Баробарӣ ва эҳтироми байниҳамдигарии мардон ва занон
- Аз таърихи ҳаракатҳо барои ҳуқуқҳои занон ва мафҳуми баробарии гендерӣ
Занҳо тӯли замонҳои дуру дароз маҷбур буданд, ки барои эътирофи худ ба сифати одамони комиларзиш ва ба онҳо пешниҳод кардани ҳуқуқҳои асосии инсон мубориза баранд. Вале танҳо дар нимаи аввали асри ХХ онҳо муваффақ шуданд, ки масалан, баробарии ҳуқуқҳои интихоботиро соҳиб шаванд (то ин замон онҳо ҳуқуқи овоз додан ва умуман, дар ҳаёти сиёсии мамлакат бевосита иштирок кардан надоштанд). Ба туфайли ҳаракати суфражистҳо дар Аврупои Ғарбӣ ва ИМА, ҳамчунин инқилоби сотсиалистӣ дар Россия мақоми занҳо ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат ба андозае баланд гардид.
Агар ба ин раванд аз нигоҳи таърихӣ назар афканем, бо пайдошавии падаршоҳӣ дар муносибатҳои оилавӣ ва хешутаборӣ, яъне тӯли ҳазорсолаҳои зиёд ва фақат то замони начандон дур вазъи занон на танҳо вобаста, балки тамоман беҳуқуқона буд. Дар бисёр ҷамоаҳои анъанавӣ занон ҳуқуқи амволӣ, ҳуқуқи меросгирӣ ё соҳибихтиёрӣ ба тақдири худро надоштанд. Зан объекте буд, ки худ метавонист ба мерос мубаддал гардад. Занон ҳуқуқ ба ҳаёт надоштанд, дар ҳолатҳои мақбул набудани таваллудшавии духтар, ӯро фавран баъди таваллуд бе ягон ҷазо додан метавонистанд бикушанд. Бинобар ин ғояи асосӣ, фикри оддие, ки дар бунёди ҳамаи ҳаракатҳои занон барои ҳуқуқҳои худ дар асрҳои ХIХ- ХХ қарор дошт, ин буд: «зан ҳам инсон аст» ва бинобар ин вай бо мардон ҳуқуқҳои баробар дорад. Консепсияи ҳуқуқҳои занон, ки ба ғояи баробарии гендерӣ асос мекард, ана ҳамин тавр рушд намуд.
Қайд кардан ҷоиз аст: гендер на танҳо консепсияест, ки масъалаҳои занон ва ҳуқуқҳои инсонии онҳоро баррасӣ мекунад, он беш аз ҳама низоми мураккабест, ки ҳам мардҳо ва ҳам занҳоро фаро мегирад. Агар зери мафҳуми «ҷинс» фарқияти биологии байни мард ва зан, ки универсалию тағйирнаёбанда мебошанд, фаҳмида шавад, зери мафҳуми «гендер» пеш аз ҳама, махсусиятҳои иҷтимоии дар ҷомеа ба вуҷуд овардаи нақшҳои мардон ва занон, ки бар асоси ҷинсашон ба онҳо мансуб дониста мешаванд, дар назар аст. Тавре дар моддаи 8-и Статути Римии Суди байналмилалии ҷиноятӣ омадааст, «истилоҳи «гендер» дар қаринаи ҷомеа ба ҳар ду ҷинс – мардону занон дахл дорад».
Пас зери таркиби баробарии гендерӣ, баробарии марду зан чиро фаҳмидан лозим аст? Дар Конфронси сеюми умумиҷаҳонии соли 1985 дар Найроби зери шиори «Баробарӣ, рушд, сулҳ!» барпогардида ҳуҷҷате бо номи «Дурнамоҳои стратегии Найробӣ» қабул карда шуд, ки мавзӯи марказиаш баробарии мардҳо ва занҳо мебошад. Ин ҷо худи мафҳуми «баробарӣ» аниқ карда мешавад. Аз ҷумла дар банди II ҳуҷҷат омадааст: «Баробарӣ ҳам ҳадаф, ҳам воситае мебошад, ки бо ёрии он ба ашхоси алоҳида режими баробарии ҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари истифода кардан аз ҳуқуқҳои худ, рушд додани имкониятҳои потенсиалии худ, ҳосил гардонидани маҳоратҳо ва малакаҳо таъмин карда мешаванд, то ки ин ашхос битавонанд дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иштирок кунанд ва аз дастовардҳои он бархурдор гарданд. Минҷумла барои занҳо баробарӣ амалӣ гардидани ҳуқуқҳоест, ки онҳо ба сабаби табъизи дар соҳаи фарҳанг, дар сохтори ташкилӣ, меъёрҳои рафтор, ҳамчунин дар муносибатҳои мардон ва занон мавҷуда аз онҳо маҳрум карда шудаанд. Ба ин тариқ, «баробарии гендерӣ» маънои сатҳи баробари имкониятҳо, иштирок ва ҳузури ҳар ду ҷинсро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва хусусӣ дорад.
- Таъмини баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табъиз нисбат ба занон дар ҳамаи шаклҳои зуҳури он маҳкум намуда, сиёсати барои занҳо фароҳам овардани имкониятҳои баробар бо мардон дар ҷомеа татбиқ карда мешавад.
Таъмини рушд ва пешрафти ҳамаҷонибаи занон дар соҳаи сиёсӣ бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст. Чунончи, дар моддаи 17-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамаи шаклҳои табъизро манъ мекунад, махсус таъкид гардидааст, ки «мардон ва занон баробарҳуқуқанд».
Масъалаҳои баробарии занҳо дар ҷомеа бо як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрӣ кафолат дода мешаванд, ки байни онҳо Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон», Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, Кодекси манзил ва бисёр санадҳои дигар ҳастанд. Дар таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа» (соли 1999) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо» (соли 2005) низ аҳамияти басо калон доранд.
Кумитаи оид ба корҳои занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки бо татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳимоя ва таъмини ҳуқуқҳо ва манфиатҳои занон ва оила, муваффақшавӣ ба баробарии гендерӣ, вусъати соҳаҳои иштироки занон дар ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, идоракунии давлат ва ҷомеа машғул аст. Кумита дар доираи салоҳиятҳои худ ҳамчунин бо дастгирии саломатии модарон машғул шуда, оид ба ҷустуҷӯю дарёфти муносибатҳои навоварона дар ҳалли проблемаҳои занон ва оила, тарғиби тарзи солими ҳаёт, некӯаҳволии маънавӣ, муносибати масъулиятшиносонаи ҷавонон ба ташкили оила тадбирҳо меандешад.