Фании Информатика

Ба кор даровардани компютер. Мизи кори ва заставка

  1. Филтри барки ба кор дароварда мешавад;
  2. Монитор ба кор дароварда мешавад (агар дар холати кори бошад, онро бетагйир мемонанд);
  3. Блоки системавиро ба кор медароранд;

Пас аз ин, чараёни ба кор даромадани компютер огоз меёбад (загрузка) ва чарогаки поёнии блоки системави бо ранги сурх фурузон мешавад. Пас аз ин, то пайдо шудани Мизи кори (ниг. ба поён) интизор мешаванд. Пас аз пайдо шудани Мизи кори ва нест шудани рамзи компютер ба кор омода мешавад.

Мизи кори

Мизи кори (Рабочий стол)– ин намуди экран мебошад, ки пас аз пурра ба кор даромадани компютер пайдо мешавад:

Намунаи Мизи кори

Мизи кори аз чунин кисмхо иборат аст:

  1. ТугмачаиПуск –аз он тамоми корхо огоз меёбанд;
  2. РамзиМой компьютер– барои кор бо файлхо ва папкахо;
  3. РамзиКорзина– дар ин чо, файлхои хоричшуда, нигох дошта мешаванд;
  4. Нишондихандаизабонхо(Ru, En) – забони кори барномахоро нишон медихад;
  5. НишондихандаиСоат– вакти чориро нишон медихад;
  6. Лавхаи масъалахо(Панель задач) – дар ин чо, рамзи программахои коркардаистода чойгир мешаванд;
  7. Рамзхоипрограммахо, файлхо ва папкахо– барои зуд дастрас намудани файлхо, папкахо ва барномахои тез-тез лозимшаванда;
  8. Зеррасми Мизи кори (Фон Рабочего стола)– барои оро додани намуди зохирии экран.

Тагйирдихии Зеррасми Мизи кори

Пеш аз хама, бо ёрии мушак тагйир додани Зеррасми Мизи кориро дида мебароем. Барои ин, дар чои холии Мизи кори тугмачаи рости мушакро пахш кунед ва аз зерменюи пайдошуда банди «Свойства»-ро интихоб кунед. Дар натича оинаи муоширатии «Свойства: Экран» кушода мешавад:

Агар, дар руйхати зеррасмхо (1) дигар расм интихоб шуда, тугмачаи Ok (2) пахш карда шавад Зеррасми Мизи кори дигар мешавад.

Дар кисми «Поместить» (3) имконияти ба мобайн, ба тамоми экран ва зиёд намудани микдори тасвирхо мавчуд аст.

GЁдрас мекунем, ки Зеррасми Мизи кори танхо барои оро додани намуди зохирии экрани компютер лозим буда, ба кори компютер ягон таъсир намерасонад.

Мафхуми Заставка ва тарзхои тагйирдихии он

Заставка (хранитель экрана, скринсейвер) – ин тасвири динамики мебошад, ки хангоми дар мудаати муайян бекор мондани компютер дар экрани он пайдо мешавад:

Намунахои Заставкахо

GЗаставкахо бояд ду вазифаро ичро намоянд:

  1. Хангоми пайдоиши Заставка маълумотхои экрани компютери шумо аз чашми дигарон панох мешаванд;
  2. Хангоми пайдоиши Заставка экрани монитор дам мегирад.

Барои тагйирдихии Заставка аз оинаи муоширатии «Свойства: Экран» кисми Заставка-ро интихоб мекунанд:

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *