Al-Quran
Сураи Қамар (54. Al-Qamar )





the download will begin in 10 seconds (limit : 500ko/s)
1
2

1. اقْتَرَبَتِ السَّاعَةُ وَانْشَقَّ الْقَمَرُ
54|1|Қиёмат наздик шуд ва моҳ дупора гардид.
2. وَإِنْ يَرَوْا آيَةً يُعْرِضُوا وَيَقُولُوا سِحْرٌ مُسْتَمِرٌّ
54|2|Ва агар мӯъҷизае бубинанд, рӯй бигардоданд ва гӯянд: «"Ҷодуе бузург аст!»
3. وَكَذَّبُوا وَاتَّبَعُوا أَهْوَاءَهُمْ وَكُلُّ أَمْرٍ مُسْتَقِرٌّ
54|3|Ва дурӯғ мепиндоранд ва аз паи ҳавоҳои худ мераванд. Ва ҳар коре дар вақти худ қарор гирифтааст.
4. وَلَقَدْ جَاءَهُمْ مِنَ الْأَنْبَاءِ مَا فِيهِ مُزْدَجَرٌ
54|4|Ва барояшон хабарҳое омадааст, ки дар онҳо пандаст.
5. حِكْمَةٌ بَالِغَةٌ فَمَا تُغْنِ النُّذُرُ
54|5|Ҳикматест тамом. Вале бимдиҳандагон судашон надиҳанд.
6. فَتَوَلَّ عَنْهُمْ يَوْمَ يَدْعُ الدَّاعِ إِلَى شَيْءٍ نُكُرٍ
54|6|Пас дар он рӯз, ки оя даъваткунандга ононро ба чизе нохуш даъват кунад, аз онҳо рӯйгардон шав.
7. خُشَّعًا أَبْصَارُهُمْ يَخْرُجُونَ مِنَ الْأَجْدَاثِ كَأَنَّهُمْ جَرَادٌ مُنْتَشِرٌ
54|7|Нишони зиллат (хори) дар чашмонашон ошкор аст. Чун малахҳое пароканда аз қабрҳо берун меоянд.
8. مُهْطِعِينَ إِلَى الدَّاعِ يَقُولُ الْكَافِرُونَ هَذَا يَوْمٌ عَسِرٌ
54|8|Сарҳоро боло гирифта ба сӯи он даъваткунанда мешитобад. Кофирон мегӯянд: «Ин рӯзи душворест!»
9. كَذَّبَتْ قَبْلَهُمْ قَوْمُ نُوحٍ فَكَذَّبُوا عَبْدَنَا وَقَالُوا مَجْنُونٌ وَازْدُجِرَ
54|9|Пеш аз инҳо қавми Нӯҳ такзиб карда (дурӯғ бароварда) буданд. Бандаи Моро такзиб карданду гуфтанд: «Девона аст! «Ва ба дашномаш ронданд.
10. فَدَعَا رَبَّهُ أَنِّي مَغْلُوبٌ فَانْتَصِرْ
54|10|Ва Парвардигорашро дуъо кард: «Ман мағлуб шудаам, интиқом бигир!»
11. فَفَتَحْنَا أَبْوَابَ السَّمَاءِ بِمَاءٍ مُنْهَمِرٍ
54|11|Ва мо низ дарҳои осмонро ба рӯи обе, ки ба шиддат мерехт, кушодем.
12. وَفَجَّرْنَا الْأَرْضَ عُيُونًا فَالْتَقَى الْمَاءُ عَلَى أَمْرٍ قَدْ قُدِرَ
54|12|Ва аз замин чашмаҳо шикофтем то об ба он миқдор, ки андоза шуда буд, гирд омад.
13. وَحَمَلْنَاهُ عَلَى ذَاتِ أَلْوَاحٍ وَدُسُرٍ
54|13|Ва ӯро бар он киштӣ, ки тахтаҳову мехҳо дошт, савор кардем.
14. تَجْرِي بِأَعْيُنِنَا جَزَاءً لِمَنْ كَانَ كُفِرَ
54|14|Зери назари Мо равон шуд. Ин буд ҷазои касоне, ки бовар надошт.
15. وَلَقَدْ تَرَكْنَاهَا آيَةً فَهَلْ مِنْ مُدَّكِرٍ
54|15|Ва албатта он киштиро нишонае сохтем. Оё ҳеҷ пандгирандае ҳаст?
16. فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ
54|16|Пас азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
17. وَلَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِنْ مُدَّكِرٍ
54|17|Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
18. كَذَّبَتْ عَادٌ فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ
54|18|Қавми Од такзиб карданд. Пас азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
19. إِنَّا أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ رِيحًا صَرْصَرًا فِي يَوْمِ نَحْسٍ مُسْتَمِرٍّ
54|19|Мо бар онҳо дар рӯзе наҳсу тӯлонӣ боде сахт фиристодем,
20. تَنْزِعُ النَّاسَ كَأَنَّهُمْ أَعْجَازُ نَخْلٍ مُنْقَعِرٍ
54|20|ки мардумонро аз замин ҳамонанди решаҳои аз ҷой кандаи нахл бармеканд.
21. فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ
54|21|Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
22. وَلَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِنْ مُدَّكِرٍ
54|22|Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
23. كَذَّبَتْ ثَمُودُ بِالنُّذُرِ
54|23|Қавми Самуд бимдиҳандагонро такзиб карданд.
24. فَقَالُوا أَبَشَرًا مِنَّا وَاحِدًا نَتَّبِعُهُ إِنَّا إِذًا لَفِي ضَلَالٍ وَسُعُرٍ
54|24|Гуфтанд: «агар аз инсоне монанди худ пайравӣ кунем, гумроҳу девона бошем!
25. أَأُلْقِيَ الذِّكْرُ عَلَيْهِ مِنْ بَيْنِنَا بَلْ هُوَ كَذَّابٌ أَشِرٌ
54|25|Оё аз миёни ҳамаи, мо каломи Худо ба ӯ нозил шудааст? На, ӯ дурӯғгӯе худхоҳ аст».
26. سَيَعْلَمُونَ غَدًا مَنِ الْكَذَّابُ الْأَشِرُ
54|26|Фардо хоҳанд донист, ки дурӯғгӯи худхоҳ кист!
27. إِنَّا مُرْسِلُو النَّاقَةِ فِتْنَةً لَهُمْ فَارْتَقِبْهُمْ وَاصْطَبِرْ
54|27|Мо он модашутурро барои озмоишашон мефиристем. Пас мунтазирашон бош ва сабр кун!
28. وَنَبِّئْهُمْ أَنَّ الْمَاءَ قِسْمَةٌ بَيْنَهُمْ كُلُّ شِرْبٍ مُحْتَضَرٌ
54|28|Ва ба онҳо бигӯй, ки об миёнашон тақсим шуда. Навбати ҳар кӣ бошад, ӯ ба сари об меравад.
29. فَنَادَوْا صَاحِبَهُمْ فَتَعَاطَى فَعَقَرَ
54|29|Ёрашонро нидо доданд ва ӯ шамшер баргирифту онро бикушт.
30. فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ
54|30|Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
31. إِنَّا أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ صَيْحَةً وَاحِدَةً فَكَانُوا كَهَشِيمِ الْمُحْتَظِرِ
54|31|Мо бар онҳо як овози даҳшатнок фиристодем. Пас ҳамонанди он алафҳои хушки огили гӯсфанд шуданд.
32. وَلَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِنْ مُدَّكِرٍ
54|32|Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
33. كَذَّبَتْ قَوْمُ لُوطٍ بِالنُّذُرِ
54|33|Қавми Лут бимдиҳандагонро такзиб карданд.
34. إِنَّا أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ حَاصِبًا إِلَّا آلَ لُوطٍ نَجَّيْنَاهُمْ بِسَحَرٍ
54|34|Мо бар онҳо боде регбор фиристодем, ғайри хонадони Лут, ки онҳоро саҳаргоҳ раҳонидем.
35. نِعْمَةً مِنْ عِنْدِنَا كَذَلِكَ نَجْزِي مَنْ شَكَرَ
54|35|Неъмате буд аз ҷониби Мо ва ононро, ки сипос гӯянд, чунин музд диҳем.
36. وَلَقَدْ أَنْذَرَهُمْ بَطْشَتَنَا فَتَمَارَوْا بِالنُّذُرِ
54|36|Аз интиқоми сахти Мо тарсонидашон, вале бо бимдиҳандагон ба ҷидол (хусумат) бархостанд.
37. وَلَقَدْ رَاوَدُوهُ عَنْ ضَيْفِهِ فَطَمَسْنَا أَعْيُنَهُمْ فَذُوقُوا عَذَابِي وَنُذُرِ
54|37|Аз меҳмони ӯ коре зишт хостанд. Мо низ чашмонашонро кур гардонидем. Пас бичашед азобу бим доданҳои Маро!
38. وَلَقَدْ صَبَّحَهُمْ بُكْرَةً عَذَابٌ مُسْتَقِرٌّ
54|38|Албатта бомдодон азобе пойдор ба сарвақташон омад.
39. فَذُوقُوا عَذَابِي وَنُذُرِ
54|39|Пас азоби Ман ва бим доданҳои Маро бичашед!
40. وَلَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِنْ مُدَّكِرٍ
54|40|Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
41. وَلَقَدْ جَاءَ آلَ فِرْعَوْنَ النُّذُرُ
54|41|Бимдиҳандагон назди хонадони Фиръавн омаданд.
42. كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا كُلِّهَا فَأَخَذْنَاهُمْ أَخْذَ عَزِيزٍ مُقْتَدِرٍ
54|42|Ҳамаи оёти Моро такзиб карданд. Мо низ онҳоро фурӯ гирифтем, чун фурӯ гирифтани ғолибе пурқудрат.
43. أَكُفَّارُكُمْ خَيْرٌ مِنْ أُولَئِكُمْ أَمْ لَكُمْ بَرَاءَةٌ فِي الزُّبُرِ
54|43|Оё кофирони шумо аз онҳо нерӯмандтаранд ё дар китобҳо омадааст, ки дар амон ҳастед?
44. أَمْ يَقُولُونَ نَحْنُ جَمِيعٌ مُنْتَصِرٌ
54|44|Ё мегӯянд, ки мо ҳамаги ба интиқом бармехезем?
45. سَيُهْزَمُ الْجَمْعُ وَيُوَلُّونَ الدُّبُرَ
54|45|Ба зудӣ он ҷамъ мунҳазим шавад (шикаст хӯрад) ва пушт карда бозгарданд.
46. بَلِ السَّاعَةُ مَوْعِدُهُمْ وَالسَّاعَةُ أَدْهَى وَأَمَرُّ
54|46|Балки ваъдагоҳи онҳо қиёмат аст ва қиёмат сахттару талхтар аст.
47. إِنَّ الْمُجْرِمِينَ فِي ضَلَالٍ وَسُعُرٍ
54|47|Гунаҳкорон дар гумроҳиву ҷаҳолатанд.
48. يَوْمَ يُسْحَبُونَ فِي النَّارِ عَلَى وُجُوهِهِمْ ذُوقُوا مَسَّ سَقَرَ
54|48|Рӯзе, ки онҳоро ба рӯяшон дар ҷаҳаннам кашанд, ки бичашед азоби сақарро (дӯзахро)!
49. إِنَّا كُلَّ شَيْءٍ خَلَقْنَاهُ بِقَدَرٍ
54|49|Мо ҳар чизро ба андоза офаридаем!
50. وَمَا أَمْرُنَا إِلَّا وَاحِدَةٌ كَلَمْحٍ بِالْبَصَرِ
54|50|Фармони Мо танҳо як фармон аст, он ҳам чашм бар ҳам заданест.
51. وَلَقَدْ أَهْلَكْنَا أَشْيَاعَكُمْ فَهَلْ مِنْ مُدَّكِرٍ
54|51|Касонеро, ки монанди шумо буданд, ҳалок кардем. Оё пандгирандае ҳаст?
52. وَكُلُّ شَيْءٍ فَعَلُوهُ فِي الزُّبُرِ
54|52|Ҳар коре, ки кардаанд, дар дафтарҳост.
53. وَكُلُّ صَغِيرٍ وَكَبِيرٍ مُسْتَطَرٌ
54|53|Ҳар кори бузургу хурде навишта шудааст.
54. إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي جَنَّاتٍ وَنَهَرٍ
54|54|Парҳезгорон дар боғҳову канори ҷӯйборонанд,
55. فِي مَقْعَدِ صِدْقٍ عِنْدَ مَلِيكٍ مُقْتَدِرٍ
54|55|дар ҷойгоҳе писандида назди фармонравои тавоно!