Андозсупорандаи бемасъулият кист?
- Эта тема пуста.
Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
- Для ответа в этой теме необходимо авторизоваться.
Ҷавоб: Андозсупорандаи бемасъулият – андозсупорандаест, ки барои мақсадҳои назорати андоз бо амали (беамалии) худ боиси баланд шудани эҳтимолияти (хатари) сари вақт ва (ё) пурра пардохт нашудани маблағҳои муайяни андозҳои муқарраршуда мегардад, аз ҷумла:
— дар давоми зиёда аз 3 моҳи пай дар пай аз лаҳзаи ба миён омадани ӯҳдадорӣ сари вақт ва дар ҳаҷми пурра таъмин накардани пешниҳоди ҳисоботи андоз ва (ё) пардохти маблағи андоз (андозҳо) ва (ё) пардохти қарзи эътирофшудаи андоз;
— бе амалан анҷом додани амалиёти андозбандишаванда пешниҳод намудани ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ё пешниҳод намудани ҳисобнома-фактураи қалбакӣ;
— анҷом додани дигар амалҳо (беамалие), ки номгӯи онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор дар соҳаи дастгирии соҳибкорӣ муқаррар карда мешавад.