Фании Информатика

Таърихи мухтасари пайдоиши Интернет

Шабака чист? Аз ду ва зиёда пайвастшавии компютерҳо байни ҳам аз ҷиҳати физикӣ шабака номида мешавад. Шабакаҳои компютерӣ ду намуд мешавад: шабакаҳои локалӣ-шабакаҳои хурд ва глобалӣ-калон. Шабакаҳои хурдро дар синфхонаҳо, оффисҳо ва байни биноҳо мегузаронанд. Шабаки глобалӣ шабакаҳои калон ба монанди Интернет, почтаи электронӣ ва uайра ба шумор мераванд. Дар замони ҳозира тарзи rулайи доду гирифти ахборҳои гуногун-истифодаи шабакаи компютерии умумиҷаҳонӣ-Интернет мавҷуд аст. Интернет ба истифодабарандагони худ имкониятҳои хеле калонро фароҳам меоварад. Бо компютери шахсии худ муштарии Интернет метавонад: феҳрасти китобҳоро доир ба техналогияҳои компютерӣ дар китобхонаи Ню-Йорки ИМА вараr занад; дар клубҳои мубоҳисавии байналхалrӣ ширкат варзад; ба хешу таборонаш, ки дар Ялта истироҳат мекунанд, мактуб фиристонад ва uайра.

Намунаи шабакаи Интернет охирҳои солҳои шастум бо фармоиши Вазорати мудофиаи ИМА ташкил ёфтааст. Дар он замон миrдори компютерҳои тавоно на он rадар зиёд буданд. Барои гузаронидани тадrиrоти илмӣ зарурати истифодаи олимони сершумор ба миён омад. Вазорати мудофиа шарт гузошт, ки шабака дар мавриди аз кор баромадани ягон rисмаш корашро давом дода тавонад. Аз ин лиҳоз, эътимоднокии баланд дар ваrти ташкилёбии он гузошта шуда буд.

Рeзи таввалуди Интернетро 2-юми январи соли 1969 ҳисобидан мумкин аст. Дар ин рeз идораи тадrиrоти перспективӣ, ки яке аз шeъбаҳои Вазорати мудофиаи ИМА ба ҳисоб мерафт, корро оид ба лоиҳаи алоrаи компютерҳои ташкилотҳои мудофиавӣ сар карда буд. Дар натиҷаи тадrиrот шабакаи ARPANET ташкил шуд, ки минбаъд ба Интернет табдил ёфт. Зинаи навбатӣ дар инкишофи Интернет ташкилёбии шабакаи фонди илмии Миллии ИМА мебошад. Шабака бо номи NSFNET марказҳои илмии ИМА-ро муттаҳид менамуд. Дар ин давра асоси шабакаро панҷ суперкомпютер, ки бо ҳам бо хати алоrаи суръаташон баланд пайваст буданд, ташкил медод. Истифодабарандагони боrимонда ба ин шабака пайваст шуда, имкониятҳои онҳоро истифода бурда метавонистанд. Шабакаи NSFNET ба зудӣ ҷои ARPANET – ро ишuол кард. Соли 1990 шабакаи ARPANET тамоман барҳам хурд. Инкишофи шабакаҳо аз нав ташкилёбии онҳоро талаб мекард. Соли 1987 шабакаи NSFNET Bacbon ташкил ёфт, ки rисми асосиаш аз 13 маркази бо ҳам таввасути хатҳои алоrаи суръаташон баланд пайвастбуда иборат буд. Марказҳои мазкур дар ноҳияҳои гуногуни ИМА ҷойгир шуда буданд. Ба ҳамин тариr, шабакаи Интернет дар ИМА пайдо шуд. Дар як ваrт шабакаҳои миллӣ дар дигар мамлакатҳои ҷаҳон пайдо шудаанд. Шабакаҳои компютерии мамлакатҳои гуногун муттаҳидшаванда шуданд ва солҳои 90-ум Интернет ба намуди ҳозирааш пайдо гашт. ҳоло Интернет ҳазорҳо шабакаи гуногуни дар тамоми чаҳон ҷойгиршударо муттаҳид мекунад. Аз он миллионҳо одамон истифода мебаранд. Роли Интернет дар замони мо торафт меафзояд.

Дар Тоҷикистон Интернет солҳои охир пайдо шудааст. Аввал бисёр истифодабарандагони он танҳо бо мактубҳои электронӣ сарукор доштанд. ҳоло бошад, тамоми имкониятҳои он истифода мешаванд.

Ба кор омода сохтани шабакаи Интернет

Барои ба кор омода сохтани шабакаи Интернет чунин рафтор мекунем:

1.Аз мизи кори Windows нишонаи зеринро интихоб карда мушро пахш мекунем, равзанаи дар расми 91.1 буда пешниҳод мешавад.

Расми 1.Равзанаи кории шабакаи Интернет

2.Дар сатри «Адрес:» номи сайтеро, ки барои мо зарур аст, менависем. Масалан, номи сайти барномаи ВЕСТИ-и Ҷумҳурии Россияро «http://www.vesti.ru/» навишта тугмачаи enter-ро пахш мекунем, равзанаи дар расми 91.2 буда пешниҳод мешавад. Дар ин равзана ахборҳои барнома дар расмҳо пешниҳод шудааст. Ин натиҷаи ҳосил кардаи мо мебошад.

Бо ҳамин тарз сайтҳои даркорӣ аз шабакаи Интернет дарёфт карда мешавад.

Расми 91.2

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *