Оғози парвандаи ҷиноятӣ
Мафҳум ва аҳамияти марҳилаи
оғози парвандаи ҷиноятӣ
Оғози парвандаи ҷиноятӣ марҳилаи нахустин ва ҳатмии мурофиаи ҷиноятӣ мебошад, ки дар он мақомоти ваколатдоршудаи давлатӣ ё шахсони мансабдор, ҳангоми гирифтани маълумот оиди ҷинояти содиршуда ё содиршаванда мавҷуд будан ва набудани асосҳои оғози парвандаи ҷиноятиро муайян намуда, дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ ё рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ қарор қабул мекунанд.
Марҳилаи мазкур аз лаҳзаи ворид гардидани ариза, шикоят, хабар ба мақомот ва шахсони масабдори ваколатдоршуда оғоз гардида, бо қабули қарор оид ба оғози парвандаи ҷиноятӣ ё рад намудани оғози парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом мерасад.
Марҳилаи оғози арвандаи ҷиноятӣ то се рӯз давом мекунад, аммо дар ҳолатҳои истиснои бошад ин муҳлат то даҳ рӯз дароз карда мешавад.
Дар нахустмарҳилаи мурофиаи ҷиноятӣ на танҳо ҳолатҳое, ки ба оғози парвандаи ҷиноятӣ оварда мерасонанд, балки барои рад кардани оғози парванда сабаб мешаванд, муайян карда мешаванд. Инчунин, дар ин марҳила барои огоҳӣ ва пешгирии ҷиноят, сабти пайҳои ҷиноят чораҳо андешида мешаванд.
Қонун талаб менамояд, ки оид ҳар як ариза, шикоят, хабар бояд яке аз қарорҳо, яъне қарор оиди оғози парвандаи ҷиноятӣ ва ё қарор оиди рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ қабул карда шавад.
Бояд қайд намоем, ки саривақт оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ барои тафтиши хуб ва бонатиҷаи парванда сабаб мегардад. Ва баръакс дертар эътибор додан ба хабари ҷинояти тайёршудаистода ё содиршуда боиси аз даст додани далелҳо гашта, тафтишотро мушкил ё бебарор мегардонад.
Мавриди таъкид аст, ки то оғози парвандаи ҷиноятӣ гузаронидани ягон амалҳои тафтишӣ, ба истиснои азназаргузаронидани ҷои ҳодиса мумкин нест. Чунин маҳдудият бо он асоснок мегардад, ки гузаронидани амалҳои тафтишӣ боиси татбиқи чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандонро то андозае маҳдуд ва халалдор месозад. Чунончӣ, шаҳрвандон барои пурсиш даъват карда мешаванд, ҳатто ҳангоми ҳозир нашудан маҷбуран оварда мешаванд, кофтукоб, гирифтан, шаҳодаткунонӣ ва дигар чораҳои ба ҳаёти шахсии на танҳо айбдоршаванда, балки ба дигар шахсон дахолатакунанда гузаронида мешаванд. Ҳамаи ин маҳдудкуниҳо танҳо дар ҳолатҳои муайян ва барои ҳимояи шаҳрвандон, ҷомеа аз кирдорҳои ҷиноятӣ раво дониста шудааст.
Бинобар ин баъд аз оғози парвандаи ҷинояӣ гузаронидани амалҳои тафтишӣ, ба мақсад мувофиқ мебошад.
Ҳуқуқи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ё рад кардани оғози парвандаи ҷиноятиро бошад суд, прокурор, сардори воҳиди тафтишот, муфаттиш, сардори воҳиди таҳқиқ ва таҳқиқбаранда доранд[1]. Дигар ягон мақомоти давлатӣ ҳуқуқи оғоз кардани парвандаи ҷиноятиро надоранд. Муроҷиати дигар мақомотҳо оиди ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан танҳо ҳамчун сабаб барои оғози парвандаи ҷиноятӣ шуда метавонад.
9.2. САБАБ ВА АСОСҲОИ ОҒОЗИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ
Барои оғози парвандаи ҷиноятӣ сабаби қонунӣ ва асоси кофӣ зарур мебошад.
Зери мафҳуми сабабҳо барои оғози парвандаи ҷиноятӣ он сарчашмаҳоеро мефаҳманд, ки аз ин сарчашмаҳо мақомоте, ки парвандаро оғоз мекунад, дар бораи ҷинояти содиркардашуда ё содиршаванда маълумот мегирад.
Мафҳуми асосҳо бошад маълумоти кофиеро дар назар дорад, ки он ба аломатҳои ҷиноят ишора мекунад.
Сабаб ва асосҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ дар боби 17 КМҶ ҶТ муқаррар шудаанд. Мутобиқи моддаи 140 КМҶ ҶТ асосҳои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ инҳо мебошанд[2]:
— ариза дар бораи ҷиноят;
— ҳозир шудан бо иқрори гуноҳ;
— иттилооти шахси мансабдори корхона, муассиса ва ташкилот;
— иттилоот дар воситаҳои ахбори омма;
— аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор бевосита ба даст овардани маълумоте, ки ба аломатҳои ҷиноят ишора мекунанд.
Ариза дар бораи ҷиноят шифоҳӣ ё хаттӣ шуда метавонад. Аризаи хаттӣ бояд аз ҷониби шахси аризадиҳанда имзо гузошта шавад. Аризаи шифоҳӣ ба протокол дохил карда шуда, ба он аризадиҳанда ва шахси мансабдори мақомоти таҳқиқ, муфаттиш ё прокуроре, ки аризаро қабул кардаанд, имзо мегузоранд. Протокол бояд маълумотро дар бораи аризадиҳанда, маҳалли истиқомат ва кор, инчунин ҳуҷҷатҳои шахсии ӯ дар бар гирад.
Аризадиҳанда дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ оид ба дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ огоҳонида, дар протокол сабт ва бо имзоаш тасдиқ карда мешавад.
Ариза, мактуб ё дигар иттилооти беном, беимзо ё бо имзои қалбакӣ ё аз номи шахси сохта навишташуда барои оғози парвандаи ҷиноятӣ асос шуда наметавонад.
Ҳозир шудан бо иқрори гуноҳ иттилооти ихтиёрии шахс дар бораи ҷинояти содирнамудааш, ки ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ маълум нест, ҳисобида мешавад, ба шарте, ки ин шахс ҳанӯз гумонбар нашуда ё айбдоркунӣ дар содир намудани ҷиноят пешниҳод нагардида бошад.
Аризаи иқрори гуноҳ ба тарзи шифоҳӣ ё хаттӣ дода мешавад ва бояд аз тарафи аризадиҳанда ба мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор супорида шавад.
Аризаи шифоҳӣ ба протокол дохил карда шуда, мазмунаш пурра инъикос мегардад. Протокол аз ҷониби шахси бо иқрори гуноҳ ҳозиршуда ва мансабдоре, ки онро қабул кардааст, имзо карда мешавад.
Иттилооти шахси мансабдори корхона, муассиса ва ташкилот дар бораи ҷиноят бояд дар шакли хаттӣ пешниҳод карда шавад. Ба иттилоот мумкин аст ҳуҷҷат ва дигар маводи тасдиқкунандаи ҳолатҳои содир намудани ҷиноят замима шаванд.
Иттилооти воситаҳои ахбори омма барои оғози парвандаи ҷиноятӣ сабаб шуда метавонад, ба шарте, ки он дар рӯзнома ё маҷалла дарҷ ва ё бо воситаи радио ва телевизион пахш шуда бошад.
Шахси мансабдори воситаи ахбори омма, ки иттилоотро дар бораи ҷиноят дарҷ ва ё пахш кардааст, бо талаби шахси барои оғози парвандаи ҷиноятӣ ваколатдор вазифадор аст, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва маводи дар ихтиёраш будаи тасдиқкунандаи иттилооти пахшшударо дастрас кунад, инчунин шахси пешниҳодкардаи ин маълумотро, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ин шахс онро бо шарти маҳфуз доштани манбаи иттилоот додааст, номбар кунад.
Мутобиқи моодаи 145 КМҶ ҶТ мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор вазифадоранд дар бораи ҳама гуна ҷинояти содиршуда ё содиршаванда аризаю иттилоотро қабул ва баррасӣ намоянд.
Ба аризадиҳанда дар бораи ба қайд гирифтани ариза ё иттилоот дар бораи ҷиноят бо сабти номи шахсе, ки ариза ё иттилоотро қабул кардааст ва вақти ба қайд гирифтани он ҳуҷҷат дода мешавад.
Аз беасос даст кашидан аз қабули ариза ё иттилоот дар бораи ҷиноят ба прокурор ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 122, 123 ва 124 КМҶ ҶТ шикоят кардан мумкин аст.
Аз беасос даст кашидани мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш аз қабули ариза ё иттилоот дар бораи ҷиноят ба прокуроре, ки иҷрои қонунҳоро ҳангоми пешбурди тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ назорат мекунад, шикоят оварда мешавад. Агар прокурор беасос аз қабули ариза ё иттилоот дар бораи ҷиноят даст кашад ба прокурори болоӣ ва ё суд шикоят карда мешавад.
Прокурор вазифадор аст, ки шикоятро дар давоми се шабонарӯз аз лаҳзаи гирифтани он баррасӣ кунад. Дар ҳолатҳои истисно, агар барои санҷиши шикоят зарурати талаб карда гирифтани маводи иловагӣ ё андешидани чораҳои дигар пеш ояд, мумкин аст, ки шикоят дар мӯҳлати то ҳафт шабонарӯз баррасӣ гардад ва дар ин бора шахси шикояткарда ва манфиатдор огоҳ карда мешаванд.
Дар натиҷаи баррасии шикоят он пурра ё қисман қонеъ гардонида мешавад ва ё ин ки дар бораи рад намудани қонеъ гардонидани шикоят қарор қабул карда мешавад.
Шахси шикояткарда ва шахсони манфиатдор бояд аз қарори доир ба шикоят қабулгардида огоҳ карда шаванд.
Ариза ва иттилоот дар бораи ҷиноят, ки ба суд ворид шудааст, барои ҳалли масъалаи оғози парвандаи ҷиноятӣ ба прокурор равон карда, аризадиҳанда огоҳ карда мешавад.
Қарор оид ба ариза ва иттилоот дар бораи ҷиноят бояд дар мӯҳлати на дертар аз се шабонарӯз аз лаҳзаи гирифтани ариза ва иттилоот қабул карда шавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ прокурор барои гирифтани нишондоди иловагии шахси аризадиҳанда, талаб карда гирифтани ҳуҷҷатҳо, азназаргузаронии ҷои ҳодиса ин мӯҳлатро то даҳ шабонарӯз дароз карда метавонад.
Дар мавриди гирифтани ариза ё иттилоот дар бораи ҷиноят ё бевосита ошкор кардани ҷиноят мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, сардори воҳиди таҳқиқ, муфаттиш, сардори воҳиди тафтишот ё прокурор яке аз қарорҳои зайлро қабул мекунад:
— дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ;
— дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ;
— дар бораи аз рӯи тобеияти тафтишӣ равон кардани ариза ё иттилоот.
Оид ба қарори нисбат ба ариза ё иттилооти қабулшуда ба шахс, корхона, муассиса, ташкилот ё мансабдоре, ки аз онҳо ариза ё иттилоот расидааст, хабар дода, ба онҳо ҳуқуқи шикоят кардан аз қарор фаҳмонда мешавад.
Дар сурати аз рӯи тобеияти тафтишӣ равон кардани ариза ё иттилоот мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор вазифадоранд барои пешгирӣ ё рафъи ҷиноят, ҳамчунин тақвияти изи ҷиноят чораҳо андешанд.
Номгӯи зикршудаи сабабҳои оғози паравандаи ҷиноятӣ маҳдуд буда, ҳар яке аз онҳо сабабҳои қонунӣ номида мешаванд. Аммо барои оғози парвандаи ҷиноятӣ танҳо сабаби қонунӣ кофи нест. Ба ғайр аз мавҷудияти сабаби қонунӣ борои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ, инчунин вуҷуд доштани асоси қонунӣ низ зарур аст. Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ асоси қонунӣ гуфта мавҷуд будани ҳолатҳои воқеие, ки аломатҳои ҷиноятро дар бар мегиранд, фаҳмида мешаванд.
Мутобиқи қонун парванда вақте оғоз карда мешавад, ки маълумоти кофӣ оиди аломатҳои ҷиноят вуҷуд дошта бошад. Дар ин ҳолат чун қоида пурра донистани аломатҳои ҷиноят талаб карда намешавад. Одатан, барои оғози парвандаи ҷиноятӣ мавҷудияти объект ва тарафи объективӣ кофиянд. Дар чунин ҳолатҳо парвандаи ҷиноятӣ нисбати мавҷудияти ҳодисаи ҷиноят (in rem), на балки нисбати шахси муайян (in personam), оғоз карда мешавад.
Гарчанде хулоса оиди мавҷудияти аломатҳои ҷиноят бояд ба маълумоти кофӣ асос бошад, аммо ин хусусияти тахминиро дошта гузаронидани тафтишоти ҳамаҷонибаро дар марҳилаҳои минбаъда тақозо дорад.
Вақте шахси ваколатдошта дар ихтиёри худ бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ ё рад кардани оғози он маълумоти кофӣ надошта бошад, вай санҷиш гузаронида дар муддати на зиёда аз се рӯз аз лаҳзаи гирифтани ариза ё хабар, дар ҳолатҳои истиснои дар муддати даҳ рӯз қарор қабул мекунад. Дар чунин ҳолатҳо мумкин аст маводҳои лозима талаб карда шаванд, ки ба инҳо санади ревизия, инвентаризация, маводҳои тафтишоти идоравии ҳодисаи ногаҳонӣ дар истеҳсолот, маводи тафтиши садамаи нақлиётӣ дохил мешаванд.
Ҳангоми расонидани зарари ҷисмонӣ ба шаҳрванд маводҳои шаҳодаткунонии судии тиббӣ, нусха аз таърихи касалӣ талаб карда мешавад. Мумкин аст, ки натиҷаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, баёноти шахсони арзу шикояткарда низ истифода гардад.
Аммо бояд ҷамъкунии маводҳои мазкур бе гузаронидани амалҳои тафтишие, ки дар КМҶ ҶТ пешбинӣ шудаанд, сурат гирад.
9.3. Ҳолатҳое, ки пешбурди
парвандаи ҷиноятиро истисно мекунанд
Қонуни мурофиавии ҷиноятӣ номгӯи мушаххаси ҳолатҳоеро муқаррар намудааст, ки дар сурати мавҷудияти ҳатто яке аз ин ҳолатҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда намешавад ва парвандаи оғозшуда бошад қатъ карда мешавад. Ҳолатҳои мазкур дар моддаи 27 КМҶ ҶТ муқаррар гардидаанд. Ин ҳолатҳо чунинанд:
Мавҷуд набудани ҳодисаи ҷиноят (банди 1, қисми 1 моддаи 27 КМҶ ҶТ) маънои онро дорад, ки амал ё беамалии дар маводҳои пешниҳодшуда гуфташуда, дар асл вуҷуд надоштанд. Масалан, дар хабар оиди қасдан нобуд сохтани ҳаёти ким-кадом шахсе тасдиқ шудааст. Аммо ҳангоми санҷиш (тафтиш) маълум мегардад, ки марги ин шахс дар натиҷаи касалии вазнини тӯлонӣ ё оқибати ҳодисаи ногаҳонӣ дар натиҷаи рафтори беэҳтиётонаи худи ҷабрдида ба вуқуъ омадааст.
Ҳангоми дар кирдори содиршуда мавҷуд набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (банди 2, қисми 1 моддаи 27 КМҶ ҶТ). Масалан, парванда оғоз карда намешавад вақте ки ҷиноят ва сазовори ҷазо будани кирдор дар қонуни нав қабулшуда (баъди содиркунии ин кирдор), бартараф шуда бошад, ё вақте, ки кирдори шахс ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бошад.
Ҳангоми гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан (банди 3, қисми 1 моддаи 27 КМҶ ҶТ). Мӯҳлати ба ҷавобгарӣ кашидан дар моддаи 75 КҶ ҶТ танзим шудааст. Чунончӣ, агар аз рӯзи содир шудани ҷиноят мӯҳлати зерин гузашта бошад, шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад:
а) ду сол пас аз содир намудани ҷинояти начандон вазнин;
б) шаш сол пас аз содир намудани ҷинояти дараҷаи миёна;
в) даҳ сол пас аз содир намудани ҷинояти вазнин;
г) понздаҳ сол пас аз содир намудани ҷинояти махсусан вазнин ба истиснои ҷинояте, ки барои он ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан пешбинӣ шудааст.
Мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рӯзи содир шудани ҷиноят то рӯзи эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукм ҳисоб карда мешавад.
Агар шахс аз тафтишот ё суд саркашӣ намояд, ҷараёни мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан боздошта мешавад. Дар ин ҳолат мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рӯзи дастгир кардани шахс ё омада, ба гуноҳи худ иқрор шудани ӯ барқарор карда мешавад. Зимнан, агар аз вақти содир намудани ҷиноят бист сол гузашта, мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан бо содир намудани ҷинояти нав қатъ нагардида бошад, ин шахсро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест.
Агар то гузаштани мӯҳлати зикрёфта шахс қасдан ҷинояти нави дараҷаи миёна, вазнин ё махсусан вазнин содир намояд, мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рӯзи содир намудани ҷиноятҳои мазкур аз нав шурӯъ гардида, мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан барои ҳар ҷиноят алоҳида ҳисоб карда мешавад. пешбинӣ шудааст, суд ҳал менамояд.
Нисбати ашхосе, ки ба муқобили сулҳ ва амнияти башариятҷиноят содир намудаанд, мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан истифода карда намешавад.
Ҳангоми қабули санади авф (банди 4, қисми 1 моддаи 27 КМҶ ҶТ). Санади авф ҳамчун санади мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ шахси ҷинояткорро пурра ё қисман аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод менамояд. Агар санади авф ҷинояткорро пурра аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намояд ва ҷиноят азтарафи ӯ то қабули ин санад содир шуда бошад, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда намешавад.
Ҳангоми оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда оид ба парвандаи ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ(банди 5, қисми 1 моддаи 27 КМҶ ҶТ).
Ҳангоми мавҷуд набудани аризаи ҷабрдида, агар парвандаи ҷиноятӣ маҳз тибқи аризаи ӯ оғоз гардад, ғайр аз ҳолатҳое, ки ба прокурор ҳуқуқ дода шудааст бе аризаи ҷабрдида парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд (банди 6, қисми 1 моддаи 27 КМҶ ҶТ).
Нисбат ба шахси фавтида, ғайр аз ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барои муқаррар кардани бегуноҳии ӯ ё аз нав оғоз кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳолатҳои нави ошкоршуда дар ҳаққи дигар шахсон (банди 7, қисми 1 моддаи 27 КМҶ ҶТ).
Нисбат ба шахсе, ки дар ҳаққи ӯ аз рӯи ҳамон айбдоркунӣ ҳукми эътибори қонунӣ пайдокарда ё таъиноти суд ва ё қарори суд, судя оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи ҳамон асос мавҷуд аст (банди 8, қисми 1 моддаи 27 КМҶ ҶТ).
Нисбат ба шахсе, ки қарори бекорнашудаи таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар хусуси қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ё қарор дар бораи радди оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳамон айбдоркунӣ вуҷуд дорад (банди 9, қисми 1 моддаи 27 КМҶ ҶТ).
То он вақте, ки қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар хусуси қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ё қарор дар бораи радди оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳамон айбдоркунӣ бекор нашудааст, ин шахсон ҳуқуқи оғози парвандаро надоранд.
9.2. ТАРТИБИ мурофиавии ОҒОЗи ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ
Оғози парвандаи ҷиноятии айбдоркунии умумӣ. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбиникардаи моддаи 140 КМҶ ҶТ таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ қарор қабул мекунанд.
Дар қарор вақт ва маҳалли қабули он, аз ҷониби кӣ қабул карда шудани он, сабаб ва асосҳо барои оғози парванда, моддаи Кодекси ҷиноятӣ, ки тибқи он парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, инчунин самти минбаъдаи парванда нишон дода мешавад. Нусхаи қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ фавран ба прокурор равон карда, ба аризадиҳанда хабар дода мешавад.
Оғози парвандаи ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ, хусусӣ- умумӣ.
Парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои пешбиникардаи қисми 2 моддаи 24 КМҶ ҶТ[3], яъне парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 112, 116, 135, 136, моддаи 156 қисмҳои 1 ва 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ эътироф шудаанд, аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор тибқи муқаррароти КМҶ ҶТ, танҳо бо аризаи ҷабрдида, оғоз гардида, дар сурати оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур ҳал карда мешаванд[4].
Дар ҳолатҳои истисно, агар парванда дар бораи ягон ҷинояти пешбиникардаи қисми 3 моддаи 24 КМҶ ҶТ[5] дорои аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ бошад ё ҷабрдида оид ба ҳамин парванда бо сабаби вазъи оҷизонаи худ, вобастагӣ аз айбдоршаванда ва ё дигар сабабҳо ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ қодир набошад, прокурор ҳуқуқ дорад бе аризаи ҷабрдида парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунад. Чунин парванда бо сабаби оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда тибқи муқаррароти КМҶ ҶТ ҳал карда мешавад.
Пас аз қабули қарор дар хусуси оғози парванда:
— мақомоти таҳқиқ оид ба парвандаҳое, ки пешбурди тафтиши пешакиашон ҳатмист, баъди иҷрои амалҳои тафтишии таъхирнопазир аз ҷониби таҳқиқбаранда парвандаро барои пешбурди тафтиши пешакӣ фиристода, аз рӯи парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои пешбиникардаи қисми 1 моддаи 154 Кодекси мазкур бошад, таҳқиқ мегузаронад;
— муфаттиш баъди қабули парвандаи ҷиноятӣ ба пешбурди тафтиши пешакӣ шурӯъ мекунад;
— прокурор парвандаи ҷиноятиро барои пешбурди тафтиши пешакӣ ба муфаттиш ё таҳқиқбаранда равон мекунад ё худаш ба пешбурди тафтиши пешакӣ шурӯъ мекунад.
Ҳангоми мавҷуд набудани асос барои оғози парвандаи ҷиноятӣ мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор оид ба рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қарори асоснок мебароранд.
Нусхаи қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ дар мӯҳлати се шабонарӯз ба шахс, корхона, муассиса, ташкилот ё мансабдоре, ки аз он ариза ё иттилоот гирифта шудааст, равон карда мешавад.
Дар айни замон ба онҳо бояд ҳуқуқҳояшон ва тартиби шикоят кардан аз қарор фаҳмонда шаванд.
Аз қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ дар давоми чордаҳ шабонарӯз аз лаҳзаи гирифтани нусхаи қарор ба прокурор ва дар хусуси аз ҷониби прокурор рад кардан аз қонеъ гардонидани шикоят бо тартиби муқаррарнамудаи КМҶ ҶТ ба прокурори болоӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст.
Ҳангоми рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ дар бораи ҷинояте, ки вобаста ба содир шудани он иттилоъ аз шахс гирифта шудааст, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда масъалаи оғози парвандаи ҷиноятиро вобаста ба иттилои бардурӯғи шахс дида мебароянд.
Иттилооте, ки дар бораи содир намудани ҷиноят дар воситаҳои ахбори омма чоп гардида, дар рафти тафтиш тасдиқи худро наёфтааст, дар ҳамон воситаи ахбори омма дар ин бора раддия чоп карда мешавад.
Прокурор ҳангоми амалӣ гардонидани назорат ҷиҳати қонунӣ будани оғози парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад:
— мӯҳлати баррасии ариза ё иттилоотро бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 145 КМҶ ҶТ дароз намояд;
— қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурори поёниро дар хусуси рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бекор карда, маводро барои санҷиши иловагӣ ирсол намояд;
— қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурори поёниро дар хусуси оғози парвандаи ҷиноятӣ бекор кунад ва оғози парвандаи ҷиноятиро рад намояд;
— қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурори поёниро дар хусуси рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бекор кунад ва парвандаи ҷиноятиро оғоз намояд;
— қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурори поёниро дар хусуси оғози парвандаи ҷиноятӣ бекор кунад ва парвандаи ҷиноятиро, агар оид ба он амалҳои тафтишӣ анҷом дода шуда бошанд, қатъ кунад.