Фанни Фалсафа

Фалсафаи шарқи исломӣ

  1. Фалсафаи машшоия
  2. Фалсафаи ибн Сино
  3. Таълимоти калом
  4. Фалсафаи исмоилия
  5. Носири Хусрав
  6. Таълимоти тасаввуф
  7. Ҷалолуддини Румӣ
Фалсафаи машшоия

Машшоияи Шарқ – фалсафаи исломии асрҳои IX—XII , ки такя бар таълимоти Арасту мекард. Аммо ин фалсафа тақлиди фалсафаи юнонӣ набуда, балки дорои ситема ва масъалаҳои хоси худ мебошад. Яке аз хусусиятҳои хоси ин фалсафа иборат аст аз пайванди ақидаҳои динӣ бо фалсафа. Намояндагони барҷастаи ин равия: Ал-Киндӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд.

Хусусиятҳои асосӣ

  • Тарзи баёни ақлӣ-мантиқии фикр
  • Тафовут байни мумкин ал-вуҷуд ва имкон ал вуҷуд
  • Идроки Худованд ҳамчун муҳаррики абадӣ
Фалсафаи Ибн Сино (980-1037)

Ибни Сино (дар урупо бо номи Авиценна, Avicenna машҳур аст). Яке аз донишмандони бузурги тоҷик ба шумор мервад, ки дар соҳаҳои гуногуни илми замони худ заҳмат кашида, ба муваффақиятҳои бузург ноил гардидааст. Асарҳои ў чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб хело машҳур гашта буданд. Бисёр донишмандон аз ў пайрвӣ мекарданд. Китоби «Ал-қонуни» ў чандин асрҳо дар Ғарб ҳамчун китоби роҳнамо барои табибон хизмат намудааст.
Дар таснифбандии илмҳо ва донистани фанни метафизика ба Арасту пайравӣ мекард. Дар пайравӣ аз Форобӣ байни мумкин-ал вуҷуд, ки сабаби вуҷуди ў вобастаи дигар аст ва воҷибал-вуҷуд, ки вуҷуд ў ба худи ў вобастааст тафовут мегузорад. Воҷиб-ал вуҷуди мутлақ –Худо барои Ибни Сино дар нисбати Арасту, нафақат сабаби ғоии дигар мавҷудот аст, балки болотар аз сабабу натиҷа мебошад. Ибни Сино оламро абадӣ ҳисоб мекунад. Ў мегўяд: «Феъли Борӣ таолоро бадал нест ва ҳастии олам пайваста ҳамчунин монад».

Бақои нафси оқиларо исбот намуда Ибни Сино ҷавҳарият, ғайримоддӣ будан ва алоқаи аразии онро бо ҷисм муайян мекунад.

Ба ақидаи файласуфи мазкур ҷисм ғайрифаъол буда, ҳаракати ў ба нафс вобастааст. Вақте ки ҷисм пир мешавад қувваҳое, ки ба он таалуқ доранд заиф мешаванд, аммо ақл дар вақти пирӣ баракс пурқувват мегардад. Пас ақл ҷавҳар буда, дар ҳастии худ вобастаи ҷисм нест. Қувваҳои ҷисмонӣ ба фаъолияти бе маҳдуд қодир нестанд, аммо нафси оқила ба чунин фаъолият қодир аст, зеро он метавонад, ки ақидаҳои бемаҳдудро дар математика ва метафизика андеша намояд. Ибни Сино ақидаҳои зиндашавии ҷисм баъд аз марг ва таносух (гузариши рўҳ аз як бадан ба бадани дигар)-ро рад мекунад.

Асарҳои машҳури Ибни Сино: «Шифо», «Ал-қонун», «Донишнома», «Рисолаи азҳавия» ва ғайра мебошанд.

Калом

Калом (араб. الكلام‎‎ — сухан, гуфтор) — дар раванди мубоҳиса бо чунин равияҳои динӣ — сиёсӣ дар ислом, монанди: хориҷиён, қадариён, ҷабриён ва инчунин баҳс бо намояндагони ғайри исломӣ пайдо ва шуру ба инкишофёбӣ намуд. Дар чунин баҳсҳо усули муҳокимаи ба калом хос, ки асос бар тафсири Қуръон ва истисноан барои мавқеи худро асоснок намудан, истинод бар таълимоти шахсони бонуфуз мекарданд, ба вуҷуд омад. Инчунин гурўҳи масъалаҳои он ба вуҷуд меояд: масъалаҳои ягонагии Худо ва муносибати ҷавҳар ва сифати Худо, оиди масъулияти инсон барои аъмоли худ (оиди озодии ихтиёр ва қазову қадар), оиди он ки кадом инсон мусулмони бо эътиқод ва кадоме бе эътиқод, оиди гуноҳои кабира, масъала оиди қадим ва мўҳдас будани Қуръон.

Усул ва масъалаҳои хос барои калом нахустин бор дар эҷодиёти Ҷадда ибн Дирҳам (соли қатл 742), ба назар мерасанд, ки оиди такя намудан танҳо ба ақл ва таъвили оёте, ки бо он дар таззод бошанд, ақида рондааст; Шогирди Ҷадда ибн Дирҳам Ҷаҳм ибн Сафван (соли қатл 745 г.) ақидаи устоди худро инкишоф дода, чунин андеша дошт, ки ақли инсон новобаста аз ваҳй метавонад бадро аз нек фарқ намояд. Ҷадда ибн Дирҳам ва шогирдони ў бо ақидаҳои худ бунёди мактаби калонтарини калом- муазалияро гузоштанд. Инкишофи мутазалия ба нимаи аввали асри IX хос аст. Баъдтар мутазалия ба таъқибот дучор мегардад. Дар чунин шароит кўшиши расмикунонии калом аз тарафи Ал- Ашарӣ (873-935) баамал меояд. Ў ҳамчун асосгузори мактаби нави калом –ашария, ки бо номи ў номгузорӣ шудааст, мегардад. Намояндагони барҷастаи ашария Бақилонӣ, Ҷувайнӣ, Шаҳристонӣ ва Фахриддини Розӣ ба шумор мераванд.

Масъалаҳои асосӣ:

  • Оиди ягонагии Худо, зот ва сифоти ў.
  • Оиди қадим ва мўҳдас будани Қуръон.
  • Оиди озодии ихтиёр ва қазову қадар.
Фалсафаи исмоилия

Дар системаи таълимоти намояндагони маъруфи исмоилия, Худо аз фаҳму андешаи инсон бар тар буда, ақл ба дарк ва ҳатто тасаввури ў намерасад. Ақли кул бошад чун сароғози офариниш баҳисоб рафта, дар нисбати дигар офариниш чун иллат (сабаб) ва дар нисбати Худо маълул (натиҷа) мебошад. Аз Ақли кул Нафси кул ба вуҷуд омадааст, ки сабаби офриниши олам гардидааст. Азбаски Нафси кул ба миёнҷии Ақли кул аз амрӣ Борӣ ба вуҷуд омадааст, аз ин сабаб ба мартаба аз Ақли кул пастар аст. Ақли кул ба феъл ва қувва тамом аст, аммо Нафси кул ба қувва тамом, аммо ба феъл нотамом. Бинобар ин, ин нотамомӣ сабаби офриниш гардидааст, ки то дар ҳудуди замон ба феъл низ тамом гардад. Ҳаракати Нафси кул нишонгари он аст, ки то ў ба дараҷаи Ақли кул расад. Аз ҳаракати нахустини Нафси кул ҳаюло ва аз ҳаюло олами ҳаюлонӣ ба вуҷуд омадааст. Инкишофи минбаъдаи олами ҳаюлонӣ таҳти таъсри Нафси кул мегузарад. Мутфаккироне, ки чун намоянда ҷараёни исмоилия шинохта шудаан, инҳо Абуяъқуби Сиҷистонӣ (с.ф.971), Ҳамидуддини Кирмонӣ (с.ф.1019), Муҳаммад ибни Аҳмади Насафӣ (с.ф.942), Абўҳотами Розӣ (с.ф.933), Муаййиди Шерозӣ (с.ф.1077), Носири Хусрав (1004-1088), Низории Қаҳистонӣ(с.ф. 1320) ва ғайра мебошанд.

Носири Хусрав (1004-1088)

Ҳаким Носири Хусрав яке аз бузургтарин донишмандони Шарқи исломӣ аст, ки бо осори гаронбаҳои худ на танҳо дар фарҳанги форсу тоҷик, балки дар фарҳанги ҷаҳонӣ низ мақоми сазовореро соҳиб мебошад. Дар асарҳои машҳури худ: «Зод-ул–мусофирин», «Хон-ул-ихвон», «Кушоиш ва раҳоиш», «Ваҷҳи дин» ба шарҳ ва таҳлили масъалаҳои замон, макон, ҳаюло, худшиносӣ, нубувват, мақоми инсон, мақсади офариниш, азалият ва абадияти олам, худшиносӣ, нубуввату имомат, қувваҳои нафсонии инсон, роҳи пазируфтани дониш, савобу иқоб ва ғ. пардохтааст. Яке аз пурарзиштарин китоби Носири Хусрав ин «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» мебошад. Он асари илмӣ-фалсафӣ буда, дар он мулиф кўшиш ба харҷ дода аст, ки фалсафаи юнонӣ ва илоҳиёти исломро бо ҳам ҳамоҳанг созад. Файласуф аз он изҳори таассуф мекунад, ки дар замони ў байни фалсафа ва дин ҷудои афтодааст: «Ва касе намонд бад-ин сарзамин, ки ёд кардем, ки илми дини ҳақро, ки он аз натоиҷи рўҳ-ул-қудс аст, бо илми офариниш, ки он аз алоиқи фалсафа аст, ҷамъ тавонист кардан, аз баҳри он ки файласуф мар ин уламолақабонро ба манзалати сутурон ангошт ва дини Исломро аз ҷаҳли эшон хор гирифт. Ва ин уламолақабон мар файласуфро кофир гуфтанд, то на дини ҳақ монд бад-ин замин ва на фалсафа…»

Тасаввуф

Гуфтан мумкин аст, ки тасаввуф мактаби ягонаи динӣ- фалсафӣ набуда, ҳар як шохаи он дорои ақида ва сарчашмаҳои хоси худ мебошад.

Дар фаҳмиши маънии калимаи суфӣ дар илм ақидаҳои гуногуне мавҷуданд. Баъзе сўфиро аз калимаи юнонии «софия»- ҳикмат медонанд. Баъзе ин калимаро бо калимаи «сафо» ҳамреша мехонанд. Аммо бештари донишмандон онро ба калимаи «сўф»-и арабӣ нисбат дода, тасаввуфро ба маънии «пашминапўш» донистаанд.

Дар таълимоти тасаввуф дар ҳар давр андешаҳои нав ворид мегардиданд, ки боиси бой ва ҳамзамон мураккаб шудани таълимоти онҳо гардид. Масалан, Фариддудини Аттор барои мароҳили сайру сулук яъне, мароҳили такомули инсон, тай намудани ҳафт водиро муайан намудааст, ки аз инҳо иборатанд: талаб, ишқ, маърифат, истиғно, тавҳид, ҳайрат, фақру фано. Ҳамин тариқ тасаввуф бо мактабҳо ва ҷараёнҳои мухталифи худ аз зумраи: Мавлавия, Нақшбандия, Бектошия, Қодирия, Неъматуллоҳия, Дамрадошия, Ҳайдария, Қаландария ва ғайра дар фарҳангӣ исломӣ нақши муҳим гузошт. Аммо маъруфияти ин ҷараён дар байни мардум вобаста ба номи намояндагони барҷастаи он аз қабили: Саноӣ, Фаридудини Аттор, Ҳофизу Саъдию Ҷалолуддини Румӣ ва дигар ситорагони тобноки тасаввуф мебошад.

Ҷалолуддини Румӣ (1207-1273)

Яке аз масалаҳое, ки Ҷалолуддини Румӣ ба он тавҷҷўҳ зоҳир менамояд, ин роҳи расидани инсони воқеъӣ ба дараҷаи инсони комил аст. Маълум аст, ки мутасаввифӣ оддӣ бо қаддами аввал ба тариқати тасаввуфӣ худро аз илму ақл бениёз ҳисобида, танҳо ба воситаи риёзату парҳезкорӣ ба маърифати Худо мепардозад. Аммо дар таълимоти Румӣ баръакс, ҳангоми тай намудани мароҳили такомул барои инсон лозим аст, ки ҳамаи шартҳои такомулро бо раҳнамоии ақл иҷро кунад. Аммо ақл «қобили таълиму фаҳм» буда, ба ақли комил, ки ақли пир ба ҳисоб меравад, ҳоҷатманд аст. Бинобар ин вақте ки Румӣ «Қобили таълиму фаҳм аст ин хирад»(4.1295)- мегўяд, бешубҳа мақсадаш ин аст, ки инсон бидуни дониш мароҳили такомулро тай карда наметавонад. Дар бисёр маврид Румӣ ҳисси инсониро мавриди танқид қарор медиҳад, аммо ин интиқоди ў ба инсоне, ки дар раванди такмил қарор дорад, муносибате надорад.

Интиқодҳои Румӣ аз ақлу ҳисси инсонӣ, ба касоне, ки ба ҳадди камол расиданд ва робитаи мустақимро ба асли худ пайдо намуда, дигар мўҳтоҷи омўзиш нестанд, равона шудааст. Зеро инсони комил ба ақидаи Румӣ дигар ба гўши сар мўҳтоҷ нест, чун ки ў бо гўши ҷон ваҳйро мепазирад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *