Al-Quran
Сураи ҲОҚҚА(69. Al-Haaqqa)





the download will begin in 10 seconds (limit : 500ko/s)
1
2

1. الْحَاقَّةُ
69|1|Он рӯзи барҳақ!
2. مَا الْحَاقَّةُ
69|2|Чист он рӯзи барҳақ?
3. وَمَا أَدْرَاكَ مَا الْحَاقَّةُ
69|3|Ва чӣ донӣ, ки он рӯзи барҳақ чист?
4. كَذَّبَتْ ثَمُودُ وَعَادٌ بِالْقَارِعَةِ
69|4|Қавми Самуду Од рӯзи қиёматро дурӯғ бароварданд.
5. فَأَمَّا ثَمُودُ فَأُهْلِكُوا بِالطَّاغِيَةِ
69|5|Аммо қавми Самуд ба он бонги сахт ҳалок шуданд.
6. وَأَمَّا عَادٌ فَأُهْلِكُوا بِرِيحٍ صَرْصَرٍ عَاتِيَةٍ
69|6|Ва аммо қавми Од бо вазиши боли сар-сяр (сахт) ба ҳалокат расиданд.
7. سَخَّرَهَا عَلَيْهِمْ سَبْعَ لَيَالٍ وَثَمَانِيَةَ أَيَّامٍ حُسُومًا فَتَرَى الْقَوْمَ فِيهَا صَرْعَى كَأَنَّهُمْ أَعْجَازُ نَخْلٍ خَاوِيَةٍ
69|7|Он азобро ҳафт шабу ҳашт рӯз пай дар пай бар онон фиристод. Он қавмро чун танаҳои пӯсидаи хурмо медидӣ, ки афтодаанду мурдаанд,.
8. فَهَلْ تَرَى لَهُمْ مِنْ بَاقِيَةٍ
69|8|Оё касеро мебинӣ, ки аз онҳо бар ҷой монда бошад?
9. وَجَاءَ فِرْعَوْنُ وَمَنْ قَبْلَهُ وَالْمُؤْتَفِكَاتُ بِالْخَاطِئَةِ
69|9|Ва Фиръявну мардуме, ки пеш аз ӯ буданд ва низ мардуми Мӯътафиқа гунаҳкор омаданд,
10. فَعَصَوْا رَسُولَ رَبِّهِمْ فَأَخَذَهُمْ أَخْذَةً رَابِيَةً
69|10|Фиристодаи Парвардигорашонро нофармонӣ карданд ва Худо низ ононро ба сахтӣ фуру гирифт,
11. إِنَّا لَمَّا طَغَى الْمَاءُ حَمَلْنَاكُمْ فِي الْجَارِيَةِ
69|11|Чун об туғён кард, шуморо ба киштӣ савор кардем,
12. لِنَجْعَلَهَا لَكُمْ تَذْكِرَةً وَتَعِيَهَا أُذُنٌ وَاعِيَةٌ
69|12|то онро мояи пандатон гардонем ва гӯшнигаҳдорандаи панд онро фаро гирад.
13. فَإِذَا نُفِخَ فِي الصُّورِ نَفْخَةٌ وَاحِدَةٌ
69|13|Чун як бор дар сур дамида шавая
14. وَحُمِلَتِ الْأَرْضُ وَالْجِبَالُ فَدُكَّتَا دَكَّةً وَاحِدَةً
69|14|ва замину кӯҳҳоро баргиранд ва якбора дар ҳам кӯбанд,
15. فَيَوْمَئِذٍ وَقَعَتِ الْوَاقِعَةُ
69|15|он рӯз он ҳодиса ба вуқӯъ пайваста бошад
16. وَانْشَقَّتِ السَّمَاءُ فَهِيَ يَوْمَئِذٍ وَاهِيَةٌ
69|16|ва осмон, ки дар он рӯз суст шудааст, бишикофад.
17. وَالْمَلَكُ عَلَى أَرْجَائِهَا وَيَحْمِلُ عَرْشَ رَبِّكَ فَوْقَهُمْ يَوْمَئِذٍ ثَمَانِيَةٌ
69|17|Ва фариштагон дар атрофи осмон бошанд, Ва дар он рӯз ҳашт тан аз онҳо арши Парвардигоратро бар болои сарашон мебардоранд.
18. يَوْمَئِذٍ تُعْرَضُونَ لَا تَخْفَى مِنْكُمْ خَافِيَةٌ
69|18|Он рӯз шуморо пеш оваранд ва ҳеҷ чизи шумо ниҳон намонад.
19. فَأَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ بِيَمِينِهِ فَيَقُولُ هَاؤُمُ اقْرَءُوا كِتَابِيَهْ
69|19|Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, мегӯяд: «Ном'аи маро бигиреду бихонед.
20. إِنِّي ظَنَنْتُ أَنِّي مُلَاقٍ حِسَابِيَهْ
69|20|Ман яқин доштам, ки ҳисоби худро хоҳам дид».
21. فَهُوَ فِي عِيشَةٍ رَاضِيَةٍ
69|21|Пас ӯ дар як зиндагии писандидаву хуш хоҳад буд
22. فِي جَنَّةٍ عَالِيَةٍ
69|22|дар биҳиште олӣ,
23. قُطُوفُهَا دَانِيَةٌ
69|23|ки меваҳояш наздикшаванда бошад.
24. كُلُوا وَاشْرَبُوا هَنِيئًا بِمَا أَسْلَفْتُمْ فِي الْأَيَّامِ الْخَالِيَةِ
69|24|Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти амалҳоест, ки дар айёми гузашта ба ҷой меовардаед!»
25. وَأَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ بِشِمَالِهِ فَيَقُولُ يَا لَيْتَنِي لَمْ أُوتَ كِتَابِيَهْ
69|25|Аммо он кас, ки номаи аъмолашро ба дасти чапаш диҳанд, мегӯяд: «Эй кош,, номаи маро ба дасти ман намедоданд
26. وَلَمْ أَدْرِ مَا حِسَابِيَهْ
69|26|ва надониста будам, ки ҳисоби ман чист!
27. يَا لَيْتَهَا كَانَتِ الْقَاضِيَةَ
69|27|Эй кош, ҳамон марг мебуду бас!
28. مَا أَغْنَى عَنِّي مَالِيَهْ
69|28|Дороии ман маро фоида набахшид,
29. هَلَكَ عَنِّي سُلْطَانِيَهْ
69|29|қудрати ман аз дасти ман бирафт!»
30. خُذُوهُ فَغُلُّوهُ
69|30|«Бигиредаш, занҷираш кунед!
31. ثُمَّ الْجَحِيمَ صَلُّوهُ
69|31|Ва ба ҷаҳаннамаш дараред!
32. ثُمَّ فِي سِلْسِلَةٍ ذَرْعُهَا سَبْعُونَ ذِرَاعًا فَاسْلُكُوهُ
69|32|Ва ӯро бо занҷире ба дарозии ҳафтод зироъ (аз оринҷ то ангушт) бикашед!
33. إِنَّهُ كَانَ لَا يُؤْمِنُ بِاللَّهِ الْعَظِيمِ
69|33|Зеро ба Худои бузург имон надошт
34. وَلَا يَحُضُّ عَلَى طَعَامِ الْمِسْكِينِ
69|34|ва ба таъом додан ба мискинон касеро тарғиб намекард.
35. فَلَيْسَ لَهُ الْيَوْمَ هَاهُنَا حَمِيمٌ
69|35|Дар он рӯз дар он ҷо ҳеҷ дӯсте нахоҳад дошт.
36. وَلَا طَعَامٌ إِلَّا مِنْ غِسْلِينٍ
69|36|Таъомаш чизе ғайри чирку хуни аҳли дӯзах нест,
37. لَا يَأْكُلُهُ إِلَّا الْخَاطِئُونَ
69|37|Танҳо хатокорон аз он таъом мехӯранд,
38. فَلَا أُقْسِمُ بِمَا تُبْصِرُونَ
69|38|Пас савганд ба он чи мебинед
39. وَمَا لَا تُبْصِرُونَ
69|39|ва он чӣ намебинед,
40. إِنَّهُ لَقَوْلُ رَسُولٍ كَرِيمٍ
69|40|ки ин сухани фиристодае бузургвор аст,
41. وَمَا هُوَ بِقَوْلِ شَاعِرٍ قَلِيلًا مَا تُؤْمِنُونَ
69|41|на сухани шоире. Чӣ андак имон меоварад!
42. وَلَا بِقَوْلِ كَاهِنٍ قَلِيلًا مَا تَذَكَّرُونَ
69|42|Ва низ сухани коҳине (фолбин, ҷодугар) нест. Чӣ андак панд мегиред!
43. تَنْزِيلٌ مِنْ رَبِّ الْعَالَمِينَ
69|43|Аз ҷониби Парвардигри ҷаҳониён нозил шуда аст.
44. وَلَوْ تَقَوَّلَ عَلَيْنَا بَعْضَ الْأَقَاوِيلِ
69|44|Агар паёмбар баъзе суханонро бофта бар мо мебаст, («аз ҷониби худост» — мегуфт).
45. لَأَخَذْنَا مِنْهُ بِالْيَمِينِ
69|45|бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем,
46. ثُمَّ لَقَطَعْنَا مِنْهُ الْوَتِينَ
69|46|сипас раги дилашро пора, мекардем
47. فَمَا مِنْكُمْ مِنْ أَحَدٍ عَنْهُ حَاجِزِينَ
69|47|ва ҳеҷ як аз шуморо тавони он набувад, ки монеъ шавад.
48. وَإِنَّهُ لَتَذْكِرَةٌ لِلْمُتَّقِينَ
69|48|Ва Қуръон барои парҳезгорон пандест.
49. وَإِنَّا لَنَعْلَمُ أَنَّ مِنْكُمْ مُكَذِّبِينَ
69|49|Мо медонем, ки аз миёни шумо касоне ҳастанд, ки такзиб мекунанд, (дурӯғ мешумуранд).
50. وَإِنَّهُ لَحَسْرَةٌ عَلَى الْكَافِرِينَ
69|50|Ва Қуръон кофиронро мояи пушаймонӣ аст.
51. وَإِنَّهُ لَحَقُّ الْيَقِينِ
69|51|Ва он сухани ҳақ ва яқин аст.
52. فَسَبِّحْ بِاسْمِ رَبِّكَ الْعَظِيمِ
69|52|Пас ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ (бигӯй.