Фанни Экология

Муҳитҳои асосии ҳаёти

Дар сатҳи Замин организмҳо дар рафти инкишофи дуру дарозӣ таърихй 4 муҳити ҳаётиро интихоб кардаанд, ки аз рӯи тақсимот мувофиқи қаъбатҳои маъданй: гидросфера, литосфера, атмосфера ном доранд (расми 21).

Расми 21. Муҳитҳои асосии ҳаётӣ

Муҳити обй ибтидои пайдоиш ва паҳншавии ҳаёт ба ҳисоб меравад. Дар рафти инкишофи минбаъдаи таърихии олами узвй организмҳо ба муҳити Замину-ҳавой паҳн шудан гирифтанд. Растаниҳо ва ҳайвонҳои хушкй пайдо шуда бо суръати баланд ба муҳити ҳаётии нав мутобиқат пайдо мекарданд. Фаъолияти организмҳои зинда дар хушкй ба оқибатҳои дигаргуншавии болои қабати литосфера, хок оварда расонд. Дар хок ҳам организмҳои обй ва ҳам организмҳои рӯи заминӣ паҳн шуда маҷмӯи хоси бошандагони онро ҳосил карданд. Чорумин муҳити ҳаётй худи организмҳои зинда ба ҳисоб мераванд, ки ҳар як оламе барои бошандагони онҳо муфтхуру симбионт шудаанд.

  1. 06 ҳамчун муҳити ҳаётӣ

Тавсифи умумй. Гидросфера 71% майдони хушкй ва 1/800 қисмати ҳаҷми сайёраи Заминро ишғол мекунад. Миқцори асосии об, зиёда аз 94% дар баҳру уқёнусҳо ҷойгир шудааст (расми 22 ). Обҳои тозаи дарёҳо, кӯлҳо ҳамаги 0,016%-и ҳаҷми умумии обҳои тозаро ташкил медиҳанд.

£ £3

image25

76,2 14,8 мпн. *м*

Хушки Ҷамолунгма 8Й8м

Уқёнуси чахони 361,3 ш>1. Ы Укснусхо

я

./ 7450

8742

11034

4\-к4 рин алоэоош 11Ч1ущ8яусхо ‘ ба хисобм мн8ва «* — .Чукурю мнйин укйнуся ча\овП

— ‘1/5449 З™**

Хачми об МЛН. КМ3

у Чухурпи максимапю! ух?н\т оо м

707,1 330,1 284,6 18,? Ҳамяги 1338,5

Расми 22. Уқёнуси Ҷаҳонй дар муқоиса бо сатҳи хушкй
(аз рӯи Н.Ф.Реймерс)

Дар уқёнус ва баҳрҳо пеш аз ҳама ду минтақаи экологй фарқ карда мешавад. Қабати ғафсии об — пелагиал ва қаъри он- бентал. Вобаста аз чуқури бенталро ба қисми сублиторал — минтақаи пастшавй аз хушкӣ то чуқуриҳои 200 м, батиалй — минтақаи нишебиҳои пурпечутоб ва қисмати абисал- нишемиҳои уқёнусй то чуқуриҳои аз 3 то 6 км ҷудо мекунанд. Қисми чуқуриҳои бенталро, ки ба нишемиҳои хамиҳои уқёнусй мувофиқанд (6-10 км) ултраабисал меноманд.

Канори соҳиле, ки дар рафти маду ҷазр бо об шуста мешавад, литорал ва қисми соҳили аз дараҷаи маду ҷазр баландтарро, ки аз ҳисоби пошхурии мавҷҳои ба соҳил бархӯрда намнок мешаванд, супралиторал ном гирифтаанд.

Майдони кушоди обҳои уқёнуси ҷаҳониро аз рӯи амудй мувофиқ ба қисмҳои бенталӣ ба эпипелагиал, батипелагиал, абиссопелагиал чудо мекунад.

Дар муҳити обй тахминан 150 000 намуди ҳайвонот ё ки наздики 7% аз микдори умумии онҳо ва 10 000 намуди растаниҳо (8%) сукунат доранд (расми 23).

Намояндаҳои гурӯҳи зиёди растаниҳо ва ҳайвонҳо дар муҳити обй монданд, вале микдори намудҳои онҳо назар ба хушкй хеле камтаранд. Аз ин холоса баовардан мумкин аст, ки дар хушкй такомул бо суръати баландтар гузаштааст.

Расми 23. Тақсимшавии асосии синфҳои ҳайвонот дар муҳити зисти худ (аз рӯи Г.В. Войткевич ва В.А. Воронский, 1989)

Эъзоҳ. Ҳайвонҳое, ки поёнтар аз хати мавҷнок ҷойгир шудаанд, дар баҳр ва боло аз хат ҷойгиршуда бошанд — дар муҳити замину- ҳавоӣ сукунат доранд.

Ба гуногунии олами растаниҳо ва ҳайвонҳои баҳрҳо ва уқёнусҳои минтақаҳои экваторй ва тропикй, пеш аз ҳама уқёнусҳои Ором ва Атлантика фарқ мекунанд. Дар қисмати Шимол ва Ҷанубй ин минтақаҳо таркиби сифатии организмҳои зинда хеле кам мешавад. Мисол, дар минтақаҳои архипелаги Ост-Индия на камтар аз 40 000 намуди ҳайвонот паҳн шудааст, дар баҳри Лаптев бошад ҳамаги 400 намуд.

Массаи асосии организмҳои Уқёнуси олам дар майдони начандон калони қисмати соҳили минтақаи мӯътадил ва байни буттазорҳои мангровй мамлакатҳои топики мушоҳида мешаванд. Новобаста аз кам будани захираҳои обии дарё, кӯлҳо, ва ботлоқҳо назар ба оби баҳр ва уқёнусҳо аҳамияти захираи обии онҳо барои растанӣ , ҳайвонот ва одам басо муҳим аст. Натанҳо муҳити обӣ ба сокинони он таъсири ҷидди мерасонад, балки моддаҳои зиндаи гидросфера ҳам ба муҳити зист таъсир расонида, онро азнавкарда ба гирдгардиши моддаҳо дохил мекунанд. Муайян карда шудааст, ки вайроншави ва барқароршавии оби уқёнус, баҳрҳо, дарё ва кӯлҳо дар гирдгардиши биологй 2 млн. сол давом мекунад, яъне ҳамаи он ба воситаи моддаҳои Замин чандин ҳазор маротиба гузаштаанд. Бинобар ин гидросфераи дирӯза на танҳо маҳсули фаъолияти моддаҳои зиндаи ҳозира, балки давраҳои геологии таърихӣ ҳам ба ҳисоб мераванд.

Серҳаракатии муҳитӣ обй яке аз хусусиятҳои хоси он буда (дарё ва дарёчаҳо) дар баҳр ва уқёнусҳо бошад маду ҷазр мушоҳида мешавад.

Дар кӯлҳо бошад омехташавии оби онҳо аз ҳисоби таъсири ҳарорат ва шамол амалй мешавад.

Гурӯҳҳои экологии гидробионтҳо. Дар қабатҳои ғафси об ё ки пелагиал (ре1а§о8 — баҳр) организмҳои пелагиалй сукунат дошта қобилияти шино кардан ё ки дар қабатҳои муайян нигоҳ доштани худро доранд (расми 24). Организмҳои ин қабатро ба ду гурӯх: нектонҳо ва планктонҳо тақсим мекунанд. Сеюм гурӯҳи экологиро бентосҳо (сокинони қаърй) ташкил мекунанд.

Нектонҳо (пек!оз — шинокунанда) — маҷмӯи ҳайвонҳои фаъол шинокунандаи пелагиалро меноманд, ки бо қаъри об алоқаи бевосита надоранд. Онҳо организмҳои калонҷусса буда, ба туфайли узвҳои шинокунанда доштанашон ба самтҳои гуногуни об озодона ҳаракат мекунанд. Ба онҳо моҳиҳо, калмарҳо, китҳо, белпойҳо дохил мешаванд. Ба нектонҳо ба ғайр аз моҳиҳо дубаҳраҳо ва ҳашаротҳои фаъол ҳаракаткунанда низ дохил карда мешаванд. Қисми зиёди моҳиҳо дар қабатҳои обй бо суръати баланд шино мекунанд, мисол, калмарҳо (01§оГяк1е) — 45-50 км/соат, бодбонакдорҳо (ЫюрЬапбае) -100-150 км/соат ва моҳии-шамшердор (Х^рЫаз §1аЪшя)-130 км/соат ҳаракат мекунад.

13хои оахри

Вснгос_

/Пастобахои! ‘ кигьани у

У////

Рушншш Офтоо

Мохихон паррон

Зоопланктонхо

амчшга&юмн г\ Б»г ь —__

. ‘ ^ — Катмархо

тгтхои бурутао|

Мохнхои руитоштхявда

•Некюнхо7“’-Т»^

Кирмхои Гж

Нахднп! кутби

Мфифон часншца

Мок!

лхалмархи

ЛН.НОГХОИ бахрн

Бситрс

Расми 24. Мақтаъи (профиль) уқёнус ва бошандагоии он (аз руи
Н.Н.Моисеев, 1983)

image27

Планктонҳо (р1апкГо8 — ноустувор, гумроҳ) — маҷмӯи организмҳои пелагиалиро меноманд, ки қобилияти камҳаракаткуниро доранд. Ба

image28

онҳо одатан ҳайвонҳои хурди-зоопланктонҳо ва растаниҳо- фитопланктонҳо дохил мешаванд. Организмҳои планктонӣ дар қабатҳои болой, чуқуриҳо ва қаъри об ҳам мушоҳида мешаванд.

Организмҳои дар болои об ҷойгиршуда гуруҳи махсус- нейстонҳоро ташкил мекунанд. Таркиби нейстонҳо аз давраи инкишофи як қатор организмҳо вобаста аст. Баъзе организмҳо давраи кирминаи худро дар болои об гузаронида, баъди ба воя расидан қабатҳои болоии обро тарк карда ба қаъри об ё ки қабатҳои поёнтар ҷойгирифта мегузаранд. Ба онҳо кирминаи бурутпойҳо, белпойҳо, харчангшаклҳо, нармбаданҳои дуқабата, хорпӯстон, моҳиҳо ва ғ. дохил мешаванд. Организмҳое як қисми баданашон дар болои об ва қисми дигараш дар об ҷойгир мешавад, номи плейстонҳоро гирифтаанд. Ба онҳо тахдаб (ряска) (Ьетта), сифонофорҳо (81рЬопоҒога) ва ғ. дохил мешаванд.

Фитонланктонҳо бошандагони муҳими ҳаётии обанборҳо ба ҳисоб мераванд, чунки сарчашмаи асосии ҳосилкунандаи моддаҳои узвӣ мебошанд. Ба фитопланктонҳо пещ аз ҳама обсабзҳои диатомовӣ (О1а1отеае) ва сабз (С1огорЬу1а), растаниҳои қамчинакдор (РЬуготакйщпа) ва кокколитофоридҳо (СоссоИгорЬопйае) дохил мешаванд. Дар обҳои тоза на танҳо обсабзҳои сабз балки сабзу-кабуд (СуапорЬу1:а) ҳам хеле васеъ паҳн шудаанд. Организмҳои планктонӣ барои ҳайвонҳои обӣ, аз он ҷумла китҳои бурутдор (Муя^асосей) сарчашмаи хеле муҳими ғизоӣ ба ҳисоб мераванд (расми 25).

*ЧҒ±*Ф

Парраяда Олам

шовюп

а.«ах\ с 1 кчасисмт дд

.///// Хайв*>и\он здинтакаи , оснтос ..

мтшмиюп

ЬҶ’ҶУКЧрНХОИ

;’ли плгщнсп

Блкгерияхои дап ҷҳхҳопх*’1

ку КуИ;«ДОШГ>

Эжргиш офтОО

‘кхИЕКШТПМ

дяррацдл

Ч— — — ч.ччя.аглыш летрпдчо вэ ‘т ц>,<н\ои щҷшта

Папгпиҳмм! к

Г инщг слад модзяхоа

ЕВМЖ

‘ / /Т//Г//’/////////7///// />✓/////// 7-/

Расми 25. Нақшаи асосии самти мубодилаи энергия ва моддаҳо дар уқёнус

Бентосҳо (Ьеи(08 — қаъри, чуқури) — маҷмуи организмҳое мебошанд, ки дар қаъри обанборҳо сукунат дошта (дар дарун ё ки болои хок)

онҳоро ба зообентосқо ва фитобентосҳо тақсим мекунанд. Қисми зиёди онҳо, ба ягон ҷисм часпидаанд, ё ки хеле суст ҳаракат мекунанд, ё ки даруни хокро кофта ҷойи зисти худ интихоб мекунанд.

Дар пастобиҳо организмҳои ҳосилкунандаи моддаи узвӣ (продусентҳо), истеъмолкунандаи онҳо (консументҳо) ва вайронкунандаҳо (редусентҳо) мушоҳида мешаванд. Дар чуқуриҳое рӯшноӣ нест, фитобентосҳо (продусентҳо) мушоҳида намешаванд. Аз зообентосҳо фораминифорҳо, исфанҷҳо ва ғ. сукунат доранд. Дар пастобиҳо миқдори зиёди шаклҳои бентосҳо мушоҳида мешаванд. Биомассаи онҳо дар 1м2 даҳҳо килограммро ташкил медиҳанд.

Дар кӯлҳо назар ба уқёнус намояндагони планктонҳо, нектонҳо ва бентосҳо камтар буда, таркиби намудии онҳо якхела аст, ки асоси онро соддатаринҳо, исфанҷҳо, кирмҳои мӯякчадор, нармбаданҳо, кирминаи ҳашароҳо ва ғ. ташкил медиҳанд.

Фитобентосҳои обҳои тозаро бактерияҳо, обсабзҳои диатомовӣ ва сабз ташкил мекунанд. Дар қабати якум растаниҳои нисфи организмашон дар об ҷойгирифта (қамиш, най, лух, ғеша) ва дар қабати дуюм растаниҳои бо баргҳои шинокунанда ва дар қабати сеюм бошад растаниҳои — рдестқо, тоуни обй ва ғ. ҷойгир шудаанд (расми 26).

Расми 26. Растаииқои дар қаъри об решаҳосилкунанда (А): 1-лух; 2- қӯнокак (ситник); 3-тирбарг; 4-кӯзача; 5,6-тухлаб (обсабзак); 7- хара;

Обсабзҳои озодшинокунанда (Б): 8,9- сабзи рихнтамонанд; 10-13- сабз;

14-17- диатомовй; 18-20- сабзу-кабуд

Аз рӯи тарзи ҳаётй тамоми растаниҳои обй ба ду гуруҳи экологй ҷудо карда мешаванд, ги,дрофитҳо — расганиҳое, ки нисфи поёнии организмашон дар об ҷойгир шуда, дар хокҳо реша медавонанд ва гидатофитҳо — растаниҳое, кй организмй ойҳо пурра дар об ҷойғир шудааст. дар баъзе ҳолатҳо дар болои об шинокунанда ё ки барғҳои шинокунанда дошта ҳам мушоҳида мешаванд.

Барои ҳаётӣ организмҳои обӣ аз ҳама бештар омехташавии амудии об, зичӣ, ҳарорат, рӯшноӣ, таркиби намнокӣ, газй (микдори Ог ва СО2), дараҷаи ғилзатй ионҳои гидроген (рН) аҳамияти хеле калон доранд.

Ҳарорат. Ҳароратй об аз хушкй бо он фарқ мекунад, ки якӯм зиёдшавии гармӣ камтар буда, дуюм назар ба хушкй устувортар аст. Як қисми энергияи гармй ба болои об баромада инъикос мешавад ва қисми дигари он дар ҷараёни бугшавй сарф мешавад. Барои буғшавии болои обанборҳо тахминан 22638 Дж/г сарф мешавад, ки барои гармшавии қабатҳои поёнӣ монеъ мешавад, ҳосилшавии ях бошад ба ҷудошавии гарми оварда (333,48 Дж/г) хунукшавиро суст мекунад.

Дар кӯлҳо ва ҳавзҳои арзҳои мӯътадил режими ҳарорат аз рӯи ҳодисаи табиётии маълум — об зичии максималиаш дар ҳарорати 4°С мушоҳида мешавад. Об дар ин системаҳои экологй ба се қабат ҷудо карда мешавад: болой — эпилимнион, ҳарорат вобаста аз мавсим тез-тез дигар мешавад; қабати мобайнӣ ҳарорат якбора дигар мешавад — металимнион ва қабати қаърӣ — гиполимнион, ки дар он ҳарорат тамоми сол кам тагйир меёбад.

Табиати қабатҳои гармий об дар боло ва хунук дар қаър ҷойгир мешаванд, ки ин тарзи қабат ба қабат тақсимшавии ҳароратро дар обанборҳо номи стратификатсияро гирифтааст. Зимистон бо пастшавии ҳарорат стратификатсияи баръакс баамал меояд. Дар болои об ҳарорат О0С буда, дар қаъри об ҳарорат наздики 4°С аст, ки ин ба зичии максималӣ мувофиқ аст, яъне дар қаъри об ҳарорат баланд аст. Ин ҳодисаро дихатомияи ҳарорат меноманд, ки дар кӯлҳо тобистон ва зимистон мушоҳ11д.а адешавад. Дар натиҷаи ин омезиши амудй вайрон шуда, стратификатсияи зичии об ҳосил мешавад ва давраи сукут — стагнатсия оғоз меёбад (расми 27).

Дар маҷмӯъ тағйирёбиҳои солонаи ҳарорати қабатҳои болоии оби уқёнусҳо 10-15°С ва обҳои қитаъвӣ 30-35°С-ро ташкил медиҳанд. Қабатҳои чуқуриҳои об ҳарорати доимӣ доранд. Дар обҳои минтақаи экваторӣ ҳарорати миёнаи қабатҳои болоӣ 26-27°С ва дар қутбҳо — О0С ва аз ин пастар мушоҳида мешавад. Танҳо қабатҳои болоии обҳои гарм ба 85-93°С мерасанд.

06 ҳамчун муҳити ҳаётй аз як тараф шароити гуногуни гарми дошта, аз дигар тараф хуеусияти термодинамикии муҳити обй ба монанди ғунҷоишй баланди гармӣ, гармигузаронии баланд ва васеъшавӣ дар вақти яхкунӣ барои организмҳо шароити хуб фароҳам меорад.

Барои зимистонғузаронии гидрофитҳои бисёрсола дар дарёҳо ва кӯлҳо тақсимшавии амудии ҳарорат дар зери ях хеле мувофиқ аст. Зичии баланд ва хеле сардии об бо ҳарорати 4°С дар наздикии қабатҳои қаърй об ҷойгир мешаванд, ки барои зимистонгузаронй ба он ҷо муғҷаҳо (турионҳо) роолитик, пуфакдорҳо, водокраса, тоуни обӣ ва тахдаб поён мефароянд. Муайян карда шуд, ки поёнфароии ин организмҳо бомубадцалшавии оҳар ба қандҳои ҳалшаванда ва равган муғҷаҳоро сабуктар карда ба онҳо имконият медиҳанд ба рӯи об бароянд.

image30

Эпидимниов

Металимнион

Гииодҷмтюн

Стягнатеияи тойистоиа

image32

Стагнатсияи зимистон

зимистон

Расми 27. Стратификатсия ва омехташавии оби кулҳо
(аз рӯи Э. Гюнтер ва диг., 1982)

Зичии об. Об аз ҳаво бо зичии баланд фарқ мекунад, ки он тақрибан 800 маротиба аз муҳити ҳавой баландтар аст. Зичии оби дуборатозакардашуда дар ҳарорати 4°С ба 1г/см3 баробар аст. Зичии обҳои табиӣ бошад, ба туфайли намакҳои дар онҳо ҳалшуда ба 1,35 г/см3 мерасад. Ба ҳисоби миёна дар қабатҳои обй дар ҳар 10м чуқурӣ фишор ба 1атм баланд мешавад. Зичии баланди об дар сохтори бадани гидрофитҳо хеле хуб инъикос меёбад. Мисол, агар растаниҳои рӯизаминй бофтаҳои механикии хубинкишофёфта ё ки устувори пояи онҳоро таъмин менамояд дошта бошанд, дар гидрофитҳо бофтаҳои механикӣ хеле суст ин1сишоф ёфтаанд, чунки растаниро худи об нигоҳ медорад. Элементҳо мехкникии. растаниҳои обй дар бисёр ҳолатҳо дар маркази поя ё ки думчаи барг ҷойгир мешавад, ин ба онҳо имконият медиҳад, ки дар рафти ҳаракати об хам шаванд. Бо. чуқурӣ фишор баланд мешавад ва дар чуқуриҳои 10 000 м .бошад баъзе организмҳо аз якчанд то садҳо фишори атмосферавй тоб меоранд. Мисол, гамбусаки шинокунанда ва туфлича то 600 атм тоб меоранд. Дар қабатҳои чукури об, ки фишор ба 400-500 атм мерасад як қатор моҳиҳо, нармбаданҳо,харчангшаклҳо, ситораҳои баҳрӣ мушоҳида мешаванд. Зичии об, организмҳои ҳайвоноти обиро имконият медиҳад то ки онро ҳамчун такьягоҳ истифода баранд, ки ин барои намудҳои беустухон хеле мувофиқ аст.

Режими рӯшной. Ба организмҳои обӣ аз ҳама бештар режими рӯшной ва шаффофии об таъсир мерасонад. Шиддатнокии рушной дар об хеле паст аст, чунки як қисми он дар болои об инъикос ёфта , қисми дигарашро қабатҳои обй фурӯ мебаранд. Пастшавии рӯшной бо шаффофии об алоқаманд аст. Дар уқёнус ба туфайли шаффофии баланд то чуқурии 140 м ҳамаги 1% радиатсия ва дар кӯлҳои начандон калоне, ки обашон каме сарбаста аст, то чуқуриҳои 2 м ҳамаги даҳ %-и ҳиссаи рӯшной мушоҳида мешавад. Аз сабаби он ки қисмҳои спектри офтобро об якхела фурӯ намебарад, барои ҳамин бо чуқуриҳо таркиби спектрй тагйир меёбад, нурҳои сурх суст шуда, нурҳои сабзу-кабуд бошанд то чуқуриҳои бештар дохил мешаванд. Барои ҳамин ҳам растаниҳои дар қабатҳои поёнтари об ҷойгирифта маҷбуранд, ки аз норасоии рӯшноӣ пигментҳои иловагӣ ҳосил кунанд, ки аз ранги обсабзҳои дар қабатҳои гуногуни об ҷойгирифта фарқ мекунанд. Дар пастобҳо расиши нурҳои сурх баланд аст, чунки онҳо аз тарафи хлорофиллҳо фурӯ бурда мешаванд, барои ҳамин ҳам обсабзҳои сабз бартарй доранд, чуқуртар обсабзҳои бӯрранг, ки ба ғайр аз хлорофилл онҳо пигменти фикофеин, фукоксантин ва г. доранд. Боз чуқуртар бошад обсабзҳои сурх ҷойгиранд, ки пигменти фикоэритрин доранд, ки ин ҳодисаро мутобиқшавии хроматики меноманд. Барои рушноии паст дар ҷараёни фотосинтез лозим меояд, ки растанй майдонй узвҳои ассимилятсиониро зиёд кунад. Мисол, тирбарг (8а§и1Лапа 8а§йб1’оНа) баргҳои шаклашон гуногун ташакулёфтаро дар хушкй ва об инкишоф медиҳад. Ин бо барномаи ирсй алоқаманд аст, ки ба организм имконият медиҳад, ки ба ин ё он самт тағйир ёбад, яъне барои инкишофи шаклҳои обии барг соягй сабаби асоси мешавад.

Дар биёр ҳолатҳо ба растаниҳои обй хусусияти гетерофилӣ хос аст, яъне гуногунии сохторй баргҳои болои обй ва зери обии як растанй. Ин дар растании чинораки гуногунбарг мушоҳида мешавад (расми 28). Баргҳои болои обӣ ба монанди баргҳои растаниҳои хушкй буда (сохтори дорзовентралй, бофтаҳои механикии хуб инкишофёфта ва аппарати масомавй доранд), баргҳои зериобй бошанд тунук ё ки сафҳаи баргашон ҷудо ҷудо аст. Муҳити обии чукуриҳои зиёд ба ранг, таркиби намуди ҳайвонот таъсир мерасонад. Мисол, дар қабатҳои нимторик ҳайвонҳое сукунат дранд, ки ранги сурхмонанди онҳоро барои аз душмани худ пинҳон шудан хизмат мекунанд, чунки нури сурх ва сабзи-бунафш ҳамчун сиёҳ қабул карда мешавад. Ранги сурх ба марҷонҳои сурх, харчангшаклҳо, аломоҳии баҳрӣ хос аст.

Фурӯбарии рушной дар об аз шаффофии он вобаста аст, ки онро заррачаҳои модцаҳои маъданӣ (гил, лойқа ва ғ.) муайян мекунад. Шафофии об дар давраи босуръат инкишофи растаниҳо тобистон ё ки афзоиши зиёди организмҳои хурди қабатҳои болоии об, ки дар ҳолати муаллақанд, вобаста аст.

Расми 28. Гетерофилияи чинораки гуногунбарги обӣ Капипси1ш
сИуегмГоНш (аз рӯи Т.Г. Горышиной, 1979).

Баргҳои: 1 — болои обй; 2 — зёри обй.

Шаффофии обро то чуқуриҳои муайян бо усули махсуси фуруравии ҳалқаи Секки (диски сафеди диаметраш 20 см) муайян мекунанд. Дар баҳри Саргас ҳалқаи Секки то чуқурии 66,5 м намоён аст, дар Уқёнуси Ором то 59 м, дар Уқёнуси Ҳинд то 50 м, дар баҳрҳои хурд аз 5 то 15 м. Шаффофии дарёҳо аз 1,0-1,5 м зиёд нест, аммо дар дарёҳои Ому ва Сир ҳамаги якчад сантиметр мебошад. Дар обҳои шаффоф фотосинтез то қабатҳои 200 м, мушоҳида шуда дар қабаттҳои нимторики бошад аз 1000 то 1500 м ва чуқуриҳои зиёдтар нурҳои рӯшной тамоман мушоҳида намешаванд. Давомнокии давраи рӯшноӣ дар қабатҳои обӣ назар ба хушкӣ хеле кӯтоҳтар аст. Микдори рӯшноӣ дар болои кдбатҳои обанборҳо вобаста аз арзҳои таҳҷой ва мавсими сол тағйир меёбад. Мисол, шабҳои дуру дарозӣ қутбӣ рафти давомнокии фотосинтезро дар минтақаҳои арктикӣ ва наздиарктикй хеле маҳдуд ва қабати яхӣ бошад дохилшавии рӯшноиро зимистон дар;, обанборҳои яхкарда мушкил мегардонад.

Режими намакй; Барои ҳар як организми обӣ шӯрииюб ё ки режими намакй хеле мҳим аст. Таркиби кимиёвии об бо таъсири табиӣ-таърихй, геологй ва, антропогенӣ ташаккул ёфтааст. Таркиби пайвастагиҳои кимиёвии дар об буда шӯрии онро муайян карда; бо грамм дар литр ё ки бо промил (%о) ифода мешавад. Вобаста аз маъданокшавӣ обҳоро ба обҳои ширин, бо оканаи намакҳо 1г/л, шӯр (1-25 г/л), шӯрии оби баҳрҳо (26-50 г/л), хеле шӯр (зиёдтар аз 50 г/л) чудо мекунанд. Аз ҳама модцаҳои муҳими ҳалшуда карбонатҳо, сулфатхо ва хлоридҳо мебошанд (ҷадвали 18).

Ҷадвали 18

Таркиби намакҳои асосӣ дар обанборҳои гуногун (аз рӯи Р.Джао,1975)

Обанборҳо

Карбонатҳо

Сулфатҳо

Хлоридҳо

Шӯрнокй,

г/л

Обҳои ширин

79,9

13,2

6,9

 

Уқёнуси

0,4

10,8

88,8

35

кушод

1,59

9,69

80,71

19

Баҳри Сиёҳ

1,24

30,5

63,36

12,86

Баҳри Хазар Баҳри Арал

0,93

38,71

58,59

11,28

Дар байни обҳои ширин кисми зиёдашон обҳои нӯшокй буда таркиби модаҳои ҳалшуда дар онҳо 0,5 г/л-ро ташкил медиҳанд. Таркиби обҳои ширинро 64%-калсий, 17%-магний, 16%-натрий ва 9%-калий ташкил медиҳанд.

Қисм зиёди сокинони обӣ пойкилотаровишианд. Фишори таровишии бадани онҳо аз шӯрии муҳити атроф вобаста аст. Растанӣ ва ҳайвонҳои обҳои ширин дар муҳите умр ба сар мебаранд, ки дараҷаи ғилзатӣ моддаҳои ҳалшуда назар ба махдули бадан ва бофтаҳо пасттар аст. Аз рӯи ин фарқияти фишори таровишии берунӣ ва дарунӣ бадан об ба организм фаъолона дохил мешавад, барои ин ба гидробионтҳо лозим меояд, доимо обро ба берун бароранд, ки дар онҳо ҷараёни идоракунии таровишӣ хуб намоён мешавад. Содцатаринҳо бо вакуолаи ҷудокунанда ва биёрҳуҷайрагиҳо бо ёрии системаҳои ҷудокунанда обро берун мекунанд. Мисол, баъзе инфузорияҳо ҳар 2,0-2,5 дақиқа он микдор обро ҷудо мекунанд, ки ба ҳаҷми бадани онҳо барорбар аст.

Бо баландшавии шӯрии об кори вакуола суст шуда, дар шӯрии дараҷаи гилзатй 17,5 % аз кор мемонад, чунки фаркияти байни фишори таровишии ҳуҷайра ва муҳити берун гум мешавад. Дараҷаи ғилзатӣ намакҳои махдули бадан ва бофтаҳои организмҳои зиёди обӣ ба дараҷаи гилзатй намакҳои дар об ҳалшудаи муҳити атроф баробаранд (изотоникй), барои ҳамин ҳам функсияи идоракунии таровишии онҳо назар ба организмҳои обҳои ширин хеле сустар инкишоф ёфтааст. Идоракунии таровишй яке аз сабабҳое мебошад, ки қисми зиёди намудҳои растанй ва ҳайвонот натавонистанд дар обҳои тоза ҷойгир шаванд ва сокинони оддии баҳрҳо монданд- рӯдаковокҳо (С:ос1сп1га1а), хорпӯстҳо (ЕсЫпобегшаШ), исфанҷҳо (ЗропсИа), погонофорҳо (Ро§опорЬига) ва ғ. Аз дигар тараф дар баҳру уқёнусҳо қариб, ки ҳашаротҳо нестанд, дар обанборҳои обҳои тоза бошанд онҳо хеле зиёданд.

Режими газй. Газҳои асосии муҳити обй Ог ва СОг мебошанд. Боқимонда ба монанди Н28 ва СШ вазифаи дуюмдараҷаро иҷро мекунанд. Оксиген барои муҳити обй яке аз омилҳои муҳимтарини экологй ба шумор меравад.

Ҷадвали 19

Талаботи намудҳои гуногуни моҳиҳои обҳои ширин нисбат ба оксиген

Талаботи оксиген (см3/л)

Намуди моҳиҳо

7-11

Намуди моҳиҳои обҳои хунук ва

 

резишашон баланд: ширкати форел

 

(8а1т1о ГгаГГа), голен (РЬохтик рЬохтик),

 

подкаменщик (СоГГия §оЫо).

5-6

Озодамоҳй (ТЫтаПш ГЫтаИиз), пескари

 

муқаррарй (ОоЫо §оЫо), Равғанмоҳӣ

4

(ЪоГа 1оГа)

 

Ҷумҷумамоҳй (КиГПик гаПЫз), ерш

0,5

(Асеипа сеппа).

 

Зағорамоҳй (Типса Гтса).

Оксиген ба муҳити обй аз ҳавои атмосфера ва дар рафти фотосинтези растаниҳои обй дохил мешавад. Коэффитсенти омезишй Ог дар об назар ба ҳаво тахминан 320 ҳазор маротиба пасттар аст. Оканаи Ог дар қабатҳои болоии об 6-8 мл/л-ро ташкил медиҳад, ки назар ба ҳавои атмосфера 21 маротиба пасттар аст. Бо баландшавии ҳарорат ва шӯрии об микдори Ог дар муҳити обй паст мешавад. Дар қабатҳои обии аз организмҳои зинда бой, ба туфайли зиёд истифодабарии Ог, мумкин аст, норасоии он мушоҳида шавад. Мисол, дар уқёнуси ҷаҳонй дар қабатҳои аз организмҳои зинда бой (аз 50 то 1000 м) норасоии зиёди оксиген мушоҳида мешавад, чунки оксиген назар ба қабатҳои болои қариб 7-10 маротиба камтар аст. Агар дараҷаи ғилзатӣ оксиген дар муҳити обӣ аз 0,3 то 3,5 мл/л паст шавад, фаъолияти ҳаётии аэробҳо ғайриимкон мегардад. Оканаи О2 дар шароити обанборҳо омили асоси ба шумор меравад (ҷадвали 19).

Дар байни сокинони обй микдори зиёди намудҳое вомехӯранд, ки дар ҳудуди васеъи тагийрёбии оканаи Ог дар об фаъолият мекунанд, онҳоро эвриоксибионтҳо меноманд, мисол малюскаҳои шикампой (У1у1раги8 ушрагш) ва олигехетҳо (ТиЫГех (иЫГех). Баъзе моҳиҳо капур, зағорамоҳӣ, караси дар дараҷаи ғилзатй пасти Ог дар об фаъолият карда метавонанд, лекин қисми зиёди намуди моҳиҳо стенооксибионтҳо мебошанд, яъне дар обҳои сероксиген ҳаёт мегузаронанд, мисол форел (ширмоҳй), голен ва ғ. Бисёр намудҳои организмҳои зинда дар вақти норасоии оксиген дар об ба ҳолати гайрифаъол аноксибиоз гузашта, бо ҳамин давраи номусоидиро паси сар мекунанд.

Нафаскашии гидробионтҳо бо тамоми сатҳи бадан ё ки бо узвҳои махсус- галсама, шуш ва трахеяҳо амалй мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо пӯсти бадан ҳамчун узвй нафаскашй хизмат мекунад. Дар намудҳои алоҳида нафаскашии омехта- обй ва ҳавой мушоҳида мешавад, мисол моҳиҳои духелнафасгиранда, сифонофорҳо, нармбаданҳо ва г. Ҳайвонҳои дуюмдараҷаи обй нафаскашии атмосферавиро ҳамчун аз нуқтаи назари энергетикии манфиатдор нигоҳ дошта ба муҳити ҳавои берун алоқа доранд. Ба онҳо белпойҳо, китшаклҳо, гамбусакҳои обй, кирминаи кӯрпашша ва ғ. мансубанд.

Газӣ карбон. Дар муҳити обй организмҳо ба гайр аз норасоии рӯшной ва оксиген, норасоии гази карбонро ҳис мекунанд, мисол барои фотосинтез. Гази карбон ба муҳити обй дар натиҷаи ҳалшавии СОз-и ҳаво, нафаскашии организмҳои обӣ, таҷзияшавии боқимондаҳои узвй ва ҳалшавии карбонатҳо дохил мешавад. Оканаи СО2 дар ҳудуди 0,2-0,5 мл/л қарор дорад, яъне қариб 700 маротиба нисбат ба атмосфера афзунтар аст. СОг дар об нисбат ба оксиген 35 маротиба ҳалшавандагии хубтар дорад. Оби баҳрҳо аз СО2 бой буда (қариб 40-50 см3/л дар шакли озод ё ки пайваст мушоҳида мешавад) назар ба атмосфера 150 маротиба дараҷаи ғилзаташ зиёдтар аст. Дар рафти баландшавии шиддатнокии фотосинтез (0,2-0,3 мл/л дар 1 соат) норасоии он мушоҳида мешавад. Дар вақти баландшавии миқцори СО2 дар муҳити обй шиддатнокии фотосинтезй гидрофитҳо баланд мегардад.

Сарчашмаи иловагии СОг барои фотосинтези растаниҳои обй карбонатҳо мебошанд.

Са (НСОз) ► СаСОз+СОг + НгО

Дараҷаи гилзати ионҳои гидроген (рН). Дараҷаи ғилзати ионҳои гидроген дар бисёр ҳолатҳо дар паҳншавии организиҳои обй саҳми босазо доранд. Дар ҳавзҳои обҳои ширин муҳити рН-3,7-4,7-турш, 6,95- 7,5-нейтралй ва аз 7,8 баландтарро ишқорй меноманд. Дар обанборҳои обҳои ширин рН дар давоми шабонарӯз ҳам тағйир меёбад. Оби баҳрҳо каме ишқорй буда, рН-и он назар ба обҳои ширин камтар тағйир меёбад. Дар чуқуриҳо рН паст мешавад. Аз растаниҳо дар муҳити рН-и пастар аз 7,5 растаниҳои полушник (ТсоШз), ежеголовник (8раг§ап1ит) мерӯянд. Дар муҳити ишқорӣ (рН-7,7-8,8) намудҳои зиёди обзабзакҳо ва тоуни обй ва дар рН-и 8,4-9,0 ТурЬа ап§шбСоНа фаъолият мекунанд.

Моҳиҳои обҳои ширин дар муҳити рН-аш аз 5 то 9 ҳаёт ба сар мебаранд, аммо дар вақги рН аз 5 пасттар шудан саршумори зиёди моҳиҳо мемиранд ва агар рН муҳит аз 10 зиёд шавад на танҳо ҳамаи моҳиҳо балки дигар ҳайвонҳо ҳам нобуд мешаванд.

Равонии экологии организмҳои муҳити обӣ. Аз сабаби он ки муҳити обй устувории бештар дорад, омилҳои абиотй камтар тагйир меёбанд, бинобар ин организмҳои обй назар ба хушкй равонии экологии камтар доранд. Растаниҳо ва ҳайвонҳои обҳои ширин назар ба баҳрҳо равонии бештар доранд, чунки муҳити ҳаётии обҳои ширин бештар тағйир меёбад.

Муайян шудааст, ки растанй ва ҳайвонҳои наздисоҳили назар ба сокинони минтақаҳои кушод бештар организмҳои эвритермй ва эвригалинй мебошанд, ки ин ба тағйирёбиҳои ҳарорат ва режими шӯрӣ вобаста аст. Равонии экологй идоракунандаи муҳими ҷойгиршавии гидробионтҳо ба ҳисоб меравад. Нишон дода шудааст, ки гидробионтҳое равонии экологии баланд доранд хеле васеъ паҳн шудаанд, мисол тоуни обй (элодея). Равонии экологй аз синну сол ва зинаи инкишофи организмҳо вобаста аст. Мисол, гушмоҳии шикампой ЫИоппа ҳолати болигии худро дар рафти маду ҷазр гузаронида дуру дароз беоб мемонад, лекин кирминаи вай тарзи ҳаёти планктонй доранд ва азбаски ба хушкӣ тобовар нест, тез нобуд мешавад.

Хусусиятҳои мутобикшавии растанихо ба муҳити обӣ. Растаниҳои обй бо як қатор хусусиятҳои худ аз растаниҳои рӯизаминй фарқ мекунанд. Қобилияти бевосита фурӯ бурдани об ва намакҳои маъданй аз муҳити атроф ташаккули морфологй ва физиологии растаниҳои обиро тағйир додааст. Барои ҳамин растаниҳои обй системаи суст инкишофёфтаи бофтаҳои гузаронанда ва решавй доранд. Сисгемаи решавии растаниҳои обӣ асосан барои ба ягон субстрат часпидан лозим аст ва ба монанди решаи растаниҳои рӯизаминй вазифаи фурӯбарии ғизой маъданй ва обтаъминкуниро иҷро намекунад. Растаниҳои обӣ гизоро бо тамоми сатҳи болоии баданаш амалй мекунанд.

Зичии об ба растаниҳои обй имконият медиҳад, ки дар тамоми қабатҳои гафсии об ҳаёт ба сар баранд. Растаниҳои дараҷаи паст узвҳои махсусе доранд, ки шинокунии онҳоро осон карда, имконият медиҳад, то ки онҳо дар ҳолати муаллақ нигоҳ дошта шаванд.

Гидрофитҳои дараҷаи олй бошанд бофтаҳои механикии сустинкишофёфта доранд. Дар баргҳо, поя, решаи онҳо ковокии байниҳуҷайравии ҳавогузар доранд, ки инкишофи онҳоро осон ғардонида ба онҳо имконият медиҳад аз намакҳои ҳалшуда ва газҳои дохили ҳуҷайраҳоро бо об шуста тоза кунанд. Гидрофитҳо майдони калони барг доранд ва дар як вақт ҳаҷми умумии хурд доранд, ки ба растаниҳо имконият медиҳад, дар вақти норасоии Ог ва дигар газҳо шиддатнокии мубодилаи ғизоиро таъмин кунанд.

Дар як қатор организмҳои обй гуногунбаргй ё ки гетерофилия мушоҳида мешавад. Мисол, баргҳои дар об ҷойгиршудаи растании Салвинии (8а1у1П1а) онро бо моддаҳои маъданй ва баргҳои шинокунанда бо моддаҳои узвй таъми мекунанд.

Дигар хусусияти хоси мутобиқшавии растаниҳои обй дар муҳити обӣ он аст, ки баргҳои дар об гӯтида одатан хеле тунуканд. Як микдори хлорофиллҳо дар ҳуҷайраи эпидермис ҷойгир шудаанд, ки ҳатто дар рӯшноии паст ҳам қобилияти баланди фотосинтез доранд. Ин хусусияти анатомо-морфологй дар ушнаҳои обй (Яюаа, Ғопйпайх). валиснерии (УаШзпепа 5р1гаН8), рдестҳо (Ро1ата§е1оп) хеле хуб мушоҳида мешаванд.

Қисми зиёди растаниҳои дар болои об шинокунанда ва растаниҳои дар дохили об гӯтида бо ёрии поя гулҳои худро ба болои муҳити обӣ бароварда бо роҳи ҷинсй афзоиш мекунанд. Гарди онҳоро шамол ва равишӣ об паҳн мекунанд, ки инро гидрохорй меноманд. Меваи растаниҳои гидрохорй дуру дароз дар болои об шино карда, қобилияти сабзишй худро нигоҳ медоранд. Мисол ин меваҳо ва тухми растаниҳои тирбарг (8а§1й;апа 5а§1иоГоНа), сусака (Вийшшв итЬеНаШв) ва ғеша (Сагех) шуда метавонанд.

Хусусияти мутобиқшавии ҳайвонҳои обӣ. Ҳайвонҳои дар муҳити обӣ сукунатдошта, хуеусияти мутобиқшавиашон назар ба растаниҳо гуногунтар аст, ки ин ба сохтори анатомй, морфологй, рафторй ғ.-и онҳо вобаста аст. Ҳайвонҳои дар об сукунатдошта пеш аз ҳама сохторҳое доранд, ки суръати шинокунии онҳоро баланд карда ба онҳо имконият медиҳад, муқобили ҳаракат ва равиши об истодагари кунанд. Намудҳои андозаашон хурди ҳайвонҳои обй сохторҳои устухонашон редуксия шудаанд. Мисол, харчангшаклони дараҷаи пасттар (Кас1ю1апа, КЫгорой) сӯрохиҳои зиёд дошта сӯзанҳои силийсигии устухон ковоканд. Ҷамъшавии қатраҳои равган дар бадани радиолария (Касйо1аг1а) қобилияти шинокунии онҳоро беҳтар мекунад. Ҷамъшавии равғанй зиёд дар баъзе харчангшаклҳо (СЬбосега, Сорероёа), моҳиҳо ва китҳо мушоҳида мешавад.

Барои ҳайвонҳои сустшинокунанда дар қабатҳои об на танҳо массаи кам, балки зиёдшавии нисбии болои сатҳи бадан ҳам хос аст. Ин бо он вобаста аст, ки чӣ қадаре часпакии муҳит ва сатҳи нисбии болоии бадани организм баланд зиёд, ҳамон қадар организм оҳиста ба даруни об мегӯтад.

Гурӯҳи калони ҳайвонҳои сокинони обҳои ширин аз ҳаракаткунии тези болои обй (пардаи болои обиро) истифода мебаранд. Мисоли ин канаи обй (ОугопЫае, УеЬйае), гамбусакҳои чархзананда (ОеггЫае) ва ғ. шуда метавонанд. Шинокунии фаъоли ҳайвонҳои обй бо ёрии мӯякчаҳо, қамчинакҳо, қадшавии бадан ва г. амалӣ мешавад. Танҳо дар муҳити обӣ ҳайвонҳое вомехӯранд, ки тарзи ҳаётии беҳаракат доранд, чунки ба ягон ҷисм часпида фаъолият мекунанд. Ба онҳо гидроидҳо (исфанҷҳо- НудгоИае), полипҳои марҷонй (АпШогоо), лилияҳои баҳрй (Сгто1с1еа) ва ғ. дохил мешаванд. Қисми зиёди ҳайвонҳои обй пойкилотермианд. Дар ҳайвонҳои гомойтермӣ қабати рагании зиёди зери пӯст ҳосил мешавад, ки вазифаи гармигузарониро иҷро мекунад.

Фишори таровишй ва ҳолати ионҳои маҳлулҳо дар бадани ҳайвонҳо механизми мураккаби мубодилаи обию-намакиро таъмин менамояд. Яке аз тарзҳои нигохдорандаи фишори таровишй ин доимо ба берун баровардани оби дохилшуда мебошад, ки бо ёрии вакуола ва узвҳои ҷудокунанда амалй мешавад.

Моҳиҳо бошанд оби баҳрро истифода карда, намакҳои ба организм зиёдати дохил шударо ба воситаи сурохии ғалсамаҳо ба берун мебароранд.

Аз сабаби он ки дар муҳити обӣ ҳама вақт норасоии рушноӣ мушоҳида мешавад, дар нимторикӣ самти бинишй гидробионтҳо махдуд аст. Садо бошад дар об назар ба ҳаво тезтар паҳн мешавад, барои ҳамин самти садо назар ба биниш хубтар инкишоф ёфтааст. Баъзе намудҳо ҳатто садои «пастро» ҳам қабул карда метавонанд. Садо барои муайян кардани самт, ҷалб кардани дигар ҷинс, ҷустуҷуи гизо ва ғ. лозим аст.

300 намуди моҳиҳо маълуманд, ки қобилияти ҳосилкунии барқро дошта онро барои самт ва садо истифода мебаранд. Як қатор моҳиҳо (скати барқӣ, угари барқй) майдони барқиро барои муҳофизат ва ҳуҷум истифода мебаранд. Организмҳои обй қобилияти самт қабулкунии химизми муҳитро дороанд.

Хеморетсепторҳои гидробионтҳои зиёд (озодмоҳӣ, мормоҳӣ, ва ғ.) ҳиссиёти хеле баланд доранд, ки ҳатто дар масофаҳои зиёд (ҳазорҳо километр) ба амиқӣ ҷойи тухмгузориашонро ёфта метавонанд.

Ивазшавии шароити муҳити обй ба рафтори организм таъсир мерасонад. Бо ивазшавии ҳарорат, рӯшной, шурӣ, режими газй ва дигар омилҳо интиқоли амудй (чуқуртар шинокардан, ба боло баромадан) ва уфуқй (тухмгузорй, зимистонгузаронй, бордоршавӣ) ҳайвонҳо вобаста аст. Дар баҳр ва уқёнусҳо дар рафти интиқоли амудй миллионҳо тонна гидробионтҳо иштирок карда, дар интиқоли уфуқй бошад ҳайвонҳои обй садҳо ва ҳазорҳо километрро тай мекунанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *