Афсонахои точики

Афсонаи РӮБОҲИ МАККОР ВА ГУРГИ НОДОН

РӮБОҲИ МАККОР ВА ГУРГИ НОДОН

Буд набуд, як Рӯбоҳ буд, аз ҷумлаи рӯбоҳҳои ҳушёру маккору аз кор
безору ба хӯрдан тайёр. Ҳаминаш аҷиб буд, кӣ ҳар чи мехост, мешуд, ҳар чӣ
мекофт, меёфт. Рӯзе боге дарёфт, аҷаб нозанин, сабзу хуррам, себзору токзор,
ангурҳояш рангобаранг.

  • Худо дод! — гуфт Рӯбоҳ ва нисфишабӣ расида омаду аз обмӯрии таги
    девор гузашта, худро ба ҷӯяки ток гирифт. Қанд барин ширин буд ангури суп-
    сурхи соҳибӣ, аз он ширинтар ангури ҳусайнию дороӣ. Хӯрд-хӯрд, аз осрӣ маст
    шуду «шикамам сер шуд, ғамам дур шуд» — гӯён, рӯи сабзаи фораму мулоим
    ғел зад. Ин сӯ ғел зад, он сӯ ғел зад, он чӣ хӯрда буд, ҳазм шуд, боз хӯрду дароз
    кашид ва саҳарӣ чашми рӯз кушода нашуда, бо вакти куш баромада рафт.

Чанд шаб кайфу сафос дошт рӯбоҳ дар он боғи пур аз меваҳои лазиз.
Соҳиби боғ ҳар саҳар дар боги худ осори тороҷу ғорат, сарҳои ангури ним-
ним хӯрда ба чор тараф партофта, гулу сабзаи помол шудагиро дида, хуни дил
мехӯрд. Билохира, ӯ дар қасди ҷазо додани ғоратгар шуд. Доме ба даст оварду
думбаи гӯсфандро илҳок карда, сари марза гузошт.

Рӯбоҳ шаб омаду дар сари роҳаш думбаро дид. Думбаи пўсткандаи сап-
сафеди мулоим, равгани хушмаззаи картро дида, иштиҳояш карнай шуд,
даҳонаш об кушод, ишкамаш танбӯр навохт. Хост аз думба порае барканад,
вале худро нигаҳ дошт: «Фирефтаи нафс машав, ки гирифтори дом хоҳӣ шуд!»

Аммо думба кори худро карда буд: дилаш дигар танҳо думба металабид,
ангур ба назараш туршу бемаза менамуд.

«Ту аз ҷинси дарандаҳоӣ, эй Рӯбоҳ! — гуфт дилаш. — Гӯшт бояд бихӯрӣ,
на ангур!». Ба думба чашм дӯхта буду оби даҳонашро фурӯ мебурд. Беист лаб
мелесид. «Чӣ кор кунам, ки даҳонам ба ин равгани карт бирасаду дандонҳоям,
ки кайҳо боз гӯшт нахоидаанд, ин равғани ҷонбахшро бихояду рӯдаҳои хушк-
шудаам мулоим шаванд?» Бо ҳамин хаёл аз бог берун рафт. Пойҳояш рост ӯро
ба хонаи Гург расониданд. Аввал тарсида як кад париду баъд дилаш якбора
равшан шуд: «Парвардигор оҳи дили маро шунид».

Гург Рӯбоҳро дида хурсанд шуд:

  • Марҳамат, марҳамат, меҳмони азиз, — гуфт. — Кайҳост, ки дар орзуи ди-
    дори ту будам, магар Худо фармудааст, ки бо пои худ ба пеши дарам омадӣ.

даро, натарс, дандонҳоям алмос барин, чунон боэҳтиёт мехӯрамат, ки ягон
ҷоят озор намебинад.

  • Нияти бад накунед, паҳлавон! — гуфт Рӯбоҳ, — Ман бо нияти нек ба пеши
    шумо омадам.
  • Бори аввал мебинам, ки махлуқе аз зоти Рӯбоҳ бо нияти пок пеши мо,
    гургон омадааст. Агар гаразе дар дил намедоштӣ, ин ҷо намеомадӣ.
  • Савганд ба рӯҳи муқаддаси саравлоди зоти Рӯбоҳ, ки маро гаразе дар
    дил нест, — гуфт Рӯбоҳ.
  • Аҳмақ аст оне, ки ба савганди ту, рӯбоҳ, бовар кунад! — китоб кард гург.
  • Ҳеҷ гумон накарда будам, ки шумо ба ин андоза бадгумон ҳастед. Ба
    ман бовар накунед, ба чашми худ бовар мекунед? Ман омадам шуморо ба боғе
    таклиф кунам, ки саросар сабзу хуррам асту файзбор, меваҳое дорад, ки дар
    ҷаҳон нест. Ва дар он ҷо думбае ҳаст: бузург, сап-сафед!

Даҳони гург аз шунидани номи думба об кушоду ҳамаро фаромӯш карда,
ҳамроҳи Рӯбоҳ равон шуд. Омад, думбаро диду бо ҳирси тамом худро ба бо-
дояш андохт ва нафаҳмида монд, ки чӣ хел ду пои пешаш гирифори дом шуд.
Худро ба ақиб кашид, ба чапу рост зад, бефоида. Қариб буд, ки пойҳояшро
шиканад.

-Эй Рӯбоҳ, — гуфт Гург, — ту зиракӣ. Илоҷи ҳар корро меёбӣ, бигӯ чӣ кор
кунам, ки пойҳоям раҳо шаванд.

Рӯбоҳ гуфт:

  • Ту паҳлавон ҳастӣ, қуввати зиёд дорӣ, зӯр зан, халос мешавӣ.

Гург бо тамоми қувва ончунон зӯр зад, ки пойҳояш шикастанду аз ҳуш
рафт. Гург, ки аз ҳуш рафт, Рӯбоҳ пеш омада, серӣ думба хӯрду ба ҳоли Гург
хандида баромада рафт.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *