Фанни Фалсафа

Рефератхо ва лексияхои точики аз фанни Филасофия

  • Марги инсон ва марги инсон

    Инсон ягона мавҷудест, ки миранда будани худро медонад, вале маргро бартараф карда наметавонад. Фаҳмишу маънидодкуниҳои гуногуни марг вуҷуд доранд. Яке аз фаҳмишу маънидодкунии марг аз мавқеи динӣ аст, ки мувофиқи он зиндагии муқаррарии индунёӣ худ аз худ бе бақо аст, одамон ба дунё меоянд, меҳнат мекунанд, касал мешаванд, азобу шиканҷа…

    Подробнее »
  • Маънои ҳаёт ва таъиноти инсон

    Маънои ҳаёт масъалаест, ки ҳамеша барои инсон пеш меояд, ҳам вақти кору амали муқаррарии ҳаррӯза, ҳам вақти маърифати талаботу манфиатҳо, ҳам вақти андешарониҳо дар хусуси зиндагии кунунӣ ва ояндаи наздику дури он… Инсон ҳамеша дар андешаи он аст, ки барои чӣ ӯ зиндагӣ мекунад, ҳол он ки ӯро дар пеш…

    Подробнее »
  • Зуҳуроти озодии ботинӣ

     Барои инсон аз озодӣ дида дигар арзиши азизтару болотаре нест. То имрӯз ду фаҳмиш дар бораи озодӣ вуҷуд дорад. Ба маънои маҳдуд озодӣ худмухтории инсон, мустақилияти ӯ ва фишоронавардан ба он аст. Ин фаҳмиши на умумию мутлақ ва бе сабаб муайян кардани озодӣ аст. Вале дар олам ягон инсонро ёфтан…

    Подробнее »
  • Назарияи объективатсияи Н.А.Бердяев

    Н.А.Бердяев фалсафаро ҳамчун илм дар бораи рӯҳ ва вуҷудияти инсон муайян мекунад. Ӯ бо қатъият изҳор мекунад, ки ба устувории олами объективӣ, табиат ва таърих боварӣ надорад. «Воқеъияти объективӣ фақат хаёли ботил, фиреби ҳиссӣ ва шуур аст, — мегӯяд ӯ. Вай воқеъияти объективонидашуда аст ва ба ин сифат маҳсули рӯҳ…

    Подробнее »
  • Предметикунонӣ ва Бегонашавӣ

    Дар боби пешина зикр кардем, ки инсон ягона мавҷудест, ки ба воситаи олоту предметҳое меҳнат мекунад, ки худи ӯ аз маводу ашёҳои табиӣ месозад. Олоту предметҳоро, ки вай месозад ва истифода мебарад «давоми сунъӣ»-и узвҳо ва қувваҳои бадани органикии он аст. Олоту предметҳое, ки инсон месозад ва дар ҷабҳаҳои гуногуни…

    Подробнее »
  • Ахлоқи инсонӣ

    Инсон мавҷуди ахлоқӣ аст. Ахлоқ яке қувваҳои моҳиятии он аст. Ахлоқи ӯ мазмуну мундариҷаи таърихӣ дошта, вобаста ба тағйиротҳои таърихӣ ҳадду ҳудудҳо ва зуҳуроти нав пайдо мекунад. Ахлоқ системаи арзишҳо ва муқарраротеро дар бар мегирад, ки ба танзими рафтори одамон нигаронда шудааст. Мафҳуму категорияҳои ахлоқӣ таъиноти муқарраротӣ доранд, самтҳои умумии…

    Подробнее »
  • Талаботҳои инсонӣ

    Инсон ҳамчун мавҷуди зинда манфиату талабот дорад. Талаботҳои он ҳам табиӣ ва ҳам иҷтимоиву маданӣ ва фарҳангиянд. Талабот шакли зарурӣ ва объективии робитаи тамоми мавҷудоти зинда бо олами беруна, манбаъи фаъолнокӣ ва зиндагии онҳост. Талабот ҳамчун қувваи моҳиятӣ, ботинӣ мавҷудоти зиндаро ба ягон тарзу шакли фаъолият водор месозад, ки барои…

    Подробнее »
  • Фард, фардият, шахс

    Макс Шелер қайд мегӯяд, ки ҳам мафҳум ва ҳам калимаи «одам» дар истеъмоли ҳаррӯзаю муқаррарии онҳо духӯраанд. Аз як тараф, дар зери мафҳум ва калимаи «одам» инсонро ҳамчун намояндаи олами ҳайвонот, қуллаи олии он мефаҳманд. Аз тарафи дигар, калимаи «одам»-ро истеъмол карда, мо тамоми зоти одамро мефаҳмем, масалан мегӯем, ки…

    Подробнее »
  • Табиат, моҳият ва мавҷудияти инсон

    Бар хилофи иҷтимоият, тамадуну маданият ва фарҳанг, дар зери мафҳуми табиат ҳама он чи ки худи инсон наофаридааст ва намеофарад, ҳамаи он протсессҳо, ашёҳо, ҳодисоту руйдодҳоеро мефаҳмонад, ки дар олами табиӣ вуҷуд доранд. Барои ҳамин ҳам, мафҳуми умумии «табиат»-ро аз «табиати инсон» бояд фарқ кард, ҳарчанд, ки табиати инсон ба…

    Подробнее »
  • Робитаи биологият ва иҷтимоият

    Барои инсон ду роҳи асосии зиндагӣ ва фаъолият вуҷуд дорад: генетикӣ, ки дар робита бо муҳити атроф асоси эволютсияи биологии онро ташкил медиҳад ва иҷтимоӣ -маданӣ. Роҳи дуюм чунин нотакрорӣ ва махсусияти инсонро, ба монанди қобилияти бошууронаю мақсаднок меҳнату истеҳсол кардан, ташаккул додани муносибатҳои ҷамъиятиро ба вуҷуд овард, ки қиёси…

    Подробнее »