Фании Информатика

Web – саҳифаҳо

Яке аз хидматҳои Интернет, ки аз ҳама маъмултар аст, Word Wide Web (мухтасар ё бештар вақт содда карда Web мегӯянд, тарҷумааш – «анкабути умумиҷаҳонӣ») ба ҳисоб меравад. Ахборе, ки дар Интернет ба шакли формати ин хидмат дарҷ шудааст, ба намуди Web саҳифаҳо тасвир карда мешавад. Web саҳифаҳо ҳуҷҷатҳои маҷмӯавие мебошанд, ки онҳо аз ҳар гуна маълумоти намуди матнӣ, графикӣ, овозӣ ва видео иборат буданашон мумкин аст.

Қабули Web саҳифаҳо аз Интернет ва тасвири онҳо дар экран ба воситаи барномаҳои махсуси муоинаи Web саҳифаҳо ба амал оварда мешавад. Ин гуна барномаҳо броузерҳо номида мешаванд. ҳоло броузерҳои Netscape Navigator ва Microsoft Internet Explorer маъмуланд. Фирмаи Microsoft Internet Explorer 4.0 – ро ба сифати воситаи стандартии муоинаи Web ба системаи амалиётии Windows 98 дохил кардааст. Аз ин пас, варианти системаи амалиётӣ броузер неву шореҳи Web номида мешавад. Вазифаи асосии шореҳ бакорандозии Web саҳифаҳо аз Интернет ва тасвири онҳо дар экран аст. Мавrеи ҷойгиршавии Web – саҳифаҳои зарурӣ бо адреси URL муайян карда мешавад.

Microsoft Internet Explorer бо ёрии менюи асосӣ ба кор андохта мешавад.

Панели таҷҳизотҳои Microsoft Internet Explorer – ро шартан бо се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст:

I. Ин гурӯҳи тугмаҳо барои идоракунии самтгирӣ хидмат мекунанд.

Тугмаҳои ин гурӯҳ барои гузаштан ба саҳифаи пешина ва баъдинаи Web –

саҳифаҳо, барои қатъ кардани бакорандозии саҳифаҳо ё таҷдиди ахбори дар он ҷо тасвирёфта хидмат мекунанд. Ба онҳо фармонҳои менюи Переход ва баъзе фармонҳои менюи Вид мувофиқ меоянд.

II.Ин гурӯҳи тугмаҳо барои ҷустуҷӯи ахбори зарурӣ дар Интернет, бозгашт ба яке аз саҳифаҳои ба наздикӣ муоинашуда хидмат мекунанд. Онҳо имкон медиҳанд, ки намуди нави Web – гиреҳҳо, ки каналҳо номида мешаванд, мавриди истифода қарор гиранд. Тугмаҳои ин гурӯҳоро бо ёрии командаи « ВидПанель обозреватель» кушодан мумкин аст.

III. Ин гурӯҳи тугмаҳо барои иҷрои тайиноти хидматӣ кор фармуда мешаванд: аз рӯи фармони «Вид Во весь экран» ба тамоми экран гузоштан мумкин аст; аз рӯи фармони «Переход Почта» хабарро ба воситаи почтаи электронӣ ирсол кардан мумкин аст; аз рӯи фармони» «ВидШрифты» метавон ҳуруфро иваз кард; аз рӯи фармони «ФайлПечать» —- саҳифаҳоро дар қоғаз чоп кардан мумкин аст.

Ҷустуҷӯи ахбор дар Интернет

Кори системаи ҷустуҷӯӣ дар се зина мегузарад. Дар зинаи якум вай захираҳои ҷаҳонии Web – ро нусхабардорӣ мекунад ва дар сервери худ образҳои ҳамаи саҳифаҳои ташрифшударо ҷамъ намуда массиви ахборҳоро ташкил медиҳад. Дар зинаи дуюм массиви мазкур ба тартиб андохта мешавад, яъне онро тарзе табдил медиҳад, ки аз он зарурияти мизоҷ ба осонӣ ҷудо карда мешавад. Ин зина – зинаи идентификатсия номида мешавад. Дар зинаи сеюм системаи ҷустуҷӯи дархости мизоҷро қабул карда мебинад, ки кадом калимаҳои асосӣ дар дархост истифода шудаанд. Дар мавриди зиёд будани чунин ҳуҷҷатҳо онҳоро ба навъҳо ҷудо мекунад.

Системаи ҷустуҷӯӣ ахборро ба тарзҳои автоматӣ ва дастӣ ҷамъ мекунад. Тарзи дастӣ барои каталогҳои ҷустуҷӯӣ хос аст. Тарзи дастӣ нисбати автомати аз ҷиҳати сифат манфиатнок аст, чунки мутахасиссони ботаҷриба бо як дидан захираҳои қиматбаҳо ва фоиданокро ҷудо карда, имконияти ба каталог даровардани онҳоро соҳибанд. Камбудии тарзи дастӣ он аст, ки он заҳматталаб буда барои таснифи ҳуҷҷатҳо вақти зиёд сарф мешавад.

Принсипи кори тарзи автоматӣ аз тарзи дастӣ фарқ мекунад. Он ба шабака аз ягон адрес сар карда, барнома – кирм – ро ба кор меандозанд. Кирм ҳуҷҷати дар ин адрес мавҷудбударо ба сервер – система нусха мебардорад. ҳуҷҷатро муоина карда, «кирм» гиперссылка – ҳои гузаштаро ёфта, аз рӯи он ба ҳуҷҷатҳои нав мегузарад ва ин робита такрор шудан мегирад. Барнома оҳиста – оҳиста бо ҳар як давр чуқуртар даромадан мегирад. Чӣ қадаре ба таркиби Web – саҳифа «кирм» бисёртар дохил гардад, вай ҳамон қадар адресҳои навро барои ташриф меёбад. ҳар як системаи ҷустуҷӯи дорои «кирм» — и нодир буда, ба он номи ба худаш хос медиҳад.

Барои ҷустуҷӯӣ ахбори зарурӣ дар Интернет серверҳои ҷустуҷӯии махсус мавҷуд аст ва аз рӯи принсипи амалкунӣ ба ду намуд ҷудо мешаванд: каталогҳои ҷӯстӯҷуӣ ва индексҳои ҷӯстӯҷуӣ.

Каталогҳои ҷустуҷӯи барои ҷустуҷӯӣ мавзӯӣ пешбинӣ шудааст. Ахбор дар ин серверҳо аз рӯи мавзӯъҳо ва мавзӯъчаҳо ҷудо карда мешавад.

Индексҳои ҷустуҷӯӣ ҳамчун феҳрасти алифбо кор мекунанд. Дар мавриди дода шудани калима ё гурӯҳи калимаҳо системаи ҷустуҷӯӣ рӯйхати истинодро ҳосил мекунад, ки Web – саҳифаҳои истилоҳҳои нишондодашударо доранд. Серверҳои Aita Vista (aitavista.digital. com) ва Апорт! (www.aport.ru) бештар маъмул аст.

Имконияти ҷамъкунии ахборро серверҳои классификатсионии махсус медиҳад. Дар онҳо ҳазорҳо истинод ба захираҳои Интернет мавҷуданд, ки ҳам аз рӯи мавзӯъ ва ҳам аз рӯи мазмун тасниф карда шудааст. Барои ҳар дафъа истифода бурдани истинод ҳисобкунаки муроҷиат кор мекунад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *