Протоколҳои факултативӣ ба конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак
1. Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак марбут ба иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона
Таҳдидҳои замони ҳозира ба рушди муфаққонаи кӯдак, зарурати беҳтар кардани ҳифзи кӯдакон ва таҳким бахшидани принсипҳои Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак бо гузашти айём зарурати таҳияи ду протоколи факултативиро ба он ба миён оварданд, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ соли 2000 қабул карда шуданд. Инҳо Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак марбут ба иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона ва Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак марбут ба хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакона ва порнографияи кӯдакона мебошанд.
Дар маърӯзаи ЮНИСЕФ таъкид мегардад, ки даҳшатҳои ҷанг махсусан ба ҷавонон таъсири зиёд мерасонанд. Кӯдакон аз ҷанг на танҳо мустақиман ҷабр мебинанд – ҳалок мегарданд, маъюбу маслуқ мешаванд, дар лагерҳо барои гурезаҳо умр ба сар мебаранд, бе хонаву дар мемонанд, инчунин қисми зиёди онҳо ҷабрдидагони ғайримустақими ҷанг мешаванд, ки ин дар вайрону валангор, баста шудани мактабҳо ва муассисаҳои тиббӣ, халал дидани истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва аз байн рафтани хадамоти муҳиме чун сироятнопазиргардонӣ шуда, масъалаи рушди онҳоро душвор месозад.
Ва даҳшатноктар боз он аст, ки дар бисёр мамлакатҳо кӯдакон ба мошинҳо ва силоҳҳои ҷангӣ табдил дода мешаванд. Онҳоро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват мекунанд, медузданд ва бо зӯрӣ маҷбур месозанд, ки дар хатти пеши фронт ҷанганд. Дар солҳои охир тахминан 200 ҳазор кӯдакони синнашон то 15 сола ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват шуда, илми одамкуширо аз худ намудаанд. Аз кӯдакон «сарбозони идеалӣ» ба камол мерасанд. Чунин «сарбозон» эҳсоси тарсу бим надоранд ва ба ҳама гуна фармонҳо итоат мекунанд. Онҳо ба осонӣ мутеи коркарди психологӣ мешаванд ва онҳоро ба мутаассибон (фанатҳо) табдил медиҳанд. Онҳо ба ҷаҳолатҳои ҷанг ба зудӣ одат мекунанд – ҷанг барои онҳо ба ҷуз ҳодисаву моҷаро чизи дигаре намегардад. Ба онҳо пул, яъне музд додан шарт нест – онҳо танҳо барои либосу хӯрок ҳам меҷанганд.
Имрӯз дар тамоми ҷаҳон қариб як миллион нафар кӯдак дар 36 низоъҳои мусаллаҳона иштирок доранд. Масалан, қувваҳои мусаллаҳи инқилобии Колумбия – армияи аз ҳама сершумори шӯришгарон дар Америкаи Лотинӣ — дар сафҳои худ беш аз 77 ҳазор нафар ҷангиён дорад. Аксари кулли онҳо ҳанӯз ба синни 18 нарасидаанд. Дар ҳамаи ноҳияҳои Колумбия, ки таҳти тасарруфи шӯришгарон қарор доранд, ҳамаи духтаракону писаракони аз 13 сола боло ба сафи армия даъват карда мешаванд.
Рамзист, ки аввалин парвандаи баррасикардаи Суди байналхалқии ҷиноятӣ (СБҶ) баъди ҳукми амал пайдо кардани Статути Римии СБҶ дар соли 2002 оид ба кӯдакон –сарбозон буд. Пешвои яке аз гурӯҳҳои шӯришгарони африкоӣ Томас Лубанга барои солҳои 2002-2003 дар музофоти Итураи Конго ба амалиётҳои ҷангӣ ҷалбсозии кӯдакони то 15- сола дар рафти низоъҳои мусаллаҳона дар Ҷумҳурии Демократии Конго айбдор карда мешавад. Бисёр вақт кӯдаконро чун ғуломи шаҳвонии сарбозон истифода мекунанд. Бо ҷалбсозии кӯдакон ба амалиётҳои ҷангӣ, аз ҷумла ба ном қувваҳои ватандӯсти озодкунандаи Конго (ҚВОК) – гурӯҳи ҷангии ҳизби Иттиҳоди ватандӯстони Конго (ИВК), ки раисаш он замон Лубанга буд, машғул шудааст. Дар хулосаи айбнома қайд гардидааст, ки Лубанга нақшаи ҷалбсозии оммавии кӯдаконро дар ҚВОК ҳамоҳанг месохт, воридшавии маблағҳоро барои нигоҳдории лагерҳое, ки дар онҳо кӯдакон – сарбозон тайёр карда мешуданд, таъмин менамуд. Зикр мегардад, ки вай волидонро барои додани кӯдаконашон ба сафҳои ҚВОК ҳавасманд месохт ва кӯдаконро ба сифати муҳофизу посдорони худ истифода мекард. Ҳангоми шиддати низоъ дар музофоти Итура дар он қариб 30 ҳазор кӯдак иштирок доштанд, ки баъзеашон ҳатто ба синни 10-солагӣ нарасида буданд.
Ба ҷуз Статути СБҶ, ки ҷавобгарии байналхалқии ҷиноятиро барои кирдорҳои марбут ба даъвати кӯдакон ба хизмати ҳарбӣ, сафарбаркунии кӯдакони ҳанӯз ба синни 15 нарасида ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, ё истифодаи фаъолонаи онҳо дар амалиётҳои ҷангӣ дар доираи низоъҳои мусаллаҳонаи чи байналхалқӣ ва чи ғайрибайналхалқӣ муқаррар менамояд, ин ҳамаро инчунин Конвенсияи Ташкилоти байналхалқии меҳнат (ТБМ) № 182 дар бораи манъ кардан ва дидани чораҳои фаврӣ оид ба решакансозии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон (июни соли 1999) чун ҷинояти ҳарбӣ, ҷалбсозии маҷбурӣ ё ҳатмии кӯдакон барои истифодаи онҳо дар низоъҳои мусаллаҳона манъ месозад.
Протоколи факултативии марбут ба иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона ӯҳдадориҳои давлатҳои иштирокдорро бобати андешидани тадбирҳои имконпазир баҳри таъмини он ки хизматчиёни ҳарбии ба синни 18-солагӣ нарасида бевосита дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок накунанд ва ҳамчунин ашхоси ҳанӯз 18 сола нашуда ба таври ҳатмӣ ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳ даъват карда нашаванд, муқаррар менамояд. Протокол ҳамчунин ӯҳдадорие ба зимма мегузорад, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи ба қувваҳои мусаллаҳи давлатҳо шомилнабуда ё аз онҳо фарқкунанда (масалан, чун армияҳои шӯришгарон, ки мо дар боло дар бораашон сухан рондем) дар ягон ҳолат ашхоси ба синни 18 нарасидаро ба қувваҳои мусаллаҳ ҷалб насозанд ё онҳоро дар амалиётҳои ҷангӣ истифода накунанд. Давлатҳои иштирокдор барои пешгирии чунин ҷалбсозию истифодаи кӯдакон бо фарогирии андешидани тадбирҳои ҳуқуқии зарурӣ баҳри манъсозӣ ва криминалӣ гардидани чунин амалия бояд ҳамаи чораҳои имконпазирро бинанд.
Дигар ӯҳдадории муҳими давлатҳои иштирокдор аз он иборат аст, ки ноболиғони бар хилофи нишондоди ин протокол ба ҳар ҳол ба қувваҳои мусаллаҳ ҷалбгардида ва дар амалиётҳои ҷангӣ истифодашуда бояд аз сафҳои қувваҳои мусаллаҳ ҷавоб дода шаванд, ё бо тарзҳои дигар аз хизмати ҳарбӣ озод гарданд. Дар мавриди зарурат давлатҳои иштирокдор бояд ба чунин кӯдакон бо мақсади барқарорсозии вазъи ҷисмонию психологии онҳо, инчунин ҳамгироии такрорӣ, яъне бозгашташон ба ҳаёти мӯътадили осоишта ҳамаҷониба ёрӣ расонанд.
? Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом синни даъват ба хизмати ҳарбӣ муқаррар карда шудааст?
- Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои
кӯдак марбут ба хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакона ва порнографияи кӯдакона
Ба қабули Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак марбут ба хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакона ва порнографияи кӯдакона низ вусъати миқёси ин проблемаҳо – қочоқи байналхалқии ҳамлу нақли кӯдакон бо мақсади хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагарӣ ва порнографияи кӯдакона, амалияи хеле паҳнгардида ва давомдоштаи секс – туризм, ки махсусан барои кӯдакон хатарнок аст (зеро он хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагарӣ ва порнографияи кӯдаконро бевосита вусъат мебахшад) сабаб гардад. Дар Протокол ҳамчунин қайд гардидааст, ки баъзе гурӯҳҳои махсусан нозуки кӯдакон, аз ҷумла духтаракони хурдсол, ба андозаи зиёд дучори хатари истисмори шаҳвонӣ мегарданд ва байни кӯдакони дучори истисмори шаҳвонӣ мегашта теъдоди духтаракони хурдсол хеле зиёд аст. Баъдан дар ҳуҷҷат изҳор мегардад, ки барои барҳам додани хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакона ва порнографияи кӯдакона танҳо қабули муносибати ҳамаро фарогирандае, ки ҳамаи омилҳои мусоидаткунандаро аз ҷумла бо фарогирии рушди нокифоя, қашшоқӣ, номутаносубии иқтисодӣ, сохтори нобаробарҳуқуқи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, мавҷудияти оилаҳои носолим, сатҳи пасти таҳсилот, муҳоҷирати байни шаҳрҳо ва деҳот, табъиз аз рӯи аломати ҷинсӣ, рафтори бемасъулиятонаи шаҳвонии калонсолон, навъҳои зараррасони амалияи анъанавӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва ҳамлу нақли қочоқи кӯдакон фаро мегирад, ёрӣ мерасонад. Муқаррароти Протоколи факултативӣ барои муваффақ шудан ба ҳадафҳои Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, махсусан татбиқи муқаррароти он, ки дар моддаҳои 1, 11, 21, 32, 33, 34, 35 ва 36-и Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак таҳким бахшида шудаанд, кӯмак мекунад.
? Марҳамат карда, ба хотир оред, ки дар моддаҳои зикршудаи Конвенсия кадом ҳуқуқҳои асосии кӯдакон инъикос гардидаанд?
То қабули протоколи мазкур дар соҳаи ҳифзи кӯдакон дар ин самт якчанд санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ мавҷуд бошанд ҳам (масалан, Конвенсияи Гаага дар бораи ҳифзи кӯдакон ва ҳамкорӣ дар соҳаи писархонии байналмилалӣ, Конвенсияи Гаага дар бораи ҷанбаҳои гражданӣ-ҳуқуқии дуздии байналмилалии кӯдакон ва Конвенсияи аллакай хотиррасонгардидаи ТБМ № 182 дар бораи манъ кардан ва чораҳои фаврӣ оид ба решакан кардани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакона), онҳо чандон эътирофи калон надоштанд. Соли 1996 дар Конгресси умумиҷаҳонӣ бар зидди истисмори шаҳвонии кӯдакон ба мақсадҳои тиҷоратӣ Барномаи амалиёт оид ба пешгирии хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакона ва порнографияи кӯдакона, ҳамчунин Эъломия ва Нақшаи амалиёт қабул гардиданд, ки дар асоси Протоколи факултативӣ қарор гирифтанд.
Давлатҳои иштирокдори протокол ӯҳдадор мешаванд, ки дар мамлакатҳои худ хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакона ва порнографияи кӯдаконаро манъ карда, таъқиби ҷиноятиро барои ҷиноятҳои зерин таъмин менамоянд (ҳамчунин дар сурати зарурат ин кирдорҳоро дар қонунгузориҳои ҷиноятии худ криминалӣ мегардонанд):
- дар қаринаи хариду фурӯши кӯдакон – пешниҳод кардан, додан ё гирифтани кӯдак бо ҳама гуна воситаҳо ба мақсади истисмори шаҳвонии ӯ, фурӯхтани узвҳои кӯдак, истифодаи кӯдак дар корҳои маҷбурӣ; майлкунонии ғайриҳуқуқӣ ба сифати миёнрав ба ризоият баҳри писархонии кӯдак бар хилофи санадҳои роҷеъ ба писархонӣ истифодашавандаи байналмилалӣ-ҳуқуқӣ;
- пешниҳод кардан, гирифтан, додан ё пешбарӣ намудани кӯдак ба мақсадҳои фоҳишагарии кӯдакона;
- истеҳсол, тақсимот, паҳн кардан, воридот, содирот, пешниҳод кардан, фурӯхтан ё нигаҳдории порнографияи кӯдакона.
Дар протокол ҳамчунин таърифи хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакона ва порнографияи кӯдакона дода шудааст.
Барои мақсадҳои Протоколи мазкур:
а) хариду фурӯши кӯдакон ҳама гуна амал ва созишест, ки тавассути он кӯдак аз ҷониби ҳама гуна шахс ё гурӯҳ ба шахс ё гурӯҳи дигар бар ивази пул ё ҳама гуна подоши дигар дода мешавад;
b) фоҳишагарии кӯдакона маънии дар фаъолияти характери шаҳвонидошта бар ивази пул ё ҳама гуна подоши дигар истифода кардани кӯдакро дорад.
с) порнографияи кӯдакона бо ҳама гуна воситаҳо дар ҳама гуна шакл тасвир шудани кӯдаки машғули амалиёти воқеии ошкорои шаҳвонӣ ё сохташуда, ё тасвири олоти ҷинсии кӯдак асосан ба мақсадҳои шаҳвонӣ мебошад.
Моддаи 2-и Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак марбут ба хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакона ва порнографияи кӯдакона.
Дар ҳуҷҷат ҳамкории байналмилалии мамлакатҳои иштирокдор бо мақсади таҳқиқ, таъқиби ҷиноятӣ ё додани ашхоси ба амалисозии хариду фурӯш кӯдакон ва фоҳишагарию порнографияи кӯдакона гумонбар мавқеи зиёдеро ишғол менамояд. Байни муқаррароти муҳими дар протоколи факултативӣ таҳкимбахшидашуда ҳамчунин қайд кардани ӯҳдадории давлатҳои иштирокдор бобати андешидани тадбирҳои зарурӣ баҳри ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои кӯдакони ҷабрдидаи амалияи манъкардаи Протокол ҷоиз аст, аз ҷумла: бо роҳи ба онҳо пешниҳод кардани хадамот оид ба дастгирии зарурӣ дар ҳамаи марҳилаҳои истеҳсолоти судӣ; ҳифзи ҳаёти хусусӣ ва шахсияти кӯдакони ҷабрдида, таъминоти ҳифзи онҳо, ҳамчунин оилаҳои онҳо ва шоҳидони аз номи онҳо баромадкарда аз тарсондан ва истифодаи чораҳои қасосгирӣ; норавоии кашол додани баровардани қарорҳо ва иҷрои онҳо аз рӯи корҳо, ҳамчунин додани ҷубронҳо ба чунин кӯдакон.
?. Ба андешаи Шумо, Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак марбут ба хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакона ва порнографияи кӯдакона барои Тоҷикистон то чӣ андоза муҳим аст?
Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак марбут ба иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона, даъват ба хизмати ҳарбӣ, Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак марбут ба хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакона ва порнографияи кӯдакона.