Фанни фалсафаи иҷтимоӣ. Ҳастии иҷтимоӣ
- Тавсифи мухтасари фалсафаи иҷтимоӣ
- Соҳаи моддӣ ва маънавии ҳаёти ҷомеа
- Соҳаи иҷтимоӣ
Тавсифи мухтасари фалсафаи иҷтимоӣ
Фалсафаи иҷтимоӣ чун яке аз қисматҳои системаи умумии донишҳои фалсафӣ, ба омўзиши ҷамъият машғул мебошад. Фалсафаи иҷтимоӣ ҳамчун фани мустақили фалсафӣ дар оғози асри XX ба вуҷуд омад.
Объекти фалсафаи иҷтимоии муосир олами иҷтимоӣ бо ҳамаи гуногуншаклӣ ва ягонагии худ мебошад. Аммо ин олам танҳо объекти омўзиши фалсафаи иҷтимоӣ набуда, инчунин объекти омўзиши кулли илмҳои ҷамъиятӣ низ мебошад. Ҳар яке аз ин илмҳо қисмати муайяни худро аз ҷамъият меомўзад.
Фанҳое, ки ба омўзиши ҷамъият машғул мебошанд
Сотсиология қонунмандии барқароршавӣ ва инкишофӣ муносибатҳои иҷтимоӣ ва институтҳои ичтимоиро таҳлил менамояд.Таърих ҳодисаҳоеро тасвир ва шарҳ медиҳад, ки дар ҳудуди муайяни замон ва макон бавуҷуд омадаанд. Сиёсатшиноӣ масъалаҳои ҳокимият, сохтори сиёсии ҷомеа, инкишофи муносибатҳои сиёсӣ дар он, таъсирпазир будани ташкилотҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар ҷамъиятро мавриди омўзиш қарор медиҳад. Равоншиносии иҷтимоӣ муносибатҳои шахсӣ ва муносибатҳои байни мардумонро дар гурўҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Ҳуқуқшиносӣ падидаҳои ҳуқуқиеро меомўзад, ки муттаалиқ ба муносибатҳои мардумон бо қонунҳои дар ҷамъият муқараршуда мебошанд. Дар маркази омўзиши иқтисод раванди истеҳсол ва истеъмоли моддӣ ва инчунин соҳаи хизмат меистад. Ба ғайр аз фанҳои илмии номбаршуда, масъалаҳои ҷамият, амал ва инкишофи онро илмҳои дигар низ мавриди омўзиш қарор медиҳанд.
Ба доираи омўзиши фалсафаи иҷтимоӣ дохил мешаванд:
- Қонунҳои умумии барқароршавӣ ва инкишофи ҷамъият ҳамчун зерсистемаи олами ягона;
- Муносибатҳои арзишноки мардумон ба зуҳуроти иҷтимоӣ мувофиқати онҳо бо мақсад ва талаботи одамон;
- Муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ, ки воситаи баҳамоии мардумон дар ин ё он шароит мебошанд;
- Таъсири мутақобилаи байни ҷамъиятҳои гуногун, зуҳуротҳо ва равандҳое, ки дар ин ё он зина инкишофи инсониятро тавсиф менамоянд;
- Хусусияти ҳастии иҷтимоӣ ва олами рўҳонии мардумон ва шуури омавӣ ва колективии онҳо.
Аз инҷо бар меояд, ки фалсафаи иҷтимоӣ таваҷўҳро ба коркарди биниши “ҷамъбасти” — и олами иҷтимоӣ, ки илмҳои ҷузъии иҷтимоӣ дода наметавонанд, равона мекунад. Илмҳои ҷузъии иҷтимоӣ танҳо қисматҳои ҷудогона, тараф ва ҷанбаи ҷамиятро тадқиқ менамоянд.
Аммо хусусиятҳои зикршудаи фалсафаи иҷтимоӣ асос шуда наметавонанд, то мо бигўем, ки танҳо фалсафаи иҷтимоӣ метавонад проблемаҳои калидии ҷамъиятро ҳал намояд. Бе такя ба назарияи илмҳои ҷузъӣ, методҳои онҳо ва ба даст овардани далелҳои таҷрибавӣ бо ёрии онҳо фалсафаи иҷтимоӣ комилан як фанни бесамар ва бефоида мегардад.
Ҳастии иҷтимоӣ
Ҳастии иҷтимоӣ ин ҳастии якҷояи мардумон, ки дар он зиндагию амал мекунанд, ба таври ихтиёрӣ ва ғайриихтиёрӣ дар муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ дохил мешаванд. Ҳастии иҷтимоӣ дорои маҷмўи муносибатҳое мебошад, ки вобастагӣ аз шуур ва ихтиёри мардумон надорад: истеҳсолӣ, синфӣ, миллӣ, оилавӣ ахлоқӣ, сиёсӣ ва ғайра.
Соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ баъзе зерсохторҳои иҷтимоиро меноманд, ки ҳаркадомашон аз ҳамдигар бо хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунанд. Одатан чунин соҳаҳо чорто мебошанд: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ.
Соҳаи моддӣ ва маънавии ҳаёти ҷомеа
Муносибатҳои иқтисодӣ истеҳсолӣ ифодакунандаи муносибатҳое мебошад, ки байни мардумон, дар раванди истеҳсолот, мубодила, тақсимот ва истеъмоли неъматҳои моддӣ ба вуҷуд меоянд. Яке аз нуқтаи назарҳо оиди ҷамъият, ки дар фалсафа вуҷуд дорад ин нуқтаи назари маркисистӣ мебошад, ки аз рўи он ин муносибатҳо асоси ҳастии иҷтимоиро ташкил менамоянд. Барои чӣ маркисизм нисбати дигар муносибатҳои иҷтимоӣ муносибатҳои иқтисодӣ, яъне модиро муқаддам мешуморад? Ба ақидаи марксизм пеш аз он ки одам ҳам чун инсон мавҷуди иҷтимоӣ гардад, барои ў лозим омад, ки фаъолияти муштаракро, ки ба таъмин намудани шароитҳои оддӣ барои мавҷудияти ў чун хурдан, пўшидан ва паногоҳ сохтан вобаста буд, омўзад. Бо ибораи дигар, аз рўи андешаи марксизм фаъолияти моддӣ дар ибтидои ҳаёти инсоният бартарӣ дошта, натанхо муайянкунандаи дигар фаъолиятхо, балки муайянкунандаи моҳияти худи инсон буд. Дар тули таърихи инсоният фаъолияти моддӣ дар байни дигар фаъолиятхо муайянкунанда мемонад.
Асоси ҳастии маънавӣ фаъолияти маънавии мардумон мебошад, ки сабаби он боиси пайдоиши натиҷаи бағоят махсус – ақидаҳо ва назарияҳои илмӣ, эҷодиёти адабиёт ва санъат, назарияҳои ахлоқӣ, эстетикӣ ва динӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ғ. мегардад.
Соҳаи маънавии ҳаёти ҷомеа ё ҳастии маънавии он ҳамаи тарафҳои фаъолияти инсонро фаро мегирад ва институтҳои махсусеро, ки ба амалӣ намудани истеҳсол, вусъатдиҳӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавӣ сару кор доран, дар бар мегирад.
Аз рўи нуқтаи назари марксизм модиёт муайянкунандаи маънавиёти ҷомеа ба шумор меравад. Аммо ин андешаро набояд мутлақан дуруст шуморид. Дуруст аст, ки дар ибтидо, яъне дар ҷомеаи ибтидоӣ моддиёт барои ташаккули шуури ҷамъиятӣ таъсирпазир буд. Аммо дар инкишофи минбаъдаи ҷамъият дар шуури ҷамъиятӣ на танҳо дар зери таъғиротҳои шароитҳои ҳастии ҷамъиятӣ дигаргунӣ ба вуҷуд меояд, балки зери таъсири институтҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, системаи маориф, системаи иттилооти оммавӣ шуури ҷамъиятӣ ба таъғирот дучор мегардад. Бинобар ин модиёт ва маънавиёти ҷомеа ба ҳам таъсири баробар доранд.
Соҳаи иҷтимоӣ
Зери мафҳуми соҳаи иҷтимоии ҷомеа ҳастии ҷамъиятии таърихан таркибёфта, ки нишондиҳандаи алоқаҳои бисёр устувори чи дохилӣ ва чи байни умумиятҳои гуногун: қабилавӣ, синфӣ, касбӣ, этномиллӣ, минтақавӣ, демографӣ, нажодӣ, оилавӣ ва ғайра фаҳмида мешавад. Алоқаҳои зиёд байни ин умумиятҳо мазмуни мафҳуми “сохтори иҷтимоӣ” – ро ташкил медиҳанд.
Хусусияти афзалиятноки алоқаҳо ва муносибатҳо дар сохтори иҷтимоии ҷомеа дар бисёр маврид аз навъҳои муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ вобаста мебошанд. Дар ҷомеаи ибтидоӣ моликияти умумӣ ҳукмфармо буда, муносибатҳои қавмию қабилавӣ бартарӣ дошт. Дар системаи ғуломдорӣ дар якҷоягӣ бо тақсимоти меҳнат, истеҳсолоти молӣ ва моликияти хусусӣ синфҳо (ғулом ва ғуломдор) бавуҷуд меоянд. Чунин умумияти этникӣ чун халқият пайдо мешавад. Дар ҷомеаи феодалӣ зери таъсири таъғироти бунёдии муносибатҳои иқтисодӣ сохтори нави иҷтимоӣ, ки иборат аз феодалҳо, деҳқонон, ҳунармандон ва ғайраҳо мебошад, ташаккул меёбад. Даврони ҷомеаи индустралии тамоюли капиталистӣ синфҳои буржуазия ва коргарҳои кирояро ба вуҷуд меоварад. Бо инкишофи ҷамъият сохтори иҷтимоии он ҳар замон бештар мураккабтар мегардад, тафовут байни мухолифон вайрон мегардад аз нуқтаи назари муносибат ба воситаҳои истеҳсолот, синфҳо ва ғ.
Баъзе файласуфон чунин мешуморанд, ки ҷузъи муайянкунандаи сохтори иҷтимоӣ синфҳо мебошанд, ки пеш аз ҳама бо муносибат ба воситаҳои истеҳсолот фарқ мекунанд. Мухолифат ва зиддият байни манфиатҳои ин синфҳои иҷтимоӣ муборизаи синфҳоро ба вуҷуд меоварад. Ин муборизаи синфхои асосии иҷтимоӣ дигар табақотҳои ҷамъиятиро низ ба худ кашида, оқибат бо иваз гардидани муносибатҳои иқтисодӣ ба охир мерасида, ва ба таъғирот дар сохтори иҷтимоии ҷомеа оварда мерасонад.
Дар фалсафа ва сотсиологияи муосир муносибат ба таҳлили инкишофи иҷтимоӣ комилан таъғир ёфтааст. Мазмуни баъзе катигорияҳои бунёдӣ аз қабили “синф”, “буржуазия”, “пролетариат” куҳна гардида, дар тадқиқотҳои нав истифода намегарданд.
Яке аз муносибатҳое, ки дар муқобили муносибатҳои синфӣ меистад ин муносибати стратификатсионӣ (қабатбандӣ) мебошад. Тарафдорони назарияи қабатбандии иҷтимоӣ муносибати моликиятро нишонаи асосии тақсими ҷамъият ба синфҳо намешуморанд. Аз рўи нуқтаи назари онҳо асос барои тақсими ҷамъият ба гурўҳои иҷтимоӣ қабатҳо “стратҳо” сатҳи маълумот ё даромад, наздикӣ ба ҳокимият, хусусияти шароитҳои маишӣ, таъминот аз кор, касб ва ғайра шуда метавонад.
Дар бисёр назарияҳои қабатбандии иҷтимоӣ, дар тафовут аз назарияи марксистӣ, ки ҷомеаи капиталистиро ба ду синфи асосӣ пролетариат ва буржуазия, ки дар муносибатҳои антигонистӣ қарор доштанд, ҷудо мекард, дар ҷомеаи муосир се синфи асосиро нишон медиҳанд. Синфҳои олӣ ё синфи сарватмандон, синфҳои поёнӣ ё синфи нодорҳо, синфҳои миёна ё синфи мардуми миёнаҳол. Бояд қайд кард, ки мафҳуми синф дар назарияи қабатбандии иҷтимоӣ аз он синфе, ки дар назарияи марксистӣ вуҷуд дорад комилан фарқ мекунад.