Моҳият ва аҳамияти пешбурди суръатнок
Бо қабул гардидани Кодекси мурофиавии ҷиноятии нав дар мурофиаи ҷиноятии Тоҷикистон институти нави ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ – пешбурди суръатнок ҷорӣ гардид, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ шаклҳои гуногуни он вуҷуд дошта, бо номҳои пешбурди соддашуда, пешбурди кутоҳшуда, пешбурди суръатнок ва монанди инҳо амал мекунад. Чунончӣ, дар ИМА ва давлатҳои Аврупои Ғарбӣ шакли соддакардашудаи пешбурди судӣ бо номи «ахди иқроршавӣ ба гуноҳ» амал мекунад, ки он ба марҳилаҳои тосудӣ, яъне тафтишоти пешакӣ низ татбиқ мешавад. Ахди иқроршавӣ ба гуноҳ ин созишномае мебошад, ки тавассути он тарафи айбдоркунанда ва ҳимоя дар бораи ҳал шудани парванда, аз ҷумла бандҳои айбдоркунӣ ба созиш меоянд, ки тибқи он айбдоршаванда худро гунаҳкор ҳисоб мекунад[1].
Мутобиқи қонунгузорӣ ва дар амалияи Германия, Италия, Франсия айбдоршавандае, ки ҷиноятҳои муайяни на он қадар вазнин содир кардааст, фавран ба суд дода мешавад.
Дар баъзе давлатҳо тартиби соддакардашудаи пешбурди парванда на дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ, балкӣ дар содда кардани тафтиши судӣ пешбинӣ шудааст. Масалан, дар моддаи 237 КМҶ Ҷумҳурии Беларус муқаррар шудааст, ки суд ҳуқуқ дорад, дар баъзе ҳолатҳо, баъд аз пурсиши айбдоршаванда, танҳо бо таҳқиқи далелҳое, ки тарафҳо зарур мешуморанд маҳдуд шавад ё ҳангоми ба гуноҳи худ иқрор шудани айбдоршаванда ва бо розигии тарафҳо, тафтиши судиро ба охир расида эълон карда ба музокираи судӣ гузарад. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Беларус дар сурати мавҷуд будани шартҳои зерин гузаронидани муҳокимаи судии суръатнок пешбинӣ шудааст: айбдоршаванда ба гуноҳи худ иқрор шавад; иқрор шудани айбдоршванда ба гуноҳи худ боиси баҳси байни тарафҳо нагардад ва суд ба он шубҳа надошта бошад.
Мавриди зикр аст, ки тибқи моддаи 310 КМҶ ҶТ низ тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ муқаррар шудааст. Мутобиқи ин тартиб ҳангоми ба гуноҳаш иқрор шудани судшаванда, ки аз ҷониби тарафҳо мавриди баҳс қарор нагирифтааст ва судро низ таҳти шубҳа намегузорад, суд, судя бо мувофиқаи тарафҳо баъди аз судшаванда муқаррар кардани он, ки оё эътирофи ӯ маҷбурӣ нест, ҳуқуқ дорад, танҳо бо таҳқиқи далелҳое маҳдуд шавад, ки тарафҳо онҳоро зикр кардаанд ё тафтиши судиро хатмшуда эълон карда, ба музокираи судӣ гузарад.
Гузаронидани мурофиа бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ танҳо дар асоси дархости судшаванда, ки бо ризои айбдоркунандаи давлатӣ ё хусусӣ ва ё ҷабрдида пешниҳод карда мешавад, имконпазир аст. Дар сурати рад намудани дархости судшаванда ё норизоии айбдоркунандаи давлатӣ ё хусусӣ ва ё ҷабрдида барои гузаронидани мурофиа бо тартиби соддакардашуда, мурофиаи судӣ бояд бо асосҳои умумӣ гузаронида шавад. Ба ғайр аз ин, қоидаи соддакардашудаи тафтиши судӣ нисбат ба парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои ноболиғон, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, инчунин дар ҳолатҳое, ки ақалан як нафар аз судшавандаҳо ба гуноҳи худ иқрор набошад, ва парвандаро дар ҳаққи ӯ барои пешбурди алоҳида ҷудо кардан имконнопазир бошад, татбиқ карда намешаванд.
Аммо яке аз навигариҳои КМҶ ҶТ ин татбиқи институти пешбурди суръатдодашуда дар рафти тафтишоти пешакӣ мебошад, ки имконият медиҳад оид ба ҷиноятҳои дар моддаи 453 пешбинигардида, таҳқиқ дар мӯҳлати 10 шабонарӯз ба охир расонида, парванда барои баррасӣ ба суд пешниҳод карда шавад. Лозим ба таъкид аст, ки қоидаҳои махсуси пешбурди суръатнок дар боби 46 КМҶ ҶТ муқаррар шудааст.
Ҳамин тавр, дар асоси таҳлили масъалаи мазкур ба чунин хулоса омадан мумкин, ки пешбурди суръатноки парвандаи ҷиноятӣ бо мақсади сабук кардани мурофиаи ҷиноятӣ, сарфакории қувва ва воситаҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ истифода мегардад. Инчунин, ногузирии ҷазо ва ҳар чӣ тезтар татбиқ намудани он метавонад барои пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ мусоидат кунад.
Тартиб ВА мӯҳлатИ анҷом додани пешбурди суръатнок
Пешбурди суръатнок дар ҳолатҳое ки воқеияти ҷиноят аён асту шахси гумонбар барои содир кардани ҷиноят маълум ва ӯ дар содир кардани ҷиноят алоқаманд будани худро рад намекунад ва танҳо ҳангоми мавҷуд будани аломатҳои ҷиноятҳои бо қисми 1 моддаи 111[2], қисми 1 моддаи 125[3], қисми 1 моддаи 126[4], қисми 1 моддаи 131[5], қисми 4 моддаи 196[6], қисми 1 моддаи 230[7], қисми 1 моддаи 232[8], қисми 1 моддаи 234[9], қисми 1 моддаи 237[10], қисми 1 моддаи 247[11], қисми 1 моддаи 253[12], қисми 1 моддаи 254[13], қисми 1 моддаи 255[14], қисми 1 моддаи 294[15], моддаи 334[16], моддаҳои 338[17] ва 339[18] Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, истифода мешавад.
Тартиби пешбурди суръатнок бо қоидаҳои умумии КМҶ ҶТ, бо назардошти муқаррароти моддаҳои боб 46 КМҶ ҶТ муайян карда шудааст.
Ҳангоми пешбурди суръатнок мақомоти таҳқиқ то оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ дар муддати ҳафт шабонарӯз аз шахси ҷиноят содиркарда, шоҳидон ва дигар шахсон дар бораи ҳолатҳои ҷинояти содиршуда баёнот мегирад, маълумотро дар бораи мавҷуд будан ё набудани доғи судии шахси ҷиноят содиркарда, маълумот доир ба шахсият ва дигар маълумотҳоро, ки барои баррасии парванда дар маҷлиси суд аҳамият дорад, талаб менамояд.
Шахси ҷиноят содиркарда барои аз рӯи даъват ҳозир шудан ба мақомоти таҳқиқ ва суд, хабар додан аз тағйири ҷои истиқомат ӯҳдадор карда мешавад. Дар ҳолати ҳозир нашудан ба мақомоти таҳқиқ ё ба маҷлиси суд шахс маҷбуран оварда мешавад.
Пешбурди суръатнок бояд на дертар аз даҳ шабонарӯз аз рӯзи ба мақомоти таҳқиқ ворид шудани ариза ё хабар дар бораи ҷиноят то ба прокурор фиристодани парванда тамом карда шавад.
Мақомоти таҳқиқ маводи ҷамъовардаро барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ва ба суд равон кардани он кифоя эътироф карда, дар бораи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ қарор қабул карда, онро ба пешбурди худ қабул мекунад ва шахси ҷиноят содиркардаро ба сифати айбдоршаванда ҷалб менамояд, масъаларо дар бораи чораи пешгирӣ нисбат ба айбдоршаванда ҳал менамояд, ҳамчунин дар бораи эътироф намудани шахс ба сифати ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ қарор қабул мекунад.
Мақомоти таҳқиқ амалиёти зикршударо иҷро намуда, аз рӯи асосҳо ва бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 239-246 КМҶ ҶТ мурофиаи суръатнокро ба анҷом мерасонад.
Ҳангоми аз мақоми таҳқиқ ворид шудани парвандаи ҷиноятӣ, ки бо тартиби пешбурди суръатнок анҷом дода шудааст, прокурор ё муовини ӯ вазифадоранд дар муддати на зиёда аз 24 соат парвандаро санҷида, бо асосҳо ва бо тартиби дар моддаҳои 247-250 КМҶ ҶТ пешбинишуда дар бораи он қарор қабул намояд.
- Пешков М.А. Правовое регулирование и практика применения «сделки о признание вины» в головном процессе США//Юристь.1998. №6. С. 57. ↑
- Ќасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ. ↑
- Сироят кардан бо инфекцияи ВИЧ. ↑
-
Сироят кардан бо касалии зўҳравӣ.
- Ѓайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ ↑
- Ѓайриқонунӣ сохтани яроқ. ↑
- Сайди ғайриқонунии ҳайвоноти обӣ. ↑
- Шикори ғайриқонунӣ. ↑
- Ѓайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо. ↑
- Авбошӣ. ↑
- Ќаллобӣ. ↑
- Расонидани зарари амволӣ бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи боварӣ. ↑
- Соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани амволе, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст. ↑
- Ќасдан несту нобуд ё вайрон кардани амвол. ↑
- Фиреби истеъмолкунандагон. ↑
- Худсарӣ. ↑
- Худсарона ишғол намудани қитъаи замин. ↑
- Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат, штамп, мўҳр. ↑