Фанни Экология

Муносиб ати дохилинамуди в а байнинамуди дар популятсия, гомеостаз (доимияти) ва рузмарраи(стратегияи) экологи

  1. Муносибати дохилинамудй

Бошандагони гуногуни популятсия доимо байни ҳам таъсир мерасонанд. Қаноатманди ба истеъмоли гизо, тақсимоти киштзори ғизой, интихоби ҷой барои лонасозӣ, бақамҷуфтшавй, тарбияи насл, ҳифзи сарҳади зист ва ғ. ба таъсири ҳамдигарии доимии фардҳои дар дохили популятсия буда меорад ва ҳастии онҳоро таъмин менамояд. Ин алоқамандиҳо дар рафти пайдошави ва инкишофи намудҳо ҳамчун системаи ягона ташаккул ёфтаанд. Барои ҳамин ҳам фардҳо дар популятсия, қобилияти пайдоиши умумӣ ва мутобиқшавии хоси якҷоя ҳаёт гузарониданро доранд (расми 68).

Г узаронидани гузаронйдани гузаронйдани

ахбороти генй моддаҳо ва ахборот оид ба энергия муҳити атроф

Расми 68. Алоқаи фардқо дар популятсия

Ин мутобиқшавиҳоро С. А. Северсов (1951) конгруэнсия номид, ки он хусусияти морфологию физиологй ва рафториро дар бар мегирад. Ба ин хусусиятҳои сохторие, ки вохӯрии фардҳои гуногунҷинсаро таъмин менамояд, афзоиш, калон кардани ҷавона, мутобиқшавй, таъминкунии ҷойгиркунй ё ки ҷамъшавй дар села (вақти кӯчидан ё ки зимистонгузаронй), «бонги хатарй» гуногун- бӯй, ранг, овоз, рафтор ва ғ., ҳар он чизе фардҳоро ҷалб ё ки мегурезонад, яъне онҳоро аз сарҳади ишғолшуда хабар мерасонад, дохил мешаванд. Хусусиятҳои муносибати аъзоёни популятсия пеш аз ҳама аз тарзи ҳаётгузаронии намуд — алоҳида ё ки гурӯҳи вобаста аст.

Тарзи ҳаётии алоҳида. Фардҳои популятсия мустақил буда аз ҳамдигар вобаста нестанд. Ин ба ҳама намудҳо хос буда ба яке аз зинаҳои даври ҳаёти мувофиқ меояд. Пурра тарзи ҳаётии алоҳида дар табиат мушоҳида карда намешавад. Сабаби ин яке аз вазифаҳои асосии ҳаётии онҳо афзоишёбӣ мебошад. Лекин дар баъзе намудҳо алоқаи байни фардҳои дар як ҷой сукунатдошта хеле суст аст. Мисол, намудҳое, ки бордоршавии онҳо дохили мегузарад, вохурии нарина ва модина хеле кӯтоҳ аст, вақти копулятсия. Дар ҳолатҳои дигар ҳайвонҳо алоҳида ҳаёт мегузаронанд ва аз якдигар вобастаги надоранд, мисол, гамбусакҳои виз — визаки дарранда, як қатор ҳашаротҳо ва г.

Дар баъзе ҳолатҳо намудҳои тарзи ҳаёти алоҳида дошта дар давраҳои пеш аз афзоиш, фардҳо дар як ҷой ҷамъ мешаванд, яъне дар ҷойҳои зимистонгузаронй ва ғ. Мисол, шапалаки холдор охири тйрамоҳ ба микдори зиёд дар болои бом ҷамъ мешаванд, гамбусакҳои виз — визак дар назди кундаи дарахтон, лақамоҳӣ дар чоҳҳои қаъри обанборҳо ва ғ.

Лекин ин ҷамъшавиҳо ба алоқаи наздики байни ҳайвонҳо намеорад, чунки ҳар кадоми онҳо нисбат ба ҳамдигар мустақиланд.

Муносибати дохили намуди дар ду самт мушоҳида мешавад, алоқаи байни ҷинсҳои шарик ва барқароршавии алоқа байни волидайн ва насли духтарӣ. Дар асоси ин дар популятсия оилаҳои таркиби гуногундошта ва давомнокии умрашон зиёд ташаккул меёбанд. Ҷуфти волидайнҳо метавонад як давраи кӯтоҳ ё ки дароз, дигарҳо бошанд ё ки тамоми умр ташкил шаванд. Дар байни титав ва дурроҷ ҷуфти оилавии устувор барпо намегардад. Ҷуфти оилавии мургобй, кабӯтар, турна дуру дароз давом мекунад. Интихоби шарик (ҷуфти худ) дар ҳайвонҳо бо рафторҳои хоси гуногун яъне «рақс кардан», «ишқбози кардан» ва ғ. амалй мешавад.

Расми 69. Ҷанги тан ба тан дар «давраи ҷуфтшави»-и ширхурҳо
(аз рӯи А.О.Рувинский ва диг., 1993)

Бисёр ҳашаротҳо, паррандаҳо ва ширхӯрҳо ишқбозӣ ба душманй ва таассури муҳофизатии фардҳои ҷинсҳои муқобил мубаддал мегардад, ки ин синхронизатсия ба балоғатрасй, тайёр будан ба ҷуфтшавиро нишон медиҳад ва барои афзоиш аҳамияти хеле калон дорад, яъне ҳам нарина ва ҳам модина бояд дар як вақт тайёр бошанд.

Дар давраи интихоби ҷуфти худ дар популятсияи ҳайвонҳо рақобат хеле пурзӯр мегардад. Дар байни ҳайвонҳои зиёд байни наринаҳо ҷанги тан ба тан барпо мегардад, ки он дар намудҳои гуногуни рафтор нишон дода мешавад (расми 69).

Тарзи ҳаёти оилави. Дар тарзи ҳаёти оилавй алоқаи байни волидайнҳо ва насли онҳо хеле пурзӯр мегардад. Одитарин алоқаи байни онҳо ин ғамхории яке аз волидайнҳо ба гузоштани тухм, муҳофизати тухйҳо, ҷӯҷабарорй, ҳаводиҳии иловағй ва ғ. дида мешавад. Дар паррандаҳо ғамхории ҷуҷаҳо тО парвоз кардан ва дар як қатор ширхӯрҳо ба монанди хирс, паланг тифли худро дар гурӯҳи оила то давраи

Расми 70. Лонагузории колониявии парандаҳо
(аз рӯи Н.М. Чернова, А.М.Былова, 1981)

бабалоғатрасй, якчанд сол тарбия мекунанд. Вобаста аз он ки кадоме аз волидайнҳо нигоҳубини наслро ба ӯҳда мегиранд, типи оилаҳои падарй, модарй ва оилавй фарқ карда мешаванд. Мураккабшавии алоқамандии рафторй дар популятсия ба ташаккулёбии гурӯҳҳои калони ҳайвонҳо- калония, села ва рама оварда расонд.

Колония. Ҷойгиршавии гуруҳҳои ҳайвонҳои муқимй метавонад, мудати дуру дароз ё ки дар давоми давраи афзоиш ба монанди паррандаҳо (қоз, шӯрнул, исфируд, моҳихурак ва ғ.) барпо карда шаванд (расми 70).

Колонияи ҳайвонҳо хеле гуногун буда аз фардҳои оддии дар якҷо ҷамъшудаи шакли алоҳида то ҷамоаи аъзоёни алоҳидаи он ҳамчун узвҳо дар организми бутун вазифаи гуногуни ҳаётии намудро иҷро мекунанд. Мисол, сифонофора (8а1ааа)- дар назари аввал ягона аст, фард дар натиҷаи фаъолияти фардҳои хоси алоҳида ҳосил шудааст ва калонияро муаррифй мекунад. Инкишофи колония аз як индивидиум оғоз ёфта, бо роҳи муғҷабандй афзоиш меёбад. Фардҳои алоҳидаи аз мугҷабанди ҷудошуда метавонанд ҳаёти алоҳида баранд ё ки як ҷузъи хоси қисмати колонияи модарӣ гарданд.

Ҷойгиршавии ҳайвонҳо дар он ҷое вазифаи ҳаёти якҷоя амал карда мешавад, эҳтимолияти зинда мондани фардҳои алоҳидаро баланд мегардонад, шакли мураккаби колония мебошад. Ин гунна функсияи колония бештар барои муҳофизати онҳо аз душман ё ки хабардор кардан истифода мешавад. Моҳихурак, достак, қоз ва дигар паррандаҳо бо овози баланд ба даррандаҳое ба тухмҳо ё ки ҷӯҷаи онҳо хатарнок аст, ҳуҷум мекунанд, чунки садоро шунида дигар паррандаҳо ба ёри мешитобанд ва якҷоя душмани худ- шоҳин, рӯбоҳи шимолӣ ва бумро аз хонаи худ дур месозанд. Ҷамоаи ҳашаротҳо колонияи мураккабтар доранд (мурчаҳо, занбӯрҳо ва ғ.), ки онҳо тамоми вазифаҳои асосиро якҷоя иҷро мекунанд, яъне афзоиш, муҳофизат, таъминоти ғизо ва насл, сохтмон ва ғ.. Дар ин ҷо ҳар як фард вазифаи муайяни меҳнатиро иҷро мекунад. Ҳар як аъзои колония доимо бо ҳамдигар ахборот мерасонанд. Бо мурури мураккабшавии ҷамоаи колония рафтор, дар баъзе ҳолатҳо физиология ва сохтори фардҳои алоҳида бештар ва бештар ба манфиати ҳамаи колония итоат мекунанд.

Селла. Села ин ҷамъшавии муваққатии ҳайвонҳо буда дар муташакилии фоидаовари биологй зоҳир мешавад. Села иҷро кардани ягон вазифаи ҳаётии намудро осон мегардонад, яъне дарёфт кардани ғизо, муҳофизат аз душман, кӯчидан ва г.. Ҳаёти селлагй бештар дар байни моҳиҳо, паррандаҳо, ширхӯрҳо — бештар сагҳо паҳн шудааст.

Амалй села аз рӯи тарзи иҷроишй амалӣ худ ба ду гурӯҳ: 1) эквипотентсиалй — бебартарии яке аз аъзоёни гурӯҳ; 2) селлаи бо сардор, ки дар ин ҷо тамоми аъзоёни гурух ба рафтори як ё ки якчанд фардҳои таҷрибанок такя мекунанд. Мисоли ҷамоаи селлаи якум гуруҳ моҳиҳо, паррандаҳои хурд, малахҳои ба дигар ҷой парида рафта ва ба гуруҳи дуюм одатан паррандаҳои калон ва ширхӯрҳо шуда метавонанд.

Селлаи моҳиҳо аз рӯи бузургӣ, шакл, зичӣ метавонанд дар давоми шабонарӯз чанд маротиба тағйир ёбад. Селлаи паррандаҳо бошанд дар мавсими кӯчидан ё ки гизогирии зимистона ташаккул меёбад. Дар вақти парвоз кардан селларо он намудҳое ҳосил мекунанд, ки хусусияти колониали хонасозй ва гизогириро доранд.

Гургҳо барои шикори сайди худ дар зимистон селлаи гургонро ташкил мекунанд то ки аз ӯхдаи шикор кардани ҳайвонҳои калони сумдор бароянд. Дар байни фардҳои селлаи паррандаҳои муқими ҳама вақт алоқаи саддои ва мушоҳидаи биниш мавҷуд аст, ки дар ҳолати дастрас кардани ғизо, ҷойи истироҳат, шабгузаронй ва г. истифода мебаранд. Мисол, кабгони виргинй шабона дар давра «пушт ба пушт» ҷойгир мешаванд, ки ин онҳоро якум аз даррандаҳо ва дуюм аз сарди нигоҳ медорад ва дар вақти хатар ба хар сӯ мепаранд. Дар селлаи ширхӯрҳо вазифаи асосиро сарвар ва муносибати хоси байни фардҳои алоҳида муайян мекунад, ки ин гуруҳои ҳосилшударо бо рама хеле наздик мекунад..

Рама. Рама ҷамоаи дуру дарозтар ва доимии ҳайвонҳое мебошад, ки бо ин аз села фарқ мекунад. Дар ин ҷо тамоми вазифаҳои ҳаётии намуд, кофтукови ғизо, муҳофизат аз даррандагон, кӯчидан, афзоиш, тарбияи насли ҷавон ва ғ. амалӣ мешавад. Дар асоси рафтори гурӯҳои ҳайвонҳо муносибати бартарии — итоат кардан, ки дар фарқияти байни фардҳои алоҳида асос меёбад, зоҳир мегардзд. Яке аз тариқаҳои ташаккули гурӯҳи рамагй бо сарвари доимӣ ё ки муваққатӣ будан аст, Ин фардҳо бо рафтори худ самти ҷоймвазкунӣ, ҷойи ғизогирй, хатари душман ва гайраро барои дигар фардҳои дар рама буда ҷалб мекунанд. Фаъолияти сарвар маҳз ба итоат кардани дигар фардҳо равона шудааст. Сарвар ҳама вақт аъзои таҷрибадори рама мешавад ва рама ҳамчун воҳиди бутун сарваро тақлид мекунанд. Мисол, рамаи гавазни шимолиро одатан сарварҳои кӯҳнасол роҳбалади мекунанд. Онҳо назар ба дигар аъзоёни гуруҳ аз як ҷой ба дигар ҷой кӯчиданро хубтар муайян карда ва ҳуҷуми душманонро тезтар пай мебаранд, чунки назар ба дигарон тез-тез ба ин дар танҳои рӯ ба рӯ мешаванд.

Дар рама рутубаи ҳар як фард бо як қатор сабабҳо муайян мешавад, яъне синну сол, тавоноии тан, таҷриба ва сифати наслии ҳайвон. Аз рӯи қоида аз заифон дида зӯр ва таҷрибанок бартарй доранд, ки системаи асаби устувор доранд, ин дар модинаҳо дар вақти гизогирӣ, ҳаракат ва г. зоҳир мешавад.

Тарзи бартари доштан ва итоат кардан дар намудҳои гуногун ҳархела аст, ки он дар намуди иерархияи хаттии фардҳои А-В-С ва ғ. зоҳир мешавад. Дар ин қатор ҳайвони охирин ягон ҳуқуқ надорад. Мисол, сарвари сагони боркаш дар рама, тамоми дигар сагҳоро ба итоат медарорад ва агар гӯш накунанд, онҳоро танбеҳ медиҳад. Ҳайвонҳои аз ҳама рутубаи паст дошта, аз ҳама охирон ғизо мехӯрад ва аз ҷойҳои хуби истироҳат ронда шуда, ҳатто онҳоро модинаҳо наздик шудан намемонанд.

Дар байни баъзе ҳайвонҳо итоаткунй аз рӯи иерархия бо типи «сегона» амал мекунад, яъне А ба В ҳуҷум меорад, В ба С ва С худи А-ро ба итоат медарорад. Ин таносуб дуру дароз дар гурӯҳ нигоҳ дошта мешавад. Дигар тарикди иерархй ин деспотия (истибдод) ё ки бартари доштани як ҳайвон ба тамоми дигар фардҳои ин гуруҳ мебошад. Рутубаи ҳайвонҳоро дар гурӯҳ аз рӯи ҷанги тан ба тани фардҳои намуд ё ки тақдири одат (маросимӣ) муайян мешавад. Ба ташакули иерархии рама қонуниятҳои тартиби ҷойивазкунй, муайян кардани ташкили муҳофизатй рама, ҷойгиршави дар вақти истироҳат ва ғ. хос аст. Мисол, вақте, ки даррандаҳо овоз мебароранд, филҳои нарина дар атрофи бачаҳои худ ҳалқаро ташкил мекунанд, то ки онҳоро аз ҳуҷуми душманон муҳофизат кунанд. Мафҳуми биологии системаи иерархй бартарй ва итоати фардҳо дар барпо кардани рафтори мувофиқатии гуруҳ, ки ба ҳамаи аъзоёни гурӯҳ манфиат меорад, асос ёфтааст. Баъди «ҷобаҷошавии қувваҳо» ҳайвонҳо дигар энергияи зиёдатиро дар моҷароҳои индивидуали сарф намекунанд ва дар маҷмӯъ гурӯҳ ба сарвари зӯр ва таҷрибанок итоат мекунад. Ин барои тарбияи ҷавонаҳо, таъмини муҳофизат аз даррандаҳо, огоҳкунй аз хатар, кучидан ва ғ. аҳамияти калон дорад. Иерархия на танҳо дар рамаи ширхӯрҳо балки дар колонияи паррандаҳо, як қатор бемуҳрахо, ҳашаротҳо (гамбусакҳои саврй, бузак ва ғ.), баъзе харчангшаклҳо ва г. мушоҳида мешавад.

Самараи гуруҳҳй. Бештари ҳайвонҳо танҳо дар вақти ташкил намудани ҷамоаҳои калон муътадил инкишоф меёбанд. Мисол, моҳихӯрак дар колонияҳои бештар аз 1000 фард дар 1м3 ҳамаги 3 лона дорад, ҳаёт мегузаронанд. Ҳаёт дар гуруҳ ба воситаи системаи асаб ва гормоналй ба тамоми равандҳои физиологии организми ҳайвон зоҳир мегардад. Муносибати ҳайвонҳо ба туфайли бӯй, садо, рафтори хос амалӣ мешавад. Ба туфайли системаи мураккаби ахбории байни фардҳо саммараи функсионалии гурӯҳи афзун мегардад, ки талаботи ҳаётии ҳамаи аъзоёни гурӯҳ қаноатманд гардонида мешавад. Оптимали гардонидани ҷараёнҳои физиологй ба баланд бардоштани қобилияти ҳаётии якҷояи организмҳо таъсири мусбат мерасонад, номи «саммараи гуруҳй»-ро гирифтааст.

Самараи гурӯҳи ҳамчун таассури психофизиологии фардҳои алоҳида ба мавҷуд будани дигар фардҳои намуди худ равона мешавад. Мисол, гусфанд берун аз рама набз ва нафаскашиаш баланд мешавад. Дар ҳолати наздикшавии рама ин ҷараёнҳо мӯътадил мегарданд. Самараи гурӯҳи дар баландшавии афзоиши ҳайвон, сернаслй, давомнокии умри он ва ғ. мушоҳида мешавад. Ҳайвон дар гуруҳ одатан ҳарорати оптималй дорад, мисол, дар вақти ҷамъшавй дар лона, дар занбурхона ва ғ. Берун аз гурӯҳ қисми зиёди ҳайвонҳо сернаслии худро амалй намегардонанд.

Яке аз нишонаҳои муҳими самараи гуруҳӣ тағйирёбии марҳалавй мебошад, ки онро аввалин шуда соли 1921 Б. П. Уваров дар малахҳо ва баъдтар дар сахтболҳо, пулакчаболҳо ва дигар ҳашаротҳо муайян кард. Дар малахҳо ду шакл фарқ карда мешавад: алоҳида ва рамагй.

Сабаби ин пеш аз ҳама дар зичии фардҳои популятсия мебошад. Ба таври зиёд ҷамъшавии онҳо шакли рамагиро ҳосил мекунад. Фардҳои ҳарду шакл бо ранг, рафтор, суръати инкишоф ва сохтори худ аз ҳам фарқ мекунанд. Фардҳо дар шакли рамагӣ буда хеле фаъоланд, сеҳаракатанд ва ҳамеша барои кучидан майл доранд, ки ҳамаи ин микдори масоҳатро дар ҷойҳои зисташон идора мекунад. Тарзи ҳаёти ҷамоавӣ ба паст шудани наслдиҳй меорад, барои ҳамин ҳам чи қадаре дараҷаи рамагй баланд бошад ҳамон қадар насдциҳӣ кам мешавад. Мисол, малахҳои осиёии алоҳида сукунат дошта 1000-1200 тухм, аммо малахҳои дар ҷамоа сукунат дошта ҳамагй 300 тухм мегузоранд. Лекин пайдошавй ва қобилияти ҳаётии кирминаи дар шакли ҷамоадошта хеле баланд аст. Самараи гурӯҳи дар малахҳо тағйирёбии марҳилавиро зоҳир мекунад, яъне бо зичии популятсия алоқаманд буда ҳамчун механизми идоракунии микдори онҳо хизмат мекунанд.

Дар баъзе популятсияҳо зиёдшавии микдории онҳо бо самараи гуруҳи алоқаманд аст ва ба баландшавиии тези онҳо меорад, ки ин бо зиёдшавии адреналин, сустшавй ва пастшавии қанд дар хун вобастааст. Самараи гурӯҳи агар аз меъёр зиёд шавад, яъне агар зичии популятсия зиёд шавад оқибат ба каннибализм меорад. Барои ҳамин ҳам самараи гурӯҳи то меъёри муайян таъсири мусбат дорад ва дар ҳолате ҳайвонҳо зиёд мешаванд, он ба норасоии захираҳои муҳит меорад ва дар ин ҷо дигар механизмҳо ба кор медароянд, ки ба камшавии миқдори фардҳои гурӯҳ, пастшавии зоиш ва ғ. оварда мерасонад.

Таҷовуз (ҳуҷум), муфтхурии дохилинамудӣ ва рақобат. Таҷовуз ин шакли алоқае мебошад, ки фардҳои намуди худро ҳайвон нест мекунад. Дар байни алоқаи дохилинамуди шаклҳои гуногуни таҷовузро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ин барои нигохдории мувозинати популятсия равона мешавад. Мисол, тухмҳои калтакалоси — ғалсамааш ниҳонии амрикоиро нарина муҳофизат мекунад, вале аз дигар душман онҳоро ҳифз карда худаш барои нигоҳдории тавоноии худ онҳоро ба сифати ғизо истифода мебарад. Шакпи дигари каннибализм дар озодмоҳӣ мушоҳида мешавад. Моҳиҳои ба балоғатрасида барои тухмгузорй ба болооби дарёҳо мебароянд ва дар шароити обҳои сероксиғен тухм гузошта беҳол шуда мемиранд. Аз сабаби он ки тухмгузори охири тирамоҳ мегузарад, мурдаи моҳиҳо ях карда то баҳор мемонанд. Баҳор баъди аз тухм баромадани моҳичаҳо, мурдаи моҳиҳои яхкарда оҳиста- оҳиста таҷзия шуда сарчашмаи гизо барои моҳиҳои ҷавон мешаванд. Каннибализм дар налим (навъи равғанмоҳй), равғанмоҳӣ, аломоҳй ҳам мушоҳида мешавад, чунки моҳиҳои ба балогатрасида ҷавонаҳои худро ба сифати гизо истифода мекунанд. Каннибализм ҳамчунин дар мӯрчаҳо, кӯрпаша ва дигар намудҳо мушоҳида мешавад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ин тарзи таҷовуз барои намудҳо «фоидаовар» аст.

Дар баъзе ҳайвонҳо ҳодисаи муфтхӯрии дохилинамудй мушоҳида мешавад, ки онро фоидаовар баҳо додан мумкин аст. Муфтхӯрии дохилинамудиро дар ду шакл, муфтхурии берунй ва муфтхӯрии дарунй мушоҳида намудан мумкин аст.

Муфтхурии берунии дохилинамудиро дар моҳиҳои — моҳигири қаъриоб (удильшик) хеле хуб мушоҳида кардан мумкин аст. Ба сифати мувофиқгардони барои таъмин кардани бордоркунии тухмҳо модина доимо дар худаш наринаро гирифта мегардонад. Наринаи хеле хурд (андозаи нарина 1,5-2,0 см ва модина 9-10см) дар зинаи ҷавона буданаш ба модина дар баъзе намудҳо ба шохчаи махсуси галсама, дар дигарҳо бошад ба пешона ё ки шикамаш мечаспад. Пӯсти нарина дар ҷойи пйвастшави бо пӯсти модина пайваст мешавад, гӯё ки ба даруни вай медарояд ва дар баъзе ҳолатҳо рагҳои хунгард ба ҳам пайваст мешаванд. Нарина як қисми таркибии модина шуда аз ҳисоби вай ҳаракат мекунад. Новобаста аз ин рӯдаи модина суст инкишофёфта буда, дандон надорад гарчанде галсама, гурда, дил ва системаи ҷинсии вай хеле хуб инкишофёфтааст.

Муфтхӯрии дарунии дохилинамудӣ дар кирмҳои ҳалқашакл хеле хуб инкишоф ёфтааст. Мисол, кирми ҳалқашакл дар баҳри Миёназамин буда нарина муфтхури дарунии организми модина мебошад, ки дар наичаи нефриди ҷойгир шудааст. Дар зинаи кирмина нарина ба даҳон, баъд ба сурхрӯда ва баъдан ба нефриди модина меафтад. Ҳамаи ин муфтхӯрии дохилинамудй натиҷаи дар муҳит хеле кам будани ғизо, ҳамчун мутобиқшавй барои барқарор кардани насл ба вуҷуд омадааст. Ин хусусияти намудҳо ба онҳо имконият медиҳад, ки таъминоти наслии худро нигохдошта дар мубориза бо дигар намудҳо дуру дароз ҳаёт ба сар баранд.

Рақобати дохилинамудй (барои ғизо, барои ҷуфти худ, фазои ҳаётй, ҷойи афзоиш ва г.) бо афзоиши зичи популятсия афзун мешавад. Аз ҳама бештар рақобат барои гизо оғоз мегардад. Ин бо он вобастасат, ки новобаста аз захираҳои зиёди ғизой дар натиҷаи афзоиши босураът дар биёр ҳолатҳо ба пастшавии сернаслӣ меорад. Дар растаниҳо рақобати дохилинамудӣ тавассути «муборизаи суст» зоҳир мешавад. Ин рақобат ба онҳо имконият медиҳад, ки сохтори хос ҳосил кунанд то ки барои дар фазо ҷойгир кардани онҳо фоидаовар бошад. Ин рақобатро аввалин шуда дар таҷрибаҳои худ В. Н. Сукачёв (1945) дар кишти зич нишон дода буд. Нишон дода шуд, ки на танҳо узвҳои болоизаминии растаниҳо дар баландиҳои гуногун балки решаҳо ҳам дар ҷукуриҳои гуногун ҷойгир мешаванд.

Сарҳад. Рафтори сарҳадӣ дар як қатор ҳайвонҳо, моҳиҳо, паррандаҳо ва ширхӯрҳо мушоҳида мешаванд. Ин ҳодисаи модарзодй буда, ҳар як фард кӯшиш дорад дар сарҳади муайян озод ҳаракат кунад.

Дараҷаи якуми инкишофи сарҳадй ин фазои индивидуалй мебошад, ки ҳар як фардро фаро мегирад. Ин дар достаки болои сими телефон нишаста ё ки сочҳои ҳамроҳи селаи намуди худ парвоз дорад, хеле хуб мушоҳида мешавад. Дараҷаи дуюм ин ҳифзи ҷойи зист, истироҳат ба ҳисоб меравад. Оқилона истифодабарии сарҳад дар дараҷаи сеюми сарҳадй мушоҳида мешавад, ки фардҳои як намуд, фардҳои дигар намудро аз сарҳади худ пеш мекунанд. Дар паррандаҳое, ки бо тарзи колониявӣ лона месозанд, ҳар як фард лонаи худро, ҳамаи колония ва ҳудуди онро тамоми фардҳои популятсия ҳифз мекунанд.

  1. Муносибати байнинамудӣ

Муносибати байнинамудии фардҳо метавонанд бетафовут, зараровар ё ки фоидаовар бошад. Дар рафти бетарафи ҳарду намуди дар як сарҳад сукунат дошта ба ҳам таъсир намерасонанд, мисол, эзорсурхак дар наздикии дурроҷҳо дар ҷангали олаш ё ки шикамбаданҳои марҷонӣ дар гӯшмоҳии малюскҳо. Мумкин аст, рақобат барои ғизои якхела ё ки муҳити ҳаёти ҷой дошта бошад, мисол, байни ду намуди гунҷишк- таранд ва булбул.

Мутуализм бошад ба ҳарду организм фоидаовар аст, дар симбиоз (ҳамзистии якҷоя) ҳаётан муҳим ва дар протокооператсия он қадар муҳим нест. Мисол, ҳайвонҳои кавшакунанда ва микроорганизмҳои шӯъбаи 4-уми меъдаи кавшакунаедаҳо онҳо, гидра бошад баръакс бе обсабзи хлорелла ва баръакс бе якдигар вуҷуд дошта метавонанд.

Дар баъзе ҳолатҳо фоида ё ки зарар яктарафа мерасад. Барои шер фарқе надорад, ки туъмаи боқимондаро каргас ё ки шағол мехурад ё не (комменсализм). Дар муфтхӯри ва даррандагй як организм барои фоидаи худ ба дигараш зарар мерасонад. Дар ин ду типи муносибат, дар ҳолати якум организми ба ҳуҷум гузашта аз қурбонии худ хурдтар аст, дар дуюм ҳолат бошад калонтар.

Муносибати дарранда — қурбонӣ. Дар муҳити барои афзоиш паноҳгоҳ вуҷуд надорад, дарранда дер ё зуд популятсияи қурбонии худро нест карда, баъд худаш мемирад. Дар шароити табиӣ чунин сабабҳои оқибати занҷири мувваққати ба амал меояд; афзоишӣ қурбонй —> афзоишӣ дарранда —» камшавии хеле тези микдори қурбонӣ —► камшавии микдори дарранда —» афзоишӣ қурбонй ва ғ., яъне ҳамаи ин система ба устувории мувозинаи байни дарранда ва қурбонй меорад.

В. Волтер (1931) муносибати байни дарранда ва қурбониро омӯхта, чунин қонунҳоро пешниҳод намуд: 1. қонуни даврии силсилавй, яъне раванди нест кардани қурбонй аз тарафи дарранда, ки дар баъзе ҳолатҳо ба тағйирёбии даврии микдори популятсияҳои ҳар ду намуд оварда мерасонад. Вай аз суръати афзоиши популятсияи дарранда ва қурбонӣ, ҳамчунин таносуби микдори аввалаи онҳо вобастааст. 2. қонуни нигоҳцории бузургии миёна-бузургии миёнаи популятсия барои ҳар як

\

намуд доими аст, новобаста аз дараҷаи аввала, дар шароите суръати хоси зиёдшавии микдори популятсия, ҳамчунин самараи даррандагй доимианд. 3. қонуни вайрон кардани бузургии миёна- дар вақти камшавии популятсияи ҳар ду намуд ба микдори онҳо мутаносиб буда, микдори миёнаи популятсияи қурбонӣ зиёд шуда, популятсияи даррандаҳо кам мешавад.

Муҳофизат аз душман. Вай метавонад фаъол, мисол, нешзадан, заҳр чакондан, зарба задан, чашидани тарашшӯҳот ва ғ. истифодаи паноҳгоҳ, бештар гайрифаъол пинҳоншавӣ (миметикй), зоҳирй, огоҳкунии зоҳирӣ (мимикрия), рафтори огоҳкунанда ё ки пинҳонкунанда бошад. Дар растаниҳо бошад хор, заҳр, моддаҳои талх, мӯякчаҳои сӯзонанда ва ғ. инкишоф меёбанд.

Пинҳоншавии зоҳирй онро нишон медиҳад, ки ин ҷисм барои гизо мувофиқ нест (чӯбча ва кирмаки пяденица ба шохчаи дарахт монанд аст) ё ки монандии зоҳирй бо манзараи муҳити — ранги сабзи бошандагони баргҳо (кирминаҳо, канаҳо, малах ва ғ.), ранги бӯри бошандагони болоизаминй (наринаи мургобӣ, ҷӯр ва г.).

Огоҳкунии зоҳирӣ барои тарсонидани душман бо истифодаи тасвирҳои гайриоддӣ, догҳои ба чашм монанд мебошад, ки дар бисёр шапалакҳо вақти кушодани болашон мушоҳида мешавад. Дигар тарзи истифодаи огоҳкунии зоҳирй- огҳкунй бо рангҳои сигналие мебошад, ки дар назар тасвирҳои гуногуни манфии барои ҳуҷумкунанда хоси қурбонй- лаззати талх, заҳрдорӣ, қобилияти газидан, заҳр задан ва г. зоҳир мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо намудҳои безарар бо тақлиди рангҳо ба намудҳои хатарнок огоҳи медиҳанд. Мисол, пашаи виз-визак, шапалаки бӯзахӯр, гамбусакҳои шоҳбурут сохти зоҳирии оруро тақлид мекунанд.

  1. Тагйирёбии миқдорй ва доимии (гомеостазӣ) популятсия

Дар табиат миқцори ҳар як популятсия тагйир меёбад. Вобаста ба андозаи ареали популятсия миқцори фардҳои популятсия ҳам тагйир меёбанд. Мисол, ҳашаротҳо ва растаниҳои хурди ҷойҳои кушод метавонанд ба садҳо ҳазор ё миллион фард расанд. Баръакс попуятсияи ҳайвонҳо ва растаниҳои олй аз рӯи микдор метавонанд хеле кам бошанд. Масалан, популятсияи сузанак ЬеисоггЫша а1ЫҒгоп8 ба 30 ҳазор фард мерасад, популятсияи туқумшулуқи заминӣ Сереа петогаИк ҳамаги 1000 фардро ташкил медиҳаду халос.

Аз сабаби он ки ҳар як популятсия қобилияти муайяни генетикӣ, фенотипӣ, рафторӣ, синну солӣ ва дигар сохторҳоро дорад, наметавонад аз микдори камтари фардҳо барои таъмини устувории доимии ин сохторҳо ва устувории популятсияро аз омилҳои берун дошта бошад. Дар асоси ин принсипи минималии андозаи популятсия зоҳир мешавад. Микдори минималии популятсия ҳаёти намудро муайян карда, барои ҳар як намуд хос мебошад. Аз ҳудуди минимали баромадан барои популятсия марговар аст. Мисол, аз меъёр камшавии паланг ба пурра нестшавии он оварда мерасонад, чунки фардҳои алоҳидаи боқимонда наметавонанд шарики худро барои афзоиш дарёфт кунад, ки ин ба фавти онҳо баъди якчанд насл оварда мерасонад. Растаниҳои нодир ҳам дар ҳамин ҳолат қарор доранд, мисол, саҳлаб ва ғ.

Ю. Одум (1975) дар асоси қонуни максимуми энергияи биогенӣ ва фишори муҳит, қонуни нав қоидаи максималии популятсиониро пешниҳод мекунад. Бо афзоиши зичии популятсия таъминоти ғизо кам мешавад. Қисми зиёди ҳайвонҳо вобаста аз истеъмоли ғизо сернаслиашон таъмин мешавад, аммо дар рафти зиёдшавии зичии популятсия сернаслӣ паст мешавад, ки ин афзуншавии баъдинаи микдори фардҳои популятсияро пешгирӣ мекунад.

Қоидаи максимуми популятсионй ду хулосаро амиқ мекунад. Якум назарияи X. Г. Андреварт — Л. К. Бирч (1954) ё ки назарияи ҳадци микдории популятсия маълум аст. Микдори популятсияҳои табиӣ ба камшавии захираҳои ғизоӣ ва маҳдудияти шароити афзоиши, дастрас будани ин захираҳо ва кам будани давраи босуръати афзоиши популятсия вобаста аст. Хулосаи дуюм, якумро пурра карда номи назарияи биосенотикии идоракунии миқдори популятсияи К. Фридерикоро гирифтааст. Идоркунии микдории популятсия, натиҷаи таъсири маҷмӯъи омилҳои абиотӣ ва биотии муҳит ба ҷойи зисти намуд мебошад.

Маҷмӯъи ҳамаи омилҳое, ки қобилияти зиёдшавии микдории популятсияро тақвият мебахшанд, тавоноии биотикй ном доранд ва дар намудҳои гуногун ин тавоноӣ ҳархела аст. Босуръат ва тез афзоиш ёфтани популятсия метавонад ба таркишй популятсия оварда расонад. Қайд кардан лозим аст, ки баландшавии зичии популятсия аз оптималӣ зиёд ба популятсия таъсири манфй мерасонад, чунки ғизо кам шуда фазои муҳити ҳаёти маҳдуд мешавад, ки ин ба эпизоотия оварда мерасонад. Тағйирёбии даврӣ ва ғайридаврии микдори популятсияҳои табиӣро фарқ мекунанд. Ба тағйирёбии ғайридаврии микдорй ва зичии популятсияи организмҳои рӯизаминӣ таркиши ғайриҷуфтии афзоиши кирми абрешимй (Оспепа Фхраг) дар соли 1879 мисол шуда метавонад. Таркиши тези мшсдори популятсия дар ҷойи нави зист ҳам мушоҳида мешавад, мисол, босуръат афзоиш ёфтани заргӯш дар Австралия ё ки гамбусаки колорадои дар Аврупо ва Осиё.

Тағйирёбии даврии микдории популятсия дар як мавсим ё ки якчанд сол ба амал меояд. Тағйирёбиҳои даврии миқдорӣ ба ҳисоби миёна дар чор сол барои ҳайвонҳои тундра — леминғҳо, рӯбоҳи шимолй ва бум мушоҳида шудаанд. Тағйирёбии мавсимии микдорй барои як қатор ҳашаротҳо, хояндаҳои мушмонанд, паррандаҳо ва ҳайвонҳои хурди обй хос аст.

Дар шароити табиӣ эҳтимолияти он ки ҳамаи шароитҳо барои популятсия мусоид таъсир мерасонанд, хеле кам аст. Одатан як ё якчанд омилҳои абиотй (ҳарорати ғайримусоид, муҳити ҳомизй, шӯрнокй, намнокй) ва омилҳои биотӣ (мавҷуд будани даррандаҳо, муфтхӯрҳо, организмҳои сирояткунанда, норасоии ғизо) метавонанд махдудкунанда бошанд. Мувофиқати ин омилҳои махдудкунанда муқобилияти муҳит ном дорад. Муқобилияти муҳит пеш аз ҳама ба фардҳои ҷавон таъсир мерасонад.

Нигохдории миқдори муайян ё ки ҳолати мувозина номи гомеостази популятсияро гирифтааст. Афзоиш, камшавӣ ё ки доимияти миқдори популятсия аз таносуби тавоноии биотикӣ (илова шудани фардҳо) ва муқовимати муҳит (фавти фардҳо) вобаста аст. Аз ин ҷо бармеояд, ки тағйирёбии популятсияи ягон намуд, натиҷаи вайроншавии мувозинаи байни тавоноии биотикй ва муқовимати муҳити атроф мебошад

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *