Сайри таърихии проблемаи инсон
Андешаи муттафакирони атиқа ва асрҳои миёна оиди инсон
Андешаи мутфаккирони тоҷик
Андешаи мутафаккирони Замони Нав
Файласуфони атиқа, махсусан табоиён инсонро чун тимсоли коинот чун «олами сағир», микрокосм ҳисоб мекарданд. Ин нуқтаи назар баъдтар такмилёфта, то замони мо низ идома ёфт. (дар вақти баррасси ақидаҳои мутафаккирони тоҷик дар таълимоти Ҳаким Носири Хусрав ин масъаларо дида мебароем). Оғоз аз Суқроти ҳаким файласуфони атиқа инсонро чун мавҷуди дубаъдӣ, иборат аз ҷисму ҷон ҳисоб мекарданд. Афлотун ҷонро бо идея мувофиқ мекард, Арасту ҷонро сурат ҳисоб мекард.
Дар фалсафаи асрҳои миёнаи Урупо онқадар ҷудокунӣ байни ҷисму ҷон намеравад, чиқадаре, ки байни «инсони ҷисмонӣ» ва «инсони рўҳонӣ» меравад. Асли инсон сеқисма фаҳмида мешавад: ҷисм-ҷон-рўҳ.
Дар фалсафаи ниёгони мо ба масъалаи инсон эътибори ҷиддӣ медоданд. Меҳвари асосии фалсафаи мутафаккирони форс-тоҷикро масъалаи инсон ташкил менамояд. Бинобар ин масъалаи мазкурро дар таълимоти ду намояндаи барҷастаи фалсафаи форс-тоҷик Носири Хусрав ва Ҷалолуддини Румӣ нисбатан муфасалтар дида мебароем. Носири Хусрав олами сағир (микрокосм)-инсон ва олами кабир (макрокосм)-ҷаҳонро ба ҳам муқоиса намуда, ба чунин хулоса меояд, ки он чи дар олами кабир мавҷуд аст, дар олами сағир низ вуҷуд дорад. Бино бар ин ҳаким таркиби инсонро чун феҳристи ин китоби бузург- олам ҳисоб мекунад: «Ва ҳукамои дини ҳақ гуфтаанд, ки таркиби мардум олами мухтасар аст ва гуфтаанд, ки таркиби мардум аз ин олам бар мисоли феҳрист аз китоби бузург, ки ҳар чи андар ин китоб бошад, дар феҳрист аз он асаре падид карда бошад ва моро ба куллиёти чизҳо иттилоъ ҷуз ба истидлол аз ҷузвиёт набошад».* Ба андешаи мутафаккир аз ин «феҳрист», яъне аз инсон, ҳамаи матлаби «китоби бузург»-ро хондан мумкин аст. Ҳамин тариқ ў Офтобро ба дили олами кабир ва Моҳтобро ба мағзи сари олами кабир ва панҷ ситораи дигар-Зуҳал, Муштарӣ, Мирих, Зуҳра ва Аторудро ба панҷ ҳисси ҷасади олам монанд мекунад.
Ҷалолуддини Румӣ низ ақида дорад, ки инсон метавонад ҳамаи зурриёти оламро дар худ бибинад:
Гар ту одамзодаи чун ў нишин,
Ҷумла зурриётро дар худ бубин (4. 809).
Масъалаи дигари роҷеъ ба инсон, ки мавриди баррасии таълимоти Носири Хусрав ва Ҷалолуддинӣ Румӣ қарор гирифтааст, ин миёнҷии ҳайвону фаришта будани инсон аст. Азбаски ба ақидаи ҳар ду донишманд ҷисми инсон мабдаъи ҳайвонӣ ва рўҳи ў мабдаъи фариштагист мақоми инсон дар таълимоти онҳо дар миёни сутуру фаришта қарор дорад. Яъне инсон ҳам ҷанбаи ҳайвонӣ дорад ва ҳам ҷанбаи фариштагӣ. Ба ҳар тарафе, ки майли инсон бештар бошад, хусусияти он тараф (ҳайвонӣ ё фариштагӣ) дар ў бештар зоҳир мегардад. Бинобар ин инсон сохибихтиёр аст, ё иродаи озод дорад, ки майл ба суӣ сутурӣ ё фариштагӣ кунад. Яъне, роҳи худро худи инсон муайян мекунад. Аммо аз дигар рўй инсон маҷбур аст, зеро мақоми ў на аз тарафи ў, балки зотан чунин муайян шудааст. Ба қавли Носири Хусрав инсон миёнҷист- миёни сутуру фаришта. Зеро ў ҳам нафси шаҳвонӣ ва ҳам нафси оқила дорад, ки якумӣ аз ҳайвон ва дувумӣ аз фаришта аст. Кори фаришта, ки чун ба ҳадди феъл расида бошад, фақат ибодат буда, аз ў гуноҳе содир намешавад. Фаришта аз ибодати худ савоб намеёбад ва ҳайвон аз бетоатӣ ва маъсияти худ ҷазо намебинад. Вале мақоми инсон, ки байни сутуру фаришта қарор дорад «ўро ба тоат савоб ва дар маъсият иқоб».* Румӣ низ фариштаро аз ақлу илму ҷуд баҳраманд медонад, ки кори ў танҳо ибодат буда, дар унсураш ҳирсу ҳавво нест, ў ба ишқи Худо зинда аст. Ҳайвон бошад аз дониш бенасиб аст, кораш фақат хурдан буда, аз ишқу шараф бебаҳра аст. Аммо инсон, ки ба андешаи Румӣ низ миёнҷии ҳайвону фаришта аст, нимаи ҳайвонӣ ўро ба пастӣ ва нимаи фариштагӣ ўро ба олами ақл мутамоил месозад (4.1503-1504). Аз андешахои Носири Хусрав ва Румӣ бар меояд, ки фаришта ва ҳайвон ба такмил ва худсозӣ эҳтиёҷ надоранд, зеро онҳо мавҷуди тайёранд. Аммо инсон, ки байни онҳо мақом дорад, нотамом аст. Яъне на хосияти ҳайвонӣ дар ў ба таври комил аст ва на хосияти фариштагӣ. Бинобар ин инсон бояд, ба андешаи ҳар ду мутафаккир, худсозӣ кунад, то ба ҳадди камол расад.
Дар Замони Нав хусусияти инсон дар ақл, дар андеша муқаррар мешавад. Мазмуни муайяни ҷон ин шуур мебошад. Чунин аст мавқеи Декарт. И. Кант, ки бешубҳа андешаҳои ў дар мавриди мақоми инсон аз фалсафаи Шарқ сарчашма гирифтанд, чунин андеша дорад, ки агар инсон ба таври пурра тамом мебуд, пас вай ё ҳайвон ва ё фаришта мешуд. Аммо ў на фаришта ва на ҳайвон аст, балки чун миёнҷӣ ним ҳайвон ва ним фаришта аст. Ин нима будан, ба андешаи Кант инсонро ба мавҷудоти нотамом дохил мекунад. Тақсимшавии инсон ба сутуру фаришта аз рўи ақида Кант боиси зиддият ва душманӣ мегардад. Ин андешаи ў бо мазмуни ин байти Румӣ мувофиқ аст:
Он ду қавм осуда аз ҷангу ҳироб,
В- ин башар бо ду мухолиф дар азоб ( 4.1505)
Нопойдорӣ ва мунтаҳои ҳастии худро пай бурда, инсон наметавонад, ки оиди масъалаи вазифа ва таъиноти худ, оиди мақсад ва маънии мавҷудияти ҳаёти худ андеша накунад. Имрўз ҳам чун асрҳои қабл ҳар як инсон ҷавоби худро дорад.
* Носири Хусрав. –Љ.3.-Куллиёт, 2003-С.-126.
* Њамон ҷо. –С. 185.