Шаклҳои ҳаётии организмҳо
Организм ва муҳите, ки онҳо дар он ҳаёт мегузаронанд ҳама вақт ба ҳамдигар таъсир мерасонанд, ки дар натиҷа системаи хеле мувофиқ — организм ва муҳити атроф пайдо шудааст. Ин мувофиқат характери мутобиқшавӣ дошта дар намуди хусусиятҳои хоси сохтори анатомӣ, физиологй, ғизой, интихоби ҷойи зист, алоқа бо дигар организмҳо ва хусусияти рафторӣ зоҳир мешаванд. Ин дар симои берунии организм ҳам мушоҳида мешавад. Муҳит ҳама вақт ба организм бо як қатор омилҳои экологй таъсир мерасонад, барои ҳамин симои мутобиқшавиҳо ҳам дар ҷавоб, ба тамоми маҷмӯъи омилҳо ҳосил мешавад.
Талаботи ба як система даровардани организмҳо аз рӯи монандй мутобиқ шудани онҳо ба муҳит, ба ташаккулёбии фаҳмиши гурӯҳи асосии организмҳое, ки монандии симоро дар натиҷаи роҳҳои мутобиқшавй соҳиб шудаанд, оварда мерасонад. Дар ибтидо ин гуна гурӯҳҳоро аз рӯи аломатҳои беруна ҷудо мекарданд. Мисол, дар корҳои табиатшинос ва файласуфи юнони қадим Теофраст ҳамаи растаниҳо ба дарахтӣ, бутгагӣ, нимбуттагӣ ва алафӣ ҷудо карда шуда буданд. Растанишиноси машҳур А. Гумболдт (1806) дар асоси натиҷаҳои тадқиқотиаш олами растаниҳои қитъаҳои гуногун пешниҳод кард, ки 19 шакли асосии растаниҳоро ҷудо кардан мумкин аст. Дар байни онҳо: 1. шакли нахл. 2. шакли банан. 3. шакли дарахтони сузанбарг. 4. шакли растаниҳои кактусмонанд. 5. шакли чуброст. 6. шакли дарахтони ғор (лавровый). 7. шакли ғаллагиҳо. 8. шакли ушнаҳо. 9. шакли сахдаб (орхидей). «Шаклҳои асоси»-и растаниҳои А. Гумболдтй кӯшиши аввал барои ҷудо кардани типи асосии растаниҳои ба ҳамаи омилҳои муҳит мутобиқшавиашон монанд равона шуда буд. Дар солҳои минбаъда микдори ин «шаклҳо» аз тарафи А. Корнер (1863) тр 11 ва баъдтар бошад аз тарафи X. Гризебарх то 54 зиёд карда шудаанд. Лекин асоси ҷудо кардани онҳо номуайян монд. Асосан хусусияти расиш, морфология, сатҳи болоии сафҳаи барг ва мансубият ба гурӯҳи таксономии муайян ба назар гирифта мешуд. Ин таснифот танҳо олами гуногунии растаниҳоро нишон медод, на ин ки роҳҳои мутобиқшавии онҳоро ба муҳит. Барои ҳамин ҳам лозим меояд чунин аломатҳоеро интихоб кунем, ки бештар дараҷаи мутобиқшавии организмҳоро ба муҳит инъикос кунад. Ч. Дарвин (1859) вақти пешниҳод кардани назарияи интихоби табий ҳамчун омили асосии такомул, диққати худро ба он равона кард, ки на танҳо зиёд шудани фарқияти байни намудҳои наздик, балки шаклҳои хешу табор набуда аз рӯи монандии берунаи, ин намудҳо дар шароити бо ҳам наздик тарзи ҳаёти якхела мегузаронанд. Ин ҷараён номи конвергентсияро гирифтааст ва аломатҳои он конвергентй номида мешаванд (расми 58).


Расми 58. Такомули конвергенти- монандии берунии сохтори узвҳо
вобаста аз ҳаётгузаронй дар муҳити обй (аз рӯи К.Вилли, 1966):
А- наҳанг; Б- ихтиозавр; В-делфин
Конвергентсияи аломатҳо дар шаклҳои гуногун пеш аз ҳама узвҳоеро дар бар мегирад, ки онҳо ба муҳити берун алоқаи бевосита доранд, сохтори даркунии организм бошад, тагйир намеёбад ва пайдоишу авлоди намудро инъикос мекунад.
Роли шаклҳосилкунии омилҳои муҳит, ё ки таъсири онҳо ба морфологияи организмҳо дар рафти тадқиқи аҳамияти намнокӣ, ҳарорат, ҳаракати ҳаво ва об, зичии муҳит, ҳаҷми фазои барои ҳаёт мувофиқ ва ғ. хеле хуб омӯхта шудааст. Роҳи мутобиқшавии организмҳо ба шароити муҳит — ба андозае, ки шароитҳои табйиётй шиддатнок бошанд, ҳамон қадар махдуд аст.
Типҳои морфологии мутобиқшавии растаниҳо ё ки ҳайвонот ба омилҳои асосӣ ва тарзи ҳаётии муйянро шакли ҳаётии организмҳо меноманд.
Истилоҳи «шакли ҳаётӣ»-ро ҳамчун маҷмӯъи аломатҳои мутобиқшавй аввалин бор яке аз асосгузорони экологияи растаниҳо, растанишиноси даниягӣ Е. Варминг пешниҳод намудааст. Аз рӯи фаҳмиши ӯ шаклест, ки узвҳои вегетативии растанй дар мувофиқатӣ бо муҳити атроф тамоми давраи ҳаётии худро мегузаронанд.
Зимни муйян кардани ин истилоҳ — мо онро ба таври аниқ ё васеъ дар корҳои як қатор олимони муосир мушоҳида мекунем. Ба ақйдаи А.
П. Шенников «(1964) «намудҳои растанӣ», аз рӯи шакл ва мутобиқшавй ба муҳит монанд буда, онҳоро дар як шакли ҳаётй «гирд меоранд». Ба ақидаи В. В. Алёхин (1944) «шакли ҳаётй» — ин натиҷаи мутобиқшавиҳои дуру дарози растаниҳо ба шароити таҳҷоии муҳит буда, он дар симои берунаи онҳо инъикос меёбад. Дар замони муосир аз ҳама бештар ба таснифоти шаклҳои ҳаётй растанишиноси даниягӣ К. Раункиер (1905, 1907) таваҷӯҳ зоҳир мекунанд. Ҳамаи растаниҳоро К. Раункиер ба 5 типи шакли ҳаётй тақсим мекунад (расм 59). Ба ақидаи у мутобиқшавии типи растаниҳои монанд ба муҳити зист пеш аз ҳама бо қобилияти азсаргузаронидани шароитҳои шадиди берун ба ҳисоб меравад.

Расми 59. Шакли ҳаётии растаниҳо (аз рӯи К. Раункиер, 1934):
1- Фанерофитҳо (сафедор); 2- хамефитҳо (Уассшшт тугйИик); 3- гемикриптофитҳо (чингорак, қоқу, ғаллагиҳо); 4- геофитҳо (лолаи нӯъмон, лола); 5- терофитҳо (тухми лубёгиҳо)
Мугҷаҳои зимистогузаронанда бо ранги сиёҳ ишора шудаанд
- Фанерофитҳо (РЬ) — муғҷаҳои азнавбарқароршаванда, кушода ё ки пӯшида, ки аз боли сатҳи хок аз ЗОсм болотар ҷойгирифтаанд. Аз рӯи сохтори поя, баландии растанй, аз руи ритми инкишофи барг, аз рӯи ҳифзшавии муғҷа онҳоро ба 15 зертип ҷудо мекунанд.
- Хамефитҳо (СЬ) — муғҷаҳои азнавбврқароршаванда дар назди сатҳи болои хок ё ки на камтар аз 20-30 см болотар ҷойгир мешаванд. Ба 4 зертип ҷудо карда мешаванд.
- Гемикриптофитҳо (Нк) — муғҷаҳои барқароршаванда дар болои сатҳи хок ё ки дар қабатҳои хеле наздики болои хок, ки дар бисёр ҳолатҳо бо густурда пӯшида шудаанд. 3 зертипро дар бар мегиранд.
- Криптофитҳо (К) — мугҷаҳои барқароршаванда дар хок (геофитҳо) ё ки зери об ( геофитҳо ва гидрофитҳо) ниҳонанд. Ба 7 зертип ҷудо карда мешаванд.
- Терофитҳо (ТЬ) — баъди номусоидиҳои мавсими сол бо тухмҳо барқарор мешаванд.
Хусусиятҳои ба зертипҳо ҷудо кардан дар асоси аломатҳои морфологй, ба монанди характер ва ҷойгиршавии пояҳо, ҳифзшавии муғҷаҳо ва ғ. ба назар гирифта шудаанд.
К. Раункиер тасдиқ мекунад, ки шаклҳои ҳаётй таърихан ин натиҷаи мутобиқшавии растаниҳо ба шароити иқлими муҳит мебошад. Ӯ паҳншавии доираи намудҳоро аз рӯи шакли ҳаётй дар ҷамоаҳои растаниҳои сарҳадҳои омӯхташударо спектри биологӣ ном гузошт. Барои ҳар як минтақа ва мамлакатҳои гуногун спектрҳои биолигӣ сохта шудаанд, ки ҳамчун индикатори иқлим метавонист хизмат кунанд (расми 60).

Тропякии намнок Субтропики МянтзКаК зяугътядил

Фанерофшхо
Мннтакпи Аргикп
: | Т’ерофктхо

Биббон

Хамеф1пхо Г емикршпофнтхо
Криптофйтхо
Расми 60. Таносуби шаклҳои ҳаётии гуногуни растаниҳо аз рӯи системаи
Раункиер дар минтақаҳои гуногуни олам
Иқлими қитъавии минтақаи мӯътадилро иқлими гемикриптофитҳо ва иқлими гарм ва намнокй тропикиро-иқлими фанерофитҳо номидаанд.
Новобаста аз ин типи шакли ҳаётии растаниҳо аз рӯи ақидаи К. Раункиер хеле васеъ ва гуногунтаркиб мебошад. Мисол, ба хамефитҳо растаниҳои нисбат ба иқлим гуногун дохил мешаванд, чунки онҳо ҳам дар тундра ва ҳам дар биёбон хеле зиёданд.
Барои растаниҳои минтақаҳои мӯътадил системаҳои шакли ҳаётии гуногун вобаста аз гурӯҳи растаниҳои алоҳида ва типии растаниҳо пешниҳод карда шуд. Г. Н. Висоский соли 1915 барои ҷамоаҳои даштии ҷануби Россия системаи шакли ҳаётиро кор карда баромад. Баъд онро Л. И. Казакевич (1922) илова ва инкишоф дода, то имрӯз дар вақти таҳлили ҷамоаи растаниҳои алафии бисёрсола истифода мекунанд.
Таснифи шакли ҳаётии И. Г. Серебряков (1962, 1964) аз рӯи асосҳои экологию морфологй барои шаклҳои буттагиву дарахтй кор карда шудааст, ки ба он шакли ҳаётии симои умумӣ — габитуси (шамоил)-игурӯҳи растаниҳо, аз он ҷумла узвқои рӯизаминй ва зеризаминй ( пояҳои зеризаминй ва системаи решаҳо) дохил карда шудаанд. Шамоил дар рафти онтогенез дар натиҷаи расиш ва инкишофи растаниҳо, дар шароити муйяни муҳит ба амал омада, мутобиқшавии растаниҳоро ба бештар ва пурратар истифодабарии тамоми маҷмӯъи шароити муҳити зист, ҷойгиршавй дар фазо ва мустаҳкамшавии сарҳад асос меёбад. И. Г. Серебряков қайд мекунад, ки шакли ҳаётӣ — ин хусусияти шакли берунии организмҳо буда, инкишофи биологй ва сохтори дохилии узвҳоро нишон дода, дар шароити муайяни хокй — иқлимй ҳамчун мутобиқшудан ба ҳаёт дар ин шароит ба амал омада, яъне онҳо шаклҳои ҳаётиро муаррифй мекунанд, ки дар фосилаи дуру дарози таъсири омилҳои экологй мутобиқ шудаанд. Ба туфайли гуногунии шароитҳои комплексй дар рӯи замин микдори зиёди шаклҳои ҳаётии организмҳо мавҷуданд. Растаниҳоро ба шаклҳои дарахтӣ, нимдарахтӣ, алафии рӯизаминй ва алафии обй ҷудо мекунанд. Ҳар яки онҳо бошад дар навбати худ шаклҳои ҳаётии гурӯҳҳои хурдтарро доранд (ҷадвали 24).

Расми 61. Шаклҳои ҳаётии растаниҳои
пӯшидатухм (аз руи И.Г. серебряков, 1964)
Таносуби шуъба ва типи шакли ҳаётии растаниҳои
пӯшидатухмҳо (аз руи таснифоти И. Г. Серебряков, 1962).
Типии VI. Алафҳои монокарпӣ | Типи VIII. Алафҳои шинокунанда ва зериобӣ | |
Типи V. Алафҳои поликарпӣ | Типи VII. Алафҳои замину — обӣ | |
Шӯбаи В. Алафҳои руизаминй | Шӯъбаи Г. Алафҳои обӣ | |
Типии IV. Нимбуттаҳ ва нимбуттачаҳо | |
Шуъбаи Б. растаниҳои нимдарахтй |
Типи III. Буттачаҳо
I Типи II. Бутгаҳо
Типи I. Дарахтон
Шуъбаи А. Растаниҳои дарахтй.
Ба шакли ҳаётии дарахтон, растаниҳои бисёрсолаи як пояи ба чуб мубаддал шуда (тӯс, коҷ, санавбар, сиёҳбед ва ғ.), ки тамоми ҳаёт растанӣ ӯро ниғоҳ медорад, дохил мешаванд. Онҳо метавонанд ҳамешасабз ва хазонрез бошанд. Дар байни онҳо шаклҳои рӯизаминии решаҳосилкунанда, ки пояии рост дошта, буттамонанданд ( пояи на он қадар баланд) ва яктанагии бо пояи паст фарқ мекунанд (расми 61).
Дар ҳамаи онҳо вақги буридани поя метавонад аз муғчаҳои хобрафта як ё ки якчанд пояҳои дуюмин бароянд. Ин шакли ҳаётии растаниҳо хеле васеъ паҳн шуда яке аз нишондиҳандаҳои оптималии шароити ҷойи зисти онҳо ба ҳисоб меравад. Дар байни растаниҳои
рӯизаминии решаҳосилкунанда шаклҳои ҳаётӣ бо пояи хобида мавҷуданд, ки онҳоро густарак меноманд. Онҳо бештар дар ноҳияҳои барои ҳаёти растаниҳои дарахтӣ ғайримусоид мерӯянд, яъне дар он ҷое, ки зимистон дароз буда, табиат сард аст ва ҳама вақт боди сард мевазад.
Ба растаниҳои дарахтй ҳамчунин микдори зиёди шаклҳои ҳаёти дошта — буттаҳо дохил карда мешаванд. Аломати муҳими онҳо ин мавҷуд будани як ё ки якчанд пояи аз рӯи андоза баробар мебошад. Пояи асосй, ки дар аввали ҳаёт хеле намоён аст, баъдтар аз руи дарозӣ аз дигар пояҳои пахдугй фарқ намекунанд. Баландии пояи буттаҳо одатан 0,5 — 0,8 то 5 -6 метр мерасад.
Буттачаҳо — типи сеюми шакли ҳаётии растаниҳои дарахтӣ мебошанд. Ба онҳо буттаи шимолй ба монанди ангури сагак (черника), буттаи заҳрноки ҳамешасабз (багулник) ва ғ. дохил мешаванд. Пояи асосй ҳамагй 3-7 сол фаъолият мекунад ва баъд нест мешавад. Ба ҷои он навдаҳои решадавони чӯбшудаи поя аз мугҷаҳо ҳосил мешаванд. Дар байни шаклҳои ҳаётй растаниҳои нимдарахтиро ҷудо мекунанд, ки ба онҳо нимбуттачаҳо (явшони даштй, прутняк (бедзор), аетрачаи прутняковый (бедмонанд) ва ғ. дохил мешаванд. Аломати хоси нимбуттачаҳо — доимо мурдани қисми болоии пояҳои онҳо мебошад. Қисмҳои боқимондаи наафтода ба шакли чӯб гузашта ҳамин тавр давоми чанд сол нигоҳ дошта мешаванд, ки дар онҳо муғчаҳои барқароршаванда мавҷуданд ва дар солҳои минбаъда аз онҳо пояҳои нави алоҳидаи зиёд ҳосил мешаванд. Бо ҳамин нимбуттачаҳо аз растаниҳои алафии асосӣ фарқ мекунанд.
Гурӯҳи шакли ҳаётии растаниҳои рӯизаминии алафй хеле гуногун аст. И. Г. Серебряков онҳоро ба ду қисм ҷудо мекунад: алафҳои поликарпӣ, ки дар рафти фаъолияти ҳаётй чандин борҳо мева медиҳанд ва алафии монокорпӣ, ки танҳо як бор мева медиҳанд.
Дар навбати худ растаниҳои алафии поликарпиро ба як қатор шаклҳои ҳаётӣ ҷудо мекунанд: растаниҳои тиррешадор (алафҳои бисёрсолаи ҷорӯбакҳо ва ғ.), растаниҳои решадарози асоси ( юнучқа, кермек, мармарак ва ғ.), растаниҳои решаи кӯтоҳдошта (алафи хоб, салибаи Якова ва г.), растаниҳои (кистекорновый) решаи буғумдор (чинорак, калутнисаи ботлоқӣ ва г.), лундарешаи кӯтоҳ (купена, лолаи нӯмон ва ғ.), алафҳои чиндори (дерновинные) поликарпӣ, растаниҳои буттаашон зич (плотнопустовые), буттаашон ковок (рыхлопустовые), лӯндарешаи дароз дошта (длинокорневишные), растаниҳои столонаҳосилкунанда (тути заминй, қулфонай ва ғ.), алафҳои хазандаи поликарпй (вероникаи доругӣ, чойи марғзорӣ ва г.), лӯнда ҳосилкунандагони поликарпй (любкаи дубарга, картофел, тирбарг ва ғ.), пиёзрешаҳои поликарпӣ (пиёзи қозӣ, пиёзҳо, лола, гули сиёвуш ва г.).
Алафҳои монокорпӣ дар ноҳияҳои хушки минтақаҳои мӯътадили нимкурраи шимол хеле васеъ паҳн шудаанд. Дар байни чунин монокарпиҳо растаниҳои яксола, дусола (як қатор намудҳо аз оилаи чатргулон, чиликгулон: волдиргон (борщевик), карам, зира ва ғ.). Қисмизиёди онҳо лундаҳое доранд, ки барои захира кардани модаҳои ғизоӣ истифода мешаванд.
Растаниҳои яксолаи монокарпӣ ба дуру дароз нашъунамоёфта (тугмагули кабуд, шоҳтарои доругй, ҷағ-ҷағ ва ғ.), эфемерҳо (вероникаи баҳорӣ, круппаи баҳорӣ ва ғ.), лианмонандҳо (торонаки печон), нисфмуфтхурон (ЕпрЬ2081а, погремок ва ғ.), муфтхӯрон (зарпечак) ҷудо карда мешаванд.
Дар байни тамоми типҳои шаклҳои ҳаётӣ баъзе вақт шакли болиштмонандҳо вомехуранд. Қисми зиёди онҳо растаниҳои алафии бисёрсола ва камтар дарахтӣ буда баъзе вақт ҳамешасабз мебошанд. Барои онҳо хусусияти хоси расиши пасти нуқтаи расиш ва шохронии зиёди паҳлугӣ ба таври радиалӣ ё ки ошёнағӣ ҳосил мекунанд, ки шакли «болишт»-ро доранд (сусхор, сангшиканак, дриадосвет).
Таснифоти шаклҳои ҳаётии ҳайвонот ҳам, ба монанди растаниҳо хеле гуногун буда як қатор хусусиятҳои хоси худро дорад (ҷадвали 25).
Ҷадвали 25
Гуруҳҳои асосии шакли ҳаётии ҳайвонҳо (аз рӯи Д. Н. Кошкаров,1945)
- Шаклҳои шинокунанда
- Пурраобӣ:
а) нектонҳо, планктонҳо, в) бентосҳо
- Нисфашон дар об
а) ғутазананда, б) ғутаназананда, в) танҳо дар об гизо ба даст меоранд
- Шаклҳои заминкованда:
- Заминкобҳои мутлақ (ҳамаи ҳаёташон дар зери замин мегузарад)
- Заминкобҳои нисбй (ба болои замин мебароянд)
Ш. Шаклҳои руизаминӣ:
- Намудҳое, ки сӯрохй (лона) намесозанд а) даванда, б) ҷаҳанда, в) хазанда
- Намудҳое сӯрохй месозанд
а) даванда (тозанда), б) ҷаҳанда, в) хазанда
- Ҳайвонҳои дар шохҳо сукунатдошта
IV. Шаклҳои дар болои дарахтон ҳаётгузаронанда:
а) аз дарахтон намефароянд, б) танҳо дар болои дарахтон ҳаёт мегузаронанд
V. Шаклҳои ҳавоӣ:
а) намудҳое, ки дар ҳаво гизоро ба даст меоранд, б) намудҳое, гизоро аз ҳаво муайян карда баъд онро ба даст меоранд

Аз руи ғуногунии шакли ҳаётӣ мумкин асг оиди хусусиятҳои муҳити ҳаётӣ ва мутобиқшавии организмҳои гуногун баҳо диҳем. Мисол, бошандагони даштҳои қитъаҳои гуногун ҳайвонҳои ҷаҳанда, даванда, заминков, хазанда вомехӯранд. Аммо онҳо бо ҳам хешу табории наздик надоранд (расми 62). Хусусияти пешравии ҳаракат ва тарзи ҳаётӣ дар ҳудуди ҳар як гуруҳи шаклҳои хоси мутобиқшавиро ташаккул медиҳанд (расми 63). Мисол, ширхӯрҳои руизаминӣ асосан бо ёрии қадамзанӣ, давидан, ҷаҳидан ҳаракат доранд, ки ин дар симои берунии онҳо инъикос ёфтааст.
0С1&
ЧДХАКДАК»
штгШк щомтшоа» мШмю
Расми 62. Шакли ҳаётии ҳайвонҳо- бошандагони
даштҳои қитьаҳои гуногун
Хдйвонҳои ҷаҳанда (тавушқон, кенгуру, калламуш) бадани зичу пойҳои қафояшон дароз буда, пойҳои пеши кӯтоҳ доранд. Мушакҳои пояшон инкишофёфта буда, тавоноии ҷаҳишӣ онҳоро тақвият мебахшад.
Думи дароз бошад вазифаи суккон (чамбар) — ро ва лангарчӯбро иҷро мекунад, яъне ба ҳайвонҳо имконият медиҳад, ки самти ҳаракати худро тағйир диҳанд.
Барои ҳайвонҳои нишаста бошад, дум ҳамчун нуқтаи иловагии такягоҳ хизмат мекунад.
Шаклҳои ҳаётӣ дар ҳудуди ҳар як гуруҳи калони намуди калони экологии ҳайвонҳо ба чашм мерасад, ки дар симои берунии паррандаҳо аз рӯи мутобиқшавии онҳо ба муҳити зисг ва ба даст овардани ғизо хеле
хуб мушоҳида мешавад. Вобаста ба ин чунин паррандаҳо фарқ карда мешаванд: 1) паррандаҳои дар болои растаниҳои дарахтӣ
зиндагшсунанда, 2) дар фазои кушоди хушкӣ зиндагикунанда, 3) дар ботлоқзорҳо ва пастобаҳо зиндагикунанда, 4) дар фазои обӣ зиндагикунанда.

Расми 63. Шаклҳои хоси мутсбиқшавӣ дар гурӯҳӣ шнрхурҳои
ҳашаротхур (аз рӯи С.У. Строганов, 1957)
Шаклҳои рӯиэаминӣ: А-ҷаҳанда (МасгозсШбез); Б- заминкобак (8огех); В-хорпушт (Нет1есЫпиз); шаклҳои обхокӣ: Г- кутора (Кеотуз); Д- самури обии заминкоб (Ре1ато§а1е); Е- выхухол (Везтапа). Шаклҳои кобандаи-зеризаминӣ: Ж — кӯрмуш (Та1ра); 3- златокӯрмуш
(СЬпзосЫогзз)
Дар ҳар яке аз ин ғурӯҳҳо шаклҳои хос мушоҳида мешаванд: а) гизоро бо ёрии хазидан ба даст меоранд (кабӯтарҳо, тӯтиҳо, гунҷишкон, эзорсурхакҳо ва г.); б) онҳое, ки ғизоро дар вақти парвоз ба даст меоранд (дар фазои кушод — чакрвакҳо, дарозболҳо, дар ҷангалҳо-ҷугз, эчкемарҳо ва г., дар болои об — найчабиниҳо ва г.); в) онҳое, ки дар вақти дар болои хок ҳаракат кардан гизоро ба даст меоранд (дар фазои кушод- шутурмурғҳо, турнаҳо, нанду, ҷангалиҳо — қисми зиёди мурғон, казуарҳо, кивй ва ғ., дар ботлоқҳо ва пастобҳо-баъзе гунҷишкон, фламинго (бутимор), почадарозон); г) онҳое, ки ғизои худро бо роҳи ғӯтазанӣ ва шинокунӣ ба даст меоранд (қисми.зиёди белпойҳо ва қозҳо, исфирудҳо, як қатор найчабиниҳо, пингвинҳо ва г.). Дар моҳиҳо чунин типи шаклҳои бадан вомехӯранд (расми 64). Дар ҳашаротҳо бошад, олим В. В. Яхонтов чунин шаклҳои ҳаётиро ҷудо кардааст (ҷадвали 26 ).
Дар як қатор гурӯҳои ҳашарот хусусияти хоси муҳити зист дар шаклҳои ҳаётии онҳо инъикос ёфтааст. Мисол, шакли ҳаётии ҳайвонҳои хурди хокии буғумпойҳо коллембол дар асоси мутобиқ шудани онҳо ба қабатҳои муайяни хок инъикос меёбад, чунки бо чуқури тамоми маҷмӯъи шароитҳои зисг тағйир меёбанд — андозаи ковокиҳо, рушной, ҳарорат, намнокӣ ва ғ.(расми 65).
Ҷадвали 26
Шакли ҳаётии ҳашаротҳо (аз рӯи таснифоти В. В. Яхонтов, 1969)
- Геобионтҳо — бошандгони хок
- Эпигеобионтҳо — бошандагони қитъаҳои кушоди каму беши хок
- Герпетебионтҳо — бошандагони дарунии боқимондаҳои узвии болои хок, зери баргҳо
- Хортобионтҳо — бошандагони қабатҳои алафҳои сабз
- Тамнобионтҳо ва дендробионтҳо — бошандагони буттаҳо ва дарахтон
- Ксилобионтҳо — бошандагони чӯбҳо
- Гидробионтҳо — ҳашаротҳои обӣ

Расми 64. Типи гуногуни шакли танаи моҳӣ (аз рӯи Г.В. Николский, 1974)
1-тиршакл (сарган); 2-торпедомонанд (скумбурия); 3-паҳншавй аз паҳлу (лещ); 4- типи моҳии-моҳмонанд; 5-типи камбала; 6-мормонанд (угор); 7- ленташакл (шоҳи слдҳо); 8- паҳн (скат); 9- дойрашакл (кузовок)
Шакли ҳаётии организмҳо метавонанд дар ҷараёни инкишофи инди-видуалии худ тағйир ёбад. Мисол, шапалак дар ҷараёни инкишофи худ ба воситаи шаклҳои тухм, кирмак, зоча, имаго — фарди болиғ мегузарад (расми 66).
Аз рӯи шакл (бадан, сохтори сар, сохторҳои дасту — пой, аппарати парвозкунанда, типи ранг) малахҳоро ба чунин гуруҳҳо ҷудо мекунанд, тамнобионтҳо — бошандагони дарахтон ва буттаҳо, хортобионтҳо — бошандагони қабати растаниҳои сабз, герпетобионтҳо — бошандагони қабати болоии боқимондаҳои узвии хок; сокинони қитъаҳои кушоди хок; эребионтҳо — бошандагони болои хокҳои зичӣ гилй, псаммобионтҳо- сокинони болои регҳо ва петробионтҳо-сокинони болои қитъаҳои санглохи растании камдошта.
Ҳамин тавр шакли ҳаётии организимҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ё он намуд чи тавр ҳаёт мегузаронад.

Расми 65. Шаклҳои ҳаётии коллембол (аз рӯи \¥. Вип§ег,1974):
А-атмобионтҳо: Робига адиаИса (1) дар болои об ҳаёт мегузаронад. Еп1:ото1гуа тиясогит (2), ВоийеЕеНа ЬоНегшз (3), 1к1ота лйпсИв (4) дар болои хок ва расганиҳо ҳаёт мегузаронад. Б-гемиздафикӣ Нуро§ав1ига У1аЫса (5), ҒоЕогша §иабг1си1а1а (6), Ьер1с1осуг1и8 1апи§то8ив (7), Зттйтппиз е1с§апк (8) дар қабатҳои ковоки боқисмондаи растаниҳо ҳаёт мегузаронанд. В- эуздафикӣ: \¥Шет1а апорЬШаста (9), Ео1отос1с8 ргобисШк (10), ИееЫз т1п1тия (11) дар хок ҳаёт мегузаронанд; СурЬбсгиз а1Ыпи8 (12) дар мӯрчахона ҳаёт мегузаронанд.

Расми 66. Шакли инкишофи индивидуалии ҳашаротҳо