Фанни Андоз

Омилҳои муайянкунандаи қурби (нархи) асъор

  1. Омилҳои ба бузургии қурби асъор таъсиррасонанда.
  2. Низоми (режими) қурби асъорҳо дар ҳолати эҳтимолӣ.
  3. Намудҳои танзимнамоии қурби асъори ва хусусиятҳои он. 4. Назарияҳои асъорӣ ва принсипҳои он.
  1. Омилҳои ба бузургии қурби асъор таъсиррасонанда.

Як омилҳо вуҷуд дорад, ки онҳо ба тағйирёбии фундаменталии қурби мубодилавии асъор таъсир мерасонад. Ин омилҳо ба ду гуруҳ яъне омилҳои таркиби ва конъюкнтурӣ ҷудо мешаванд.

1.нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ.(ММД, ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ ва ғ)

  1. вазъияти баланси пардохт, дараҷаи вобаста будан аз сарчашмаҳои ашёи хоми хориҷӣ;

3.афзоиши ҳаҷми пул дар бозори дохили;

4.сатҳи беқурбшавӣ ва интизории инфлятсионӣ;

5.сатҳи ставкаи фоиз;

6.Қобилияти харидории мамлакат ва сатҳи боварӣ ба асъори ин мамлакат дар бозори ҷаҳонӣ;

7. танзимкунии давлатии қурби асъор.

Дар ҳолати баробарии дигар шароитҳо сатҳи инфлятсия дар мамлакат ба бузургии қурби асъори мамлакат таъсири баръакс мерасонад, яъне зиёд шавии инфлятсия дар мамлакат ба пастшавии қурби асъори миллӣ меоварад ва баръакс.

Дигаргуншавии ставкаи фоиз ба қурби асъор таъсири дутарафа дорад. Аз як тараф афзоиши номиналии онҳо дар дохили мамлакат боиси камшавии талабот ба асъори мили мегардад чунки барои соҳибкорон гирифтани қарз хело гарон меафтад. Соҳибкорон қарзро гирифта истода арзиши аслии маҳсулотро зиёд мекунанд, ва дар навбати худ барои баландшавии нарх дар дохили мамлакат мусоидат мекунад.

Ин ҳолат барои нисбатан арзоншавии асъори миллӣ нисбати асъори хориҷӣ меоварад.

Аз тарафи дигар зиёдшавии ставкаи ҳақиқии фоиз дар ҳолати бетағйир мондани дигар шароитҳо маблағгузориро дар ин мамлакат барои хориҷиён фоиданок мегардонад. Бинобар ин дар мамлакатҳое, ки дар он ставкаи ҳақиқии фоиз баланд аст сармояи хориҷӣ ҷойгир карда мешавад, талабот ба асъори вай бошад зиёд мешавад ва қурби асъор баланд мегардад.

Ҳамин тариқ тағйирёбии фоиз ба бузургии қурби асъор таъсири мустақим ва ғайри мустақим мерасонад.

Дар қатори омилҳои характери сохтори дошта ба қурби асъор омилҳои конюктури низ таъсир мекунад. Омилҳои конюктури доимо дар зери таъсири тамоилҳои бозори ҷаҳонӣ тағйир меёбад. Омилҳои конюктури ба тағйирёбии бузургии асъори миллӣ дар муҳлати кутоҳи вақт таъсир карда истода барои дигаргуншавии кутоҳмуддати қурби асъори миллӣ меоварад.

Омилҳои конюктури аз инҳо иборат аст;

1. амалиётҳои ҳаннотӣ дар бозори асъор;

2.сатҳи тараққиёти секторҳои дигари бозори молиявӣ ки бо бозори асъор рақобат мекунад;

  1. бӯҳронҳо ҷангҳо, офатҳои табиӣ;
  2. характери даврагии фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат.
  1. Низоми (режими) қурби асъорҳо дар ҳолати эҳтимолӣ.

Асосан панҷ низоми (режими) қурби асъорҳо дар ҳолати эҳтимоли вуҷуд дорад.

1.озод тағйирёбанда;

2.қурби тағйирёбандаи идорашаванда

3.қурбҳои муқарраршуда;

4. минтақаҳои мақсаднок.

5.системаи омехтаи қурби асъорҳо.

Қурби озод тағйирёбандаи асъор дар натиҷаи талабот ва пешниҳоди асъор дар бозори асъор барқарор мешавад.

Бартарияти қурби озод тағйирёбандаи асъор;

    1. мустақилияти монитарӣ;
    2. ба таври автомати устуворшавии қурби асъор

3.ҳамагуна норасоиҳое, ки ҳангоми муайян кардани қурби асъор аз тарафи давлат рух медиҳад аз байн бардошта мешавад.

Норасоиҳои қурби озод тағйрёбандаи асъор;

1.ин қурб метавонад хеле зиёд тағйир ёбад;

2.номуайяни ба тиҷорат ва инвеститсияи байналхалқӣ метавонад таъсири манфи расонад;

    1. як қатор мамлакатҳо дар ҳолати мустақилияти монитари вобастагии мутақобилро дар миқёси ҷаҳон эътироф намекунанд. Бинобар ин як қатор мамлакатҳо алалхусус мамлакатҳои бузург чорабиниҳоеро мегузаронанд, ки барои ба вуҷуд омадани оқибатҳои бад нисбати мамлакат мусоидат мекунад.
  1. Намудҳои танзимнамоии қурби асъори ва хусусиятҳои он.

Асосан ду намуди танзимнамоии қурби асъор, яъне бозорӣ ва давлатӣ вуҷуд дорад. Танзимкунии бозори ба рақобат қонуни арзиш ва қонуни талаботу таклифот асос ёфта ба таври тавсиявӣ мегузарад танзимкуни … қурби асъор барои бартараф намудани оқибатҳои номатлуби танзимкуни … гузаронида мешавад ва мақсади танзим намудани устувории рушди иқтисоди, тавозуни баланси пардохт, кам кардани бекорӣ ва инфлятсияро дорад.

Танзимкунии давлатӣ ба воситаи сиёсати асъор гузаронида мешавад. Ба чорабиниҳое, ки аз тарафи давлат ба мақсади таъсир кардан ба бузургии қурби асъор гузаронида мешавад, аз инҳо иборатанд.

1.дахолати асъорӣ (интервенция).

2.сиёсати дисконтӣ;

3.чорабиниҳои протексионистӣ

Дахолати асъорӣ-ин амалиёти бонки маркази дар бозори асъор оиди хариду фуруши воҳиди пули мили нисбати асъорҳои хориҷи. Мақсади дахолати асъори инҳо мебошанд;

1.Тағйир додани сатҳи қурби асъор

  1. тағйир додани тавозуни активҳо ва пассивҳо нисбати асъорҳои гуногун;
  2. тағйир додани интизории иштирокчиёни бозори асъор

Дахолати асъори дар асоси истифода намудани захираҳои асъории давлат, гирифтани қарзҳои кӯтоҳмуддат ва ба воситаи амалиётҳои своп (свор) гузаронида мешавад.

Барои он, ки дахолати асъорӣ ба натиҷаи дилхоҳ оиди дигаргуншавии қурби асъори мили дар давраи дарозмуддат оварад зарур аст;

1.Ҷой доштани миқдори зарурии захираҳо дар бонки маркази барои гузаронидани дахолати асъори.

2. Боварии иштирокчиёни бозор ба сиёсати дарозмуддати бонки маркази.

3.Тағйир додани нишондиҳандаҳои фундаментали иқтисодии асосисуръати рушди иқтисоди, суръати инфлятсия, суръати тағйирёбии ҳаҷми пул ва ғ.

Сиёсати дисконти-ин аз тарафи Бонки маркази тағйир додани ставкаи фоиз ба мақсади танзим кардани бузургии қурби асъор ва воситаи таъсир кардан ба арзиши қарз дар бозори дохили ва ҳамчунин ҳаракати байналхалқии сармоя мебошад.

Чорабиниҳои протексиони –ин он чорабиниҳоест, ки барои ҳимоя намудани иқтисодиёти миллӣ дар ин ҳолат барои ҳимояи асъори мили гузаронида мешавад. Ба чорабиниҳои протексионистӣ пеш аз ҳама маҳдудияти асъорӣ дохил мешавад.

Намудҳои маҳдудияти асъорӣ инҳоянд;

1.Блокадаи асъорӣ;

2.манъ кардани хариду фуруши озодии асъори хориҷӣ

  1. танзим кардани пардохтҳои байналхалқӣ, ҳаракати сармоя, гузаронидани фоида, ҳаракати тилло ва қоғазҳои қимматнок;

4.дар дасти давлат ҷамъ кардани асъорҳои хориҷи ва дигар арзишҳои асъорӣ;

5.ҳатман аз тарафи резидентон ба давлат фурӯхтани як қисми даромади асъори;

6.литсензиякунонии амалиётҳои асъорӣ;

7.Марказонидани амалиётҳои асъорӣ дар бонки маркази ва ё бонке, ки давлат фақат ба вай ҳуқуқи гузаронидани амалиётхои асъориро медиҳад.

  1. Назарияҳои асъорӣ ва принсипҳои он.

Чунин назарияхои асъорӣ вуҷуд дорад;

1.Назарияи асъори танзимшаванда; (Кейнс)

2.Назарияи асъорҳои асосӣ;

-асъорҳои асосӣ (фунт стерлинг, доллар)

-асъорҳои мустаҳкам (Евро, иена, юан)

-асъорҳои эгзотекӣ (тамоми асъорҳое, ки дар системаи асъори ҷаҳони нақше бозӣ намекунад)

3.Назарияи паритетҳо ва нархҳои муайяншуда (Робинсон, Браун)

4.Назарияи қурбҳои тағйирёбандаи асъор

5.Назарияи нормативии қурби асъор (Мид, Мандел, Бирибаум)

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *