигар мавқеи матни ҳуҷҷат кўчонидан мумкин аст?
  13. Кадом вақт аз тугмаҳоива истифода бурдан мумкин аст?

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *