Фанни Ҳуқуқи инсон

Созмони Амнияту Ҳамкорӣ Дар Аврупо (Саҳа)

1.Таърихи таъсисёбии САҲА ва самтҳои асосии

фаъолияти он доир ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон

Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) 55 давлатро муттаҳид карда, ба худ ҳамаи мамлакатҳои аврупоӣ, ИМА, Канада ва ҳамаи мамолики ИДМ-ро шомил месозад. Салафи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) – Машварат оид ба амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (МАҲА), ки форуми бисёрҷониба барои ташкилу бурдани муколама ва гуфтушунидҳо байни Шарқу Ғарб дар замонҳои «ҷанги сард» маҳсуб мешуд, ҳанӯз ибтидои солҳои 70-ум таъсис ёфта буд.

1 августи соли 1975 32 мамлакати аврупоӣ, ИМА ва Канада баъди машваратҳои зиёди беш аз дусола Ҳуҷҷати хотимавии Хелсинкиро имзо карданд. Дар он як қатор ӯҳдадориҳои асосӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодиёт ва ҳифзи муҳити зист, инчунин ҳуқуқҳои инсон таҳким бахшида шуда, принсипҳои асосии «Ҳуҷҷати Хелсинки» дар рафтори давлатҳо дар муносибат бар шаҳрвандони худ ва дар муносибати байни ҳамдигар зикр гардиданд.

То соли 1990 МАҲА асосан дар шакли силсилаи вохӯриҳо ва конфронсҳо, ки дар онҳо ӯҳдадориҳои давлатҳои иштирокдор инкишоф дода ва вусъат бахшида мешуданд, ҳамчунин давра ба давра рафти иҷрои онҳо баррасӣ мегардиданд, амал мекард. Аммо бо қатъ гардидани ҷанги сард дар вохӯрии аввалини сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои мамлакатҳои иштирокдори МАҲА дар соли 1990 дар Париж роҳи нави рушди созмон тарҳрезӣ шуд. Дар «Хартия барои Аврупои нав», ки дар Париж имзо гардид, дар назди МАҲА вазифаи гузоштани саҳми худ дар раванди идоракунии дигаргуниҳои таърихӣ дар Аврупо ва додани ҷавоб ба даъватҳои давраи баъдимухолифат бо таъсиси институтҳои доимоамалкунанда гузошта шуд.

Дар қаринаи мулоқоти Париж созишномаи муҳиме оид ба назорат ба силоҳ – Шартнома оид ба силоҳи муқаррарӣ дар Аврупо (ШСМА) баста шуд, ки то ба имрӯз санги маҳаки амният дар Аврупо маҳсуб мешавад.

Соли 1994 қарор шуд, ки МАҲА аз 1 январи соли 1995 ба Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) табдил дода шавад. Ин қарор ба кори вай такони нави сиёсӣ дода, ҷараёни дигаргуншавии сохтории созмонро хотима бахшид.

САҲА бо муносибати махсуси ба ҳамкорӣ асосёфтаи худ барои таъмини амният фарқ мекунад. Вай се самти амният – ҳарбӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ/экологӣ ва инсониро фаро гирифта, дар ҳамин асос САҲА бо доираи васеи проблемаҳои марбут ба пешгирии низоъҳо, таҳкими амният (бо фарогирии зидди амал бо терроризм), назорат ба силоҳ, тадбирҳои мустаҳкам кардани боварӣ ва амният, масъалаҳои иқтисодӣ ва экологӣ, ҳуқуқҳои инсон, демократикунонӣ ва ғайра сару кор мегирад. Ҳамаи 55 давлат мақоми баробар доранд, зеро қарорҳо тавассути консенсус, яъне ризоияти давлатҳои иштирокдор қабул шуда, зимнан, онҳо характери сиёсӣ доранд, на юридикии ҳатмӣ.

Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ташкилоти байналмилалии байнидавлатиест, ки барои таъмини амният ва пешгирии низоъҳо дар минтақаи мамлакатҳои иштирокдори САҲА дар се самт: ҳарбӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ/экологӣ ва инсонӣ дар асоси ҳамкории байналмилалӣ таъсис дода шудааст.

Яке аз институтҳои муҳимтарини САҲА, ки бо масъалаи ҳуқуқҳои инсон машғул аст, Дафтари САҲА оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон (ДИДҲИ) мебошад. Дафтари мазкур дар мушоҳидаи гузаронидани интихобот, кӯмак кардан дар барқарории институтҳои миллӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон, расонидани ёрии техникӣ нақши фаъолона бозида, ҳамчунин ба инкишофи созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунад.

Комиссари Олии САҲА оид ба корҳои ақаллиятҳои миллӣ (КОАМ) дар соҳаи пешгирии қаблӣ ва барҳам додани низоъҳо дар заминаҳои байналмилалӣ нақши муҳим мебозад. Вай вазъиятҳои вобаста ба ақаллиятҳои миллӣ пайдошударо таҳлил мекунад, бобати батанзимдарории бӯҳрони имконпазир дар марҳалаи нисбатан барвақти инкишоф ёфтани он тадбирҳо меандешад. КОАМ новобаста аз ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор амал карда, ба маҳалҳо намояндаҳо мефиристад ва усулҳои дипломатияи пешгирикунандаро истифода менамояд.

Намояндаи САҲА оид ба ВАО институти нисбатан ҷавони САҲА буда, бо мақсади мушоҳидаи вазъият дар соҳаи воситаҳои ахбори омма дар мамлакатҳои иштирокдор, расонидани кӯмаки зарурӣ ба онҳо ва фавран амал кардан дар ҳолатҳои ҷиддан вайрон карда шудани принсипҳо ва ӯҳдадориҳои дар доираи САҲА қабулшуда, ки марбут ба масъалаҳои озодии баёни афкор ва озодии ВАО мебошанд, соли 1997 таъсис дода шудааст.

2.Фаъолияти САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон фаъолияти худро соли 1994 оғоз кардааст.

Вазифаҳои асосие, ки он замон дар назди намояндагӣ гузошта шуданд, расонидани кӯмак ба мусолиҳаи сиёсӣ, барпо кардани демократия ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон буданд. Чунончи, намояндагӣ кӯмаки худро дар таҳияи лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 пешниҳод кард, ба рафти гуфтушунидҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин, ки бо дастгирии СММ ва ҳукуматҳои як қатор мамлакатҳои дигар сурат гирифт, назорат кард. Вақте моҳи июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид, намояндагии САҲА дар Тоҷикистон яке аз ҷонибҳои аввалине буд, ки моҳи маи соли 1997 дар Теҳрон Протокол дар бораи кафолатҳои амалишавии ин созишномаро имзо кард. Аз сентябри соли 1997 САҲА ба расонидани кӯмак ба кори Комиссияи оштии миллӣ шурӯъ кард.

Байни дигар барномаҳои САҲА инчунин расонидани кӯмак дар ҷавоб додани ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи мухолифин ва навсозии сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ҳамгироии нави иҷтимоии гурезаҳои баргарданда буданд. САҲА дар кори дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи қонунгузориҳо дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, интихобот ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуд.

САҲА ваколати худро дар самти инсонӣ амалӣ сохта, рафти парвандаҳои ҷиноятии алоҳидаро мушоҳида кард, ба шикоятҳои шаҳрвандони Тоҷикистон бобати нисбат ба онҳо истифода шудани шиканҷа, дастгиркуниҳои ғайриқонунӣ ва ё баррасиҳои беадолатонаи судӣ бо роҳи ба чунин ҳодисаҳои вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон ҷалб сохтан таваҷҷӯҳи мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон диққат дод.

Намояндагии САҲА ҳамчун нозир дар интихоботҳои парлумонӣ ва президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзид, барои кормандони воситаҳои ахбори омма оид ба стандартҳои байналмилалии гузаронидан ва инъикос намудани интихоботҳои демократӣ семинарҳо ташкил кард.

Моҳи октябри соли 2002 ваколати ҳузури САҲА дар Тоҷикистон таҷдиди назар гардида, намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ба Маркази САҲА дар Душанбе табдил дода шуд.

Байни вазифаҳои аввалиндараҷаи Марказ ҳанӯз чун пештара татбиқи принсипҳо ва ӯҳдадориҳои САҲА дар ҷабҳаи минтақавӣ ва кӯмакрасонӣ ба Тоҷикистон дар рушди заминаҳои ҳуқуқӣ ва демократикунонии равандҳо ва институтҳои сиёсӣ боқӣ мондаанд.

Чунончи, дар самти иқтисодӣ ва экологӣ Маркази САҲА ба Ҳукумат бобати амалисозии стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи дастгирии бизнеси хурду миёна, дар мамлакат татбиқ намудани ислоҳоти замин, пешбурди савдо байни Тоҷикистон ва мамлакатҳои ҳамсоя кӯмак мерасонад. Маркази САҲА ҳамчунин ба рушди экологӣ назорат (мониторинг) мебарад ва дар ҳалли масоили харобшавии замин, радиоактивҳои гӯркардашуда, рушди стратегия ва қонунгузорӣ дар соҳаи экология ёрмандӣ мекунад.

Дар доираи барномаи гендерӣ Маркази САҲА чорабиниҳоро оид ба афзун сохтани огоҳии аҳолӣ нисбат ба баробарии гендерӣ дастгирӣ менамояд. Бо дастгирии Марказ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ якчанд маркази захиравии занҳо кушода шудаанд, ки ба занҳо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, психологӣ ва тиббӣ медиҳанд, ҳамчунин барои амалисозии таҳсилоти заминавӣ ва рушди касбӣ имкониятҳо фароҳам меоранд. Дар соҳаи мубориза бо ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон бошад, Марказ ба журналистон роҳҳои инъикоси ҳодисаҳои хариду фурӯши одамонро меомӯзонад, маъракаҳои иттилоотиро дастгирӣ менамояд ва дар рушди нақшаи миллии мубориза бар зидди ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон баҳри муайян кардани холигиҳо дар қонунгузорӣ ёрӣ расонда, ҳамчунин кӯмакҳои машваратӣ мекунад.

Марказ ҳамчунин барои дастгирии озодии матбуот, дастрасӣ ба иттилоот, рушди касбии журналистон, ташкилу пайдошавии рӯзномаю маҷаллаҳои нав кӯмакҳо мерасонад.

Кӯшишҳои зиддитеррористии Марказ асосан ба дастгирии рушди неруи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми сиёсӣ нигаронида шудаанд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон баъди худ дар шакли анборҳои силоҳу тир дар минтақаҳои гуногун мероси маргборе боқӣ гузошт, ки на танҳо ба амнияти ҷамъиятӣ, балки экологияи мамлакат низ хатар дорад. Дар ин самт САҲА ба амалисозии барномаи кӯмак оид ба дарёфт, беҳтар кардани шароитҳои нигоҳдорӣ ва маҳв сохтани яроқу тирҳо оғоз намуд. Дигар проблемаи ҷиддӣ дар соҳаи амният дар Тоҷикистон, чунон ки маълум аст, минтақаҳои минагӯркардашудаи замин аст, ки масоҳати умумии онҳо аз рӯи маълумотҳои мумайизон 25 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Аз соли 2003 инҷониб Маркази САҲА якҷоя бо Ҳукумат ва бо ҷалбсозии мушовирони ҳарбии хориҷӣ барномаи махсуси аз мина тоза кардани заминҳоро сар кард, ки дар доираи он аз ҷумла ташкил кардани ду маркази машқкунӣ барои сагҳо дастгирӣ ёфтааст.

Дар самти инсонӣ бошад, Марказ кӯшишҳои асосии худро ба дастгирии низоми судӣ ва мониторинги интихоботҳои дар мобайн барпошаванда, кӯмаки мумайизӣ дар масъалаҳои марбут ба ҳизбҳои сиёсӣ равона кардааст.

Ба ин тариқ, самтҳои асосии кори САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон ба дастгирии раванди минбаъдаи демократикунонӣ ва волоияти қонун, таҳкими амният, паҳн кардани донишҳо дар бораи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъалаҳои гендерӣ, кӯмак кардан ба мувозинати гендерӣ, рушди бизнеси хурду миёна, ҳуқуқҳои инсон ва озодии воситаҳои ахбори омма, ҳамчунин равияи иқтисодӣ/экологӣ бахшида шудааст.

? Аз вақти таъсиси намояндагии САҲА дар Тоҷикистон вазъият дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар ҷумҳурӣ то чӣ андоза дигаргун шудааст?

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: Машварати амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Ҳуҷҷати хотимавии Хелсинки, Хартия барои Аврупои нав, Дафтари САҲА оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *