Нақши зан дар оила ва ҷомеа
1. Проблемаҳои навъи гендерӣ
Оила «ячейкаи» асосии иҷтимоиест, ки ҳама гуна ҷомеа бар он қарор дорад. Ҷомеа тавре мешавад, ки онро муносибатҳои оилавӣ ташаккул медиҳад. Бинобар ин таъсири проблемаҳои гендерӣ ба вазъи муносибатҳои оилавӣ ва ҷамъиятӣ мустақиман аст.
Проблемаҳои гендерӣ ба сурати умум вайронкуниҳоро дар соҳаи баробарии ҳуқуқҳо мемонад: баробарии имкониятҳо; баробарии масъулиятмандӣ; баробарии муносибатҳои рафиқона байни мардон ва занон. Акнун мебинем, ки ба пайдошавии навъи гендерии проблемаҳо кадом қолабҳо таъсир мерасонанд.
«Зан нигаҳбони хонадон аст»- дар ин ҳикмати куҳан маънии амиқи фалсафӣ ниҳон аст. Мутаассифона, дар ҷамоаҳои анъанавӣ шуури ҷамъиятӣ дар симои занҳо танҳо нигаҳбонони хонадонро мебинад.
Ба сабабҳои таърихӣ шуури муқаррарии аксари аҳолӣ дар Тоҷикистон бо муқаррароти пешоҳангию ҳукмфармоии бечуну чарои мардон ва тобеияти ба он мутобиқи занон ба таври анъанавӣ падаршоҳист. Одати аз гузашта боқимондаи бо «қалин» харидорӣ кардани арӯс ҳанӯз пурра аз байн нарафтааст. Ҳамчунин бо қарордоди волидон бастани ақди никоҳ, вақте домоду арӯс то тӯй ҳамдигарро ҳатто намебинанд, аз гузашти мерос мондааст. Дар замони ҳозира чунин воқеаҳо кам дучор мешаванд, зеро сари вақт чораҳои қонунгузории ба камшавии ин гуна рӯйдодҳо мусоидаткунанда андешида шудаанд. Мутаассифона, дар ҷумҳурӣ ҳодисаҳои дузанию бисёрзанӣ низ ба назар мерасанд, ҳарчанд барои зиндагӣ бо ду ё якчанд зан бо бурдани хоҷагии умумӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.
Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.
Бисёрникоҳӣ манъ аст.
Моддаи 33-и Конститутсияи (Сарқонуни)
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манъи юридикии бисёрникоҳӣ дар ҷумҳурӣ маънии ба бор омадани чунин оқибатҳои ҳуқуқиеро дорад, ки никоҳҳои ғайрирасмӣ бо «занҳои дуюм», аз ҷумла аз рӯи расму оинҳои динӣ ба ҷо оварда шуда бошад ҳам, барои охириҳо ҳеҷ ҳуқуқе намедиҳад. Масалан, «зани дуюм» ҳуқуқи талаб кардани тақсими амволро ҳангоми бекор карда шудани ақди никоҳ надорад, вай дар ҳолатҳои вафот кардани ба ном шавҳараш ҳуқуқи мерос гирифтани амволи ӯро низ соҳиб нест. Зан дар тобеияти комили иқтисодӣ аз шавҳар аст, пас ӯ дар масъалаҳои ихтиёрдорӣ кардани тақдири хеш, гирифтани таҳсилот ва ғайра низ тобеи шавҳар мебошад.
2.Танзими ҳуқуқии ҳифзи муносибатҳои оилавӣ
Принсипҳои конститутсионии ҳифзи ҳуқуқҳои оилавии шаҳрвандон дар меъёрҳои амалкунандаи соҳаи оилавӣ ва соҳаҳои дигари ҳуқуқи Тоҷикистон аниқ таҳким бахшида шудаанд. Баъзе санадҳои ҳуқуқӣ занро ҳатто ба сифати субъекти махсус, яъне иштирокдори муносибатҳои ҳуқуқӣ, масалан, ҳангоми додани рухсатиҳо, муайян кардани давомнокии рӯзи корӣ, ҳангоми бекор карда шудани ақди никоҳ доштани ҳуқуқи афзалиятноки бо худ гирифтани кӯдак ва ғайра ҷудо мекунанд.
Дар айни замон дар Тоҷикистон проблемаи рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак, ки дар замони шӯравӣ ба таври анъанавӣ танҳо ба модарон дода мешуд, муҳим гардидааст. Принсипи баробарии гендерӣ ва эҳтироми муносибатҳои оилавӣ имконият медиҳад, ки чунин ҳуқуқ ба дигар хешовандони наздик, дар навбати аввал ба падари кӯдак ҳам дода шавад. Ҳуқуқи нигоҳубини кӯдакро бояд ҳар як узви оила, сарфи назар аз ҷинс, дошта бошад.
Дар моддаи 32-и Кодекси оила принсипи баробарии ҳамсарон дар оила таҳким бахшида шудааст, ки инҳоро дар назар дорад:
а) ҳуқуқи ҳар кадоме аз ҳамсарон ба интихоби озодонаи навъи машғулият, касбу ҳунар, ҷои буду бош ва истиқомат;
б) аз ҷониби ҳамсарон якҷоя ҳал кардани масъалаҳои модарӣ, падарӣ, тарбия ва таълими фарзандон, масъалаҳои дигари ҳаёти оила ( ҳуқуқи ҳалли якҷояи масъалаҳои гуногуни ҳаёти оила);
в) вазифадории ҳамсарон бобати дар оила ба роҳ мондани муносибатҳои худ дар асоси эҳтироми байниҳамдигарӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ, инчунин вазифадории ҳамсарон бобати кӯмак кардан ба осудаҳолӣ ва мустаҳкамшавии оила, ғамхорӣ кардан барои некӯаҳволӣ ва рушди фарзандони худ.
Тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсар вазифадор аст, ки ба ҳамсари дигар баҳри татбиқи ҳуқуқҳои шахсии ғайримоддӣ аз ҷониби ӯ монеъгӣ накунад. Ба зиммаи ҳамсарон ғайр аз ин вазифаҳои ба роҳ мондани муносибатҳои худ дар оила дар асоси эҳтироми байниҳамдигарӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ, кӯмак кардан ба осудаҳолӣ ва мустаҳкамшавии оила, ғамхорӣ кардан барои некӯаҳволӣ ва рушди аъзои оила вогузошта шудааст. Дар муқаррароти зикршудаи қонун моҳиятан вазифаҳои ахлоқии мард ва зан дар оила дар назди якдигар номбар шудаанд: пайравӣ ва риоя кардан ба онҳо барои фаъолияти мӯътадили ҳаётии ҳамаи аъзои оила чи дар дохили он ва чи берун аз он муҳити созгори заруриро фароҳам меорад.
Проблемаи дигари муҳими гендерӣ саломатии занҳост. Саломатии зан дар ҳама ҷо зери хавф аст. Онҳо аз нобаробариҳо аз нуқтаи назари дастрасӣ ба таҳсилот, шуғл, бехавфии оби нӯшиданӣ ва муҳити ҷисмонӣ умуман, хадамоти тиббию санитарӣ, иттилоот ва захираҳо азият мекашанд. Дар Тоҷикистон тамоюли пастравии дарозумрии миёнаи занон аз 71 сол дар солҳои 1985-1986 то 70 сол дар соли 2002 ба мушоҳида мерасад. Байни занҳо бемориҳое чун ҷоғар, камхунӣ, қафомонӣ дар рушди ҷисмонӣ афзудааст, ки сабаби асосии онҳо норасоии ғизост. Ва чизи асосӣ дар Тоҷикистон сатҳи баланди фавти занҳои синну солашон қобили таваллуд аст, ки ба ин дастрасии нокифоя ба хадамоти тиббию санитарӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд, ҳамчунин он далел, ки бисёр занҳо барои ҳомиладорӣ ҳанӯз хеле ҷавонанд, аз ҳад зиёд ва зуд-зуд таваллуд мекунанд, ё дар вақти ҳомиладорӣ ҳамзамон бемор мешаванд, таъсир мерасонад.
? Ба андешаи Шумо, оё проблемаи саломатии зан ба вазъият дар оила чун ячейкаи ҷамъиятӣ таъсир мерасонад?
- Иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ
Зан чун узви комилҳуқуқи ҷомеа бояд баробари мардон баҳри иштирок кардан дар ҳаёти сиёсии мамлакат тамоми имкониятҳоро дошта бошад.
Дар сатҳҳои гуногуни ҳокимият ба вазифаву мансабҳо расман таъин кардани занҳо ҳанӯз аломати воқеии дастрасии занҳо ба раванди коркарду қабули қарорҳо нест ва аз ҷониби давлат пешбарӣ кардани занҳо ба мансабҳои баланд нишондиҳандаи беҳтаршавии имкониятҳои занон дар муқоиса бо мардон ба шумор намеравад.
Баланд гардидани нақш ва мақоми зан дар оила ва ҷомеа имконият медиҳад, ки иҷтимоиёт ба манфиати миллат бонизом пеш равад. Занҳо қисми нисбатан устувору босубот ва дар айни замон қисми аз нигоҳи неруӣ нисбатан бонизоми ҷомеа мебошанд. Рафтори нисбатан босуботонаи табиии занон, лаёқати ба онҳо хоси зуд мутобиқ шудан ба шароитҳои зуд-зуд ивазшавандаи ҷаҳони имрӯзаро метавон ва бояд ба хидмати ҷомеа гузошт. Неруе, ки занҳо соҳибанд, бояд рад накарда, ҳамаҷониба истифода бурда шавад.
Занҳо бояд рақобатпазир ва аз нигоҳи касбӣ салоҳиятманд бошанд, то воқеан ҳам ба вазифаҳои роҳбарикунанда даъво карда тавонанд. Ба ин тариқ, бисёр чиз аз дастрасии зан ба таҳсилот вобаста аст. Сарфи назар аз ислоҳоти дар ҷумҳурӣ дар соҳаи маориф гузаронидашаванда қайд кардан лозим меояд, ки дар айни замон вазъи номувозинатии гендерӣ ба мушоҳида мерасад. Ба ин вазъият омилҳои зиёде таъсир мерасонанд, ки байни онҳо қолабҳои манфии ҷамъиятӣ нисбат ба занон, махсусиятҳои марбут ба минтақаҳои душворгузари кӯҳӣ, набудани хобгоҳҳои обод барои духтарони донишҷӯ ва ғайраро қайд кардан ҷоиз аст. Вале сабаби аз ҳама асосӣ вобастагии иқтисодии духтарон мебошад.
Ба андешаи Шумо дар Тоҷикистон боз кадом проблемаҳоро ба проблемаҳои навъи гендерӣ нисбат додан мумкин аст?
- Сиёсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи номувозинатии гендерӣ дар соҳаи гирифтани таҳсилоти дастрас аз ҷониби занон соли 1997 низоми тибқи бурсияи (квотаи) Президентӣ ба мактабҳои олии мамлакат қабул кардани духтарони ноҳияҳои дурдастро пешбинӣ намуд. Шумораи умумии духтарони тӯли солҳои 1997-2005 аз ин бурсияҳо истифодакарда беш аз 3900 нафарро ташкил медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатиеро муайян кардааст, ки ҳуқуқҳо ва имкониятҳои баробари мардон ва занонро таъмин менамояд. Принсипҳои асосии сиёсати мазкур инҳоянд:
1) имкониятҳои баробари иштирок кардан дар раванди қабули қарорҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ;
2) дастрасии баробари мардон ва занон ба ҳамаи навъҳои
фаъолияти ҷамъиятӣ;
- пардохти баробари музди меҳнат ва дастрасии баробар ба корҳои музди меҳнаташон баланд;
- баробарӣ дар ҳаёти оилавӣ.
Дар айни замон бисёр қолабҳои барои мафкураи мо ибтидоӣ бо душвориҳои зиёд таҷдиди назар мешаванд, ҳамчунин раванди дасткашӣ аз меъёрҳо ва одатҳои кӯҳна, ки замонҳои дуру дароз арзи ҳастӣ карда, раванди баробарҳуқуқии мардон ва занонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бозмедоштанд, бо душвориҳои зиёд ба амал меоянд.
Ба ин тариқ, сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳо ва имкониятҳои баробари мардон ва занон бояд нигаронида шаванд ба:
а) дастрасии баробари мардон ва занон ба захираҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, баланд бардоштани мустақилияти иқтисодии занон;
б) баланд бардоштани аҳамиятнокии меҳнати пардохтнашавандаи хонагии занон дар ҷомеа ва ташаккул додани афкори мусбати ҷамъиятӣ ба нақшҳои нави мардон ва занон дар ҷомеа ва оила;
в) барҳам додани қолабҳои ҷамъиятӣ дар бораи мақоми занон ва мардон дар ҷомеа ва оила;
г) ҷалбсозии занон ба раванди қабули қарорҳои махсусан муҳим дар ҳамаи сатҳҳо;
ғ) дастрасии баробари мардон ва занон ба ҳамаи навъҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ;
д) баланд бардоштани рақобатпазирии занон ва мардон;
е) татбиқи ҳар як шаҳрванд ба саломатии тазаккурӣ (репродуктивӣ) ва ҳуқуқи банақшагирии оила;
ё) андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила нисбат ба занҳо ва дигар аъзои оила.
Сиёсати гендерӣ ё сиёсати ҳуқуқҳои баробар ва имкониятҳои баробар проблемаи танҳо занона нест, балки проблемаи тамоми ҷомеа, шарти рушди босуботи он мебошад.
Барои гузаронидани сиёсати гендерӣ ҷалб кардани мардон, иштироки ногузири онҳо дар ҳар як барномаи марбут ба ҳуқуқҳои занон ҳатмист.
Баробарии мард ва зан ва эҳтироми байниҳамдигарии онҳо дар оила ва ҷомеа гарави оилаи хушбахт ва ҷомеаи рушдкунанда мебошад.
Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: проблемаҳои навъи гендерӣ, сиёсати гендерӣ.