Фанни Фархангшиноси

Пайдоиш ва инкишофи дини ислом ва ҷорӣ шудани тамаддуни исломӣ дар сарзамини Арабу Аҷам

Дини ислом баробари дини яҳудиву масеҳият яке аз динҳои чаҳонӣ ба шумор меравад, ки дар ҷараёниташаккулу таҳаввулаш қариб тамоми мароҳили мазкурро тй намуда, аз як кеши қабилаҳои бодиянишин то ба дини ваҳдонияти илоҳӣ сабзида расид.

Воқеан дар тамоми нимҷазираи Арабистон қабл аз ислом дини ягона вуҷуд надоштва ҳар ҷамоа ё худ қабила пайрави оини муайяне буд. Эътиқодоти арабҳои бодиянишину бутпараст, мувофиқи маълумоти аксари муарррихону муҳакқиқони дин, дорои асотиру мабодии кайҳонӣ ва ҷаҳоншиносӣ набуд.Арабҳо мисли дигар қавмҳои Шарқи Бостонӣ назари махсуси «» хиқат ва тақвини олам»» , ки шомили нмзому усули муайяну мушаххаси офариниш бошад, надоштанд.Дар байни арабҳо то зуҳури ислом дини яҳудӣ, масеҳи, маҷусӣ ва будпарастӣ маъмул буд. Гурўҳҳое низ буданд, ки пайрави даҳрия, собеия ва муваҳҳидия буданд.

Дар қисми шимолу ғарбии Арабистон қабилаҳое иқомат доштанд, ки оинашон аксаран масеҳӣ буд.Яке аз чунин қавмҳо кабилаи Хайра ба шумор мерафт, ки дар ноҳияи Ироқ ( байни Фурот ва Наҷд) воқеъ буд. Сокинони он баъзе шаҳрнишин ва баъзеи дигарашон ҳаёти кўчӣ доштанд.Аввал аҳли ин қабила будпараст буданд, вале баъди нуфузи оини масеҳӣ ба он нигарониданд, дар оғоз тобеи калисои суриёнӣ ва сипас тобеи калисои настурӣ шуданд.

Дар Арабистон ҷамоаҳои асосӣ қабилавӣ буданд, ҳар як оин дар воҳидҳои ҳамон ҳамон каламрав амал мекард, зеро ҳар як қабила дар заминаи авлодӣ ташкил шуда буд.Дар як шаҳр чанд қабила ва ҳар қабила аз якчанд авлод иборат буд.Масалан дар як худи Мадина панҷ қабила иқомат доштанд, ки аз онҳо қабилаҳои Авс ва Хазраҷ будпараст буданд, ва се қабилаи дигар динҳои яҳудӣ ва месеҳиятро мепарастиданд дар дигар шаҳрҳо низ чунин буд.

Чуноне, ки мо медонем дар Арабистони то ислом динҳои гуногун амал мекарданд, вале таназзули сохти қабилавию авлодӣ ба вуҷуд омадани моликияти хусусӣ, пайдоиши унсурҳои ҳокимияти давлатӣ ва як қатор дигар шароитҳои тозаи иҷтимоию иқтисоди созмон додани давлати ягонаи арабҳоро тақозо мекарданд.Ин масълаҳо дар навбати худ талаб менамуданд, ки ба динҳои бисёрхудоӣ хотима дода шуда, барои муттаҳид кардани тамоми арабҳо, аз байнбурдани зиддиятҳои гурўҳӣ ва ҷангу ҷидолҳои авлоди як дини умумии яккахудоӣ ба вуҷуд оварда шавад, то ихтилофҳои дохилӣ аз байн рафта, пеш аз ҳама баробарии ҳамаи арабҳоро таъмин гардад.

Пайдоиши дини ислом ба шароити ҳаёти аҳолии нимҷазираи Арабистон ба зарурияти беҳтар намудани савдо,зироатчигӣ ва ғайрахо вобаста буд.

Пастшавии дараҷаи ҳаёти иқтисодӣ, афзоиши зиддиятҳои байни аъзоёни авлодҳоюқабилаҳо,аҷгирии истисмори аҳолии камбағал боиси тезу тундшавии зиддиятҳои байни доираҳои оммаи халқ гардид. Ин ҳолат ба асосҳои сохти авлодӣ қабилавии ҷамъият зарбаи ҳалокатовар зад. Бинобарин халқ роҳҳои аз ин ҳолати вазнин халос гардидани худро меҷуст .

Дар шароити Арабистони пеш аз ислом , ки асоси хаёти ҷамъиятиро дараҷаи ниҳоят пасти тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ташкил менамуд, роҳи ягонаи беҳтар гардидани ҳаёти ҷамъият ба як давлати умумимиллӣ муттаҳид шудани қабилаҳои сершумори нимҷазира буд.

Танҳо ба воситаи қувваи қабилаҳои алоҳида дидани чораҳои калони ҷамъиятӣ ба моанди ташкил кардани системаи обери заминҳо, сохтани роҳҳои калони нақлиёти баҳрӣ ва ғайраҳо имконпазир буд.

Дар шароити асрҳои миёна мақсадҳои сиёсӣ-иқтисодиро танҳо дар таҳти байрақи таълимоти динӣ дар амал ҷорӣ кардан мумкин буд.

Танҳо дини монотеистии наве, ки хусусиятҳои ҳаёти иҷтимоии қабилаҳои араб, таълимот, расму оинҳои динҳои маҳаллиро ифода мекард, дар муттахид намудани қабилаҳои алоҳида роли калон мебозид.

Дини ислом, присипи монотеизм, яъне ба худои якаю ягона эътиқод доштан» баробарии ҳамаи арабҳоро» тарғиб карда метавонист. Ҳамин тариқ пайдошавии муносибатҳои нави феодалӣ идеологияи нав, шакли нави идеологияи диниро ба вуҷуд овард. Яъне давраи ба феодализм гузаштан барои пайдоиши дини на заминаи иҷтимоию иқтисодӣ фароҳам овард.

Асоси идеологияи пайдоиши исломро таълимоти ҳанифиҳо(худҷўён) ташкил менамуд. Онҳо бар зидди худоҳои қабилавӣ баромад намуда талаб менамуданд, ки ба ҷои эътиқодҳои динии маҳаллӣ ва қабилавӣ эътиқоди дини ягона ва ба як худо ибодат кардан қабул карда шавад.

Таълимоти худои ягонаро ҳанифиҳо дар шаҳрҳои Арабистони ғарбӣ тарғиб мекарданд. Ғояи эътиқод ба як худо дар Макка тез паҳн мешуд. Дар ин ҷо Муҳаммад ном шахс дини нав ва такмили онро тарғиб мекард, ки сонитар вай пайғамбар эълоншуд, ў аз авлоди Ҳошими қабилаи Қурайш буд.

Хокимияти Мака аз паҳн шудани дини нав тарсида Муҳаммад ва пайравонашро таъкиб мекард. Онҳо маҷбур шуданд соли 622 Ясриб (Мадина) ҳиҷрат кунанд. Муҳаммад дар инҷо ҷамоаи мўминони ислом

( Умма )-ро ташкил намуд.

Дере нагузашта дар атрофии Маккаю Мадина иттиҳодияи калони қабилаҳои араб ба вeҷуд меояд, ки давлати динӣ (теократӣ), хилофат ташкил меёбад. Сардорони давлатҳо-халифаҳо ёрдамчиёни Муҳаммад ҳисоб мерафтанд.

Ҳамин тавр ислом, яъне дине ба вуҷуд омад,ки идеяи ба як худо эътиқод доштанро тарғиб карда ба маказӣ кунонидани ҳокимиятро ифода

менамуд.

Дар охири асри VII дини мусулмонӣ ба яке аз динҳои хеле паҳгардидаи ҷаҳон мубаддал мегардад.

Таълимоти исломӣ дорои тамоми хусусиятҳои таълимоти динӣ мебошад,ки асоси онро эътиқод ба худо-офаранд ва идоракунандаи олам, вуҷуд доштани он дунё ташкил медиҳад. Дини ислом мисли дигар динҳо ба ҳамаи одамон мувофиқи гуфтаву васиятхои худову рўҳониён амал карданро тарғиб мекунад. Бинобар ин ислом мисли дигар динҳо одамонро водор мекунад барои ёфтани бахти худ ба осмон муроҷиат кунанд.

Дар баробари дигар дигаргуниҳое , ки ислом ба рўзгори мардум ворид сохт, он ҳамчун як фарҳанги дорои арзиши умумибашарӣ аз саҳифаи таърих ногустурдание буд,ки қарнхо боз дунёи ислом аз он пайравӣ мекунад, Фарҳанги исломӣ бо паҷаҳои сарнавиштсози худ тавонист фарҳангҳои дигари пешинаро, ки ба вартаи фаромўшӣ меафтоданд, бори дигар ба саҳнаи таърих кашад,вале ин расолат онро ба роҳи тақлиди маҳз набурда, балки таърих вазифаи такмилсозандагиро аз дастовардҳои томи ин фарҳангҳо барояш муайян сохт.

Дар қаламрави он ҳарчанд аносири фарҳангҳои мухталиф арабӣ, иронӣ, юнонӣ, ҳиндӣ ва ғ. роҳ дошта бошанд ҳам, аҳамияти он дар таркиби сохтору сурати исломӣ он аст, ки аз арзишҳои инсониву ҷаҳонӣ бархурдор аст.

Ислом,ки ҳавзаи васеи иборат аз ақвоми мухталифро дар бар мегирад,меросу одоби безиёнашро таҳаммул карда ҳамаро ба ҳам омехту аз он чизи тозае офарид, ки фарҳанги исломӣ ном гирифт. Он бисёре аз мардумро, ки давраи асотиру нодониро аз сар мегузарониданд то ба марҳалаи илму дониш расонид. Барои он, ки мардум аз ахамияту арзиши дониш пай баранд, пайғамбари ислом зимни бисёре аз сураҳои «Қуръон» аз он ёдовар мешавад, ки «таҳо донишмандон аз худо метарсанд», «илм беҳтар аз моласт». Ислом илмро беҳтарин омили хушбахтӣ ва саодати мардум медонад ва сайъ мекунад, ки ҳама аз он гавҳари бебаҳо баҳраманд гарданд.

Вазъи дин дар Арабистон қабл аз ислом ва парастиши санамаҳо.Таназзули сохти қабилавиву авлодӣ ва созмон додани давлати ягонаи арабҳо. Фаъолияти Муҳаммад, ғояи дини яккахудоии ў,ихтилофи қобилиятҳои гуногун ва сабаби ҳиҷрати пайғамбар аз Макка ба Мадина.

Масъалаҳои асосии дини ислом Қуръон, суннат, иҷмоъ, қиёс, фатво. Фаъолияти хулафои рошшидиин дар густариши дини ислом. Нахустин ихтилои байни мусулмонҳо ва сабабҳои пайдоиши равия ва ҷараёнҳои дини ислом. Умумият ва тафовут байни равияву ҷараёнҳои дини ислом.

Футуҳоти арабҳо ва тасхири Осиёи Миёнаву Эрон. Ба вуҷуд омадани манотиқи дини ислом ва инкишофи он дар сарзамини Аҷам .Саҳми қавмҳои Ориёӣ дар пешбурди ислом ва тамаддуни исломӣ.Ба вуҷуд омадани таълимотҳои еритикӣ,мўътазилия, шуубия, исмоилия, суфия.Ташаккули илми каломӣ.Таъсири дини ислом ва тамаддуни исломӣ дар пешрафти маданият ва илму фарҳанги асрҳои миёна.

Исломи муосир дар арсаи сиёсат ва идеология. Назари ҷомеаи муосир ба ислом. Фарҳанги исломӣ.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *