Al-Quran
Сураи ЗОРИЁТ (51. Adh-Dhaariyat )





the download will begin in 10 seconds (limit : 500ko/s)
1
2

1. وَالذَّارِيَاتِ ذَرْوًا
51|1|Савганд ба бодҳое, ки хок пароканда мекунанд,
2. فَالْحَامِلَاتِ وِقْرًا
51|2|савганд, ба абрҳои гаронбор,
3. فَالْجَارِيَاتِ يُسْرًا
51|3|савганд ба киштиҳое, ки ба осонӣ равонанд
4. فَالْمُقَسِّمَاتِ أَمْرًا
51|4|ва савганд ба фариштагоне, ки тақсимкунандаи корҳоянд,
5. إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَصَادِقٌ
51|5|ки он чӣ шуморо ваъда медиҳанд, рост аст
6. وَإِنَّ الدِّينَ لَوَاقِعٌ
51|6|ва рӯзи ҷазо омаданист.
7. وَالسَّمَاءِ ذَاتِ الْحُبُكِ
51|7|Ва савганд ба осмон, ки ба ситорагон ороста аст,
8. إِنَّكُمْ لَفِي قَوْلٍ مُخْتَلِفٍ
51|8|ки шумо (дар хусуси пайғамбар) сухани гуногун мегӯед!
9. يُؤْفَكُ عَنْهُ مَنْ أُفِكَ
51|9|Аз ҳақ бозгардонида шавад, он ки бозгардониданашро хостаанд.
10. قُتِلَ الْخَرَّاصُونَ
51|10|Марг бод бар он дурӯғгӯён,
11. الَّذِينَ هُمْ فِي غَمْرَةٍ سَاهُونَ
51|11|онон ки ба ғафлат дар ҷаҳл фурӯ рафтаанд.
12. يَسْأَلُونَ أَيَّانَ يَوْمُ الدِّينِ
51|12|Мепурсанд: «Рӯзи ҷазо кай хоҳад буд?»
13. يَوْمَ هُمْ عَلَى النَّارِ يُفْتَنُونَ
51|13|Рӯзест, ки бар оташ азобашон мекунанд.
14. ذُوقُوا فِتْنَتَكُمْ هَذَا الَّذِي كُنْتُمْ بِهِ تَسْتَعْجِلُونَ
51|14|«Азоби худро бичашед! Ин аст он чизе, ки ба шитоб металабидед!»
15. إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ
51|15|Парҳезгорон дар боғҳову канори чашмасорон бошанд,
16. آخِذِينَ مَا آتَاهُمْ رَبُّهُمْ إِنَّهُمْ كَانُوا قَبْلَ ذَلِكَ مُحْسِنِينَ
51|16|Он чиро Худо ба онҳо додааст, гирифтаанд. Зеро пеш аз он некӯкор буданд,
17. كَانُوا قَلِيلًا مِنَ اللَّيْلِ مَا يَهْجَعُونَ
51|17|андаке аз шабро мехобиданд
18. وَبِالْأَسْحَارِ هُمْ يَسْتَغْفِرُونَ
51|18|ва ба ҳангоми саҳар истиғфор (тавба) мекарданд
19. وَفِي أَمْوَالِهِمْ حَقٌّ لِلسَّائِلِ وَالْمَحْرُومِ
51|19|ва дар молҳояшон барои пурсандаву маҳрум хаққе буд.
20. وَفِي الْأَرْضِ آيَاتٌ لِلْمُوقِنِينَ
51|20|Ва дар замин барои ахли яқин ибратҳоест
21. وَفِي أَنْفُسِكُمْ أَفَلَا تُبْصِرُونَ
51|21|ва низ дар вуҷуди худатон. Оё намебинед?
22. وَفِي السَّمَاءِ رِزْقُكُمْ وَمَا تُوعَدُونَ
51|22|Ва ризқи шумо ва ҳар чӣ ба шумо ваъда шуда, дар осмон аст.
23. فَوَرَبِّ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ إِنَّهُ لَحَقٌّ مِثْلَ مَا أَنَّكُمْ تَنْطِقُونَ
51|23|Пас савганд ба Парвардигори осмонаҳову замин, ки ин сухан ончунон ки сухан мегӯянд, ҳақ ва рост аст.
24. هَلْ أَتَاكَ حَدِيثُ ضَيْفِ إِبْرَاهِيمَ الْمُكْرَمِينَ
51|24|Оё достони меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст?
25. إِذْ دَخَلُوا عَلَيْهِ فَقَالُوا سَلَامًا قَالَ سَلَامٌ قَوْمٌ مُنْكَرُونَ
51|25|Он гоҳ ки назди ӯ омаданду гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом! Шумо мардуми ношинохтаед!»
26. فَرَاغَ إِلَى أَهْلِهِ فَجَاءَ بِعِجْلٍ سَمِينٍ
51|26|Дар ниҳон ва шитобон назди касони худ рафт ва гӯсолаи фарбеҳе овард.
27. فَقَرَّبَهُ إِلَيْهِمْ قَالَ أَلَا تَأْكُلُونَ
51|27|Таъомро ба наздашон гузошту гуфт: «Чаро намехӯред?»
28. فَأَوْجَسَ مِنْهُمْ خِيفَةً قَالُوا لَا تَخَفْ وَبَشَّرُوهُ بِغُلَامٍ عَلِيمٍ
51|28|Ва аз онҳо бимнок шуд. Гуфтанд: «Матарс!» Ва ӯро ба фарзанде доно хушхабар доданд.
29. فَأَقْبَلَتِ امْرَأَتُهُ فِي صَرَّةٍ فَصَكَّتْ وَجْهَهَا وَقَالَتْ عَجُوزٌ عَقِيمٌ
51|29|Ва занаш фарёдзанон омад ва бар рӯй заду гуфт: Ман пиразане нозоям».
30. قَالُوا كَذَلِكِ قَالَ رَبُّكِ إِنَّهُ هُوَ الْحَكِيمُ الْعَلِيمُ
51|30|Гуфтанд: «Парвардигори ту инчунин гуфтааст. Ва ӯ ҳакиму доност!»
31. قَالَ فَمَا خَطْبُكُمْ أَيُّهَا الْمُرْسَلُونَ
51|31|Гуфт: «Эй расулон, ба чӣ кор омадаед?»
32. قَالُوا إِنَّا أُرْسِلْنَا إِلَى قَوْمٍ مُجْرِمِينَ
51|32|Гуфтанд: «Моро бар мардуме табаҳкор фиристодаанд,
33. لِنُرْسِلَ عَلَيْهِمْ حِجَارَةً مِنْ طِينٍ
51|33|то тиккаҳои сангҳои гили бар сарашон биборем,
34. مُسَوَّمَةً عِنْدَ رَبِّكَ لِلْمُسْرِفِينَ
51|34|ки бар он сангҳо аз ҷониби Парвардигорат барои аз ҳад, гузаштаҳо нишон гузоштаанд».
35. فَأَخْرَجْنَا مَنْ كَانَ فِيهَا مِنَ الْمُؤْمِنِينَ
51|35|Пас ҳамаи касонеро, ки имон оварда буданд, берун бурдем.
36. فَمَا وَجَدْنَا فِيهَا غَيْرَ بَيْتٍ مِنَ الْمُسْلِمِينَ
51|36|Ва дар он шаҳр ғайри як хона ва фармонбардорон наёфтем.
37. وَتَرَكْنَا فِيهَا آيَةً لِلَّذِينَ يَخَافُونَ الْعَذَابَ الْأَلِيمَ
51|37|Ва дар он сарзамин барои касоне, ки аз азоби дардовар метарсанд, нишоне боқӣ гузоштем.
38. وَفِي مُوسَى إِذْ أَرْسَلْنَاهُ إِلَى فِرْعَوْنَ بِسُلْطَانٍ مُبِينٍ
51|38|Ва ибратест дар Мӯсо, он гоҳ ки ӯро бо ҳуҷҷате ошкор назди Фиръавн фиристодем.
39. فَتَوَلَّى بِرُكْنِهِ وَقَالَ سَاحِرٌ أَوْ مَجْنُونٌ
51|39|Ва Ӯ бо ҳамаи қуввааш рӯй гардонду гуфт: «Ҷодугарест ё девонае!»
40. فَأَخَذْنَاهُ وَجُنُودَهُ فَنَبَذْنَاهُمْ فِي الْيَمِّ وَهُوَ مُلِيمٌ
51|40|Ӯ ва лашкарҳояшро гирифтем ва ба дарё партофтем. Ва ӯ муставҷиби (сазовори) маломат буд.
41. وَفِي عَادٍ إِذْ أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمُ الرِّيحَ الْعَقِيمَ
51|41|Ва низ ибратест дар қавми Од, он гоҳ, ки боди ақимро бар онҳо фиристодем.
42. مَا تَذَرُ مِنْ شَيْءٍ أَتَتْ عَلَيْهِ إِلَّا جَعَلَتْهُ كَالرَّمِيمِ
51|42|Бар ҳар чизе вазид, фақат устухоне пӯсидааш бар ҷой гузошт.
43. وَفِي ثَمُودَ إِذْ قِيلَ لَهُمْ تَمَتَّعُوا حَتَّى حِينٍ
51|43|Ва низ ибратест дар қавми Самуд, он гоҳ ки ба онҳо гуфта шуд: «То замоне чанд бархурдор шавед».
44. فَعَتَوْا عَنْ أَمْرِ رَبِّهِمْ فَأَخَذَتْهُمُ الصَّاعِقَةُ وَهُمْ يَنْظُرُونَ
51|44|Онон аз фармони Парвардигорашон сар боззаданд ва ҳамчунон ки менигаристанд, раъди тунде фурӯ гирифташон.
45. فَمَا اسْتَطَاعُوا مِنْ قِيَامٍ وَمَا كَانُوا مُنْتَصِرِينَ
51|45|Истодан натавонистанд ва тавони интиқом надоштанд.
46. وَقَوْمَ نُوحٍ مِنْ قَبْلُ إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمًا فَاسِقِينَ
51|46|Ва аз пеш қавми Нӯҳро ҳалок кардем, ки қавме нофармон буданд.
47. وَالسَّمَاءَ بَنَيْنَاهَا بِأَيْدٍ وَإِنَّا لَمُوسِعُونَ
51|47|Ва осмонро ба қувват барафроштем ва ҳаққо, ки Мо тавоноем.
48. وَالْأَرْضَ فَرَشْنَاهَا فَنِعْمَ الْمَاهِدُونَ
51|48|Ва заминро густурдем ва чӣ некӯ густарандагонем!
49. وَمِنْ كُلِّ شَيْءٍ خَلَقْنَا زَوْجَيْنِ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ
51|49|Ва аз ҳар чиз ҷуфте биёфаридаем, шояд, ки ибрат гиред.
50. فَفِرُّوا إِلَى اللَّهِ إِنِّي لَكُمْ مِنْهُ نَذِيرٌ مُبِينٌ
51|50|Пас ба сӯи Худованд бигрезед. Ман шуморо аз ҷониби Ӯ бимдиҳандае ошкорам.
51. وَلَا تَجْعَلُوا مَعَ اللَّهِ إِلَهًا آخَرَ إِنِّي لَكُمْ مِنْهُ نَذِيرٌ مُبِينٌ
51|51|Ва бо Худои якто худои дигароро мапарастед. Ман шуморо аз ҷониби Ӯ бимдиҳандае ошкорам.
52. كَذَلِكَ مَا أَتَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ مِنْ رَسُولٍ إِلَّا قَالُوا سَاحِرٌ أَوْ مَجْنُونٌ
51|52|Ҳамчунин бар онҳое, ки аз ин пеш буданд, ҳар паёмбаре, ки фиристода шуд, гуфтанд: «Ҷодугарест ё девонаест!»
53. أَتَوَاصَوْا بِهِ بَلْ هُمْ قَوْمٌ طَاغُونَ
51|53|Оё ба ин кор якдигарро васият карда буданд? На, худ мардуме тоғӣ (саркаш) буданд.
54. فَتَوَلَّ عَنْهُمْ فَمَا أَنْتَ بِمَلُومٍ
51|54|Пас аз онҳо рӯйгардон шав. Кас туро маломат нахоҳад кард.
55. وَذَكِّرْ فَإِنَّ الذِّكْرَى تَنْفَعُ الْمُؤْمِنِينَ
51|55|Андарз (панд) бидеҳ, ки андарз мӯъминонро манфиат дорад.
56. وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ
51|56|Ҷинну инсро фақат ва фақат барои парастиши Худ офаридаам.
57. مَا أُرِيدُ مِنْهُمْ مِنْ رِزْقٍ وَمَا أُرِيدُ أَنْ يُطْعِمُونِ
51|57|Аз онҳо ризқе намехоҳам ва намехоҳам, ки маро итъом кунанд (хӯронанд).
58. إِنَّ اللَّهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتِينُ
51|58|Худост рӯзидиҳанда. Ва Ӯст соҳиби қуввате сахт устувор!
59. فَإِنَّ لِلَّذِينَ ظَلَمُوا ذَنُوبًا مِثْلَ ذَنُوبِ أَصْحَابِهِمْ فَلَا يَسْتَعْجِلُونِ
51|59|Ин ситамкоронро аз азоб баҳраест монанди баҳрае, ки ёронашон доштанд. Пас ба шитоб чизе (азоб) аз Ман нахоҳанд!
60. فَوَيْلٌ لِلَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ يَوْمِهِمُ الَّذِي يُوعَدُونَ
51|60|Вой бар кофирон, аз он рӯз, ки онҳоро ваъда додаанд!