Адабӣёти тоҷик дар асри 10 11. Вазъияти сиёсӣ иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ин давра
Вазъи умумии забон ва адаби форсӣ- тоҷикӣ. Даврае, ки мо мавриди мутолиа қарор медиҳем, яке аз муҳимтарин давраҳои адабии мо маҳсуб меёбад, ҳамчунин ибтидои тарақии адаби форсӣ аст. Шоҳони ин давра, яъне шоҳони Сомонӣ дар Мовароуннаҳр, Хуросон қудрат намуда, ҳукумати эшон бо тасаллути Салҷуқиён дар Бағдод хотима меёбад. Дар аввалҳои ин аҳд устоди шоирон Рўдакӣ ва дар охири ин давр Фирдавсӣ ва Унсурӣ зиндагӣ кардаанд. Шоирони дигаре, ки дар ин давра зиндагӣ кардаанд, ҳар як соҳиби шўҳрат ва аҳамияти хос дар таърихи адабӣёти форсӣ-тоҷикӣ ҳастанд. Ин давра шоирони зиёд дорад ва теъдоди осори гўяндагон низ зиёд аст. Сабаби зиёд будани шоирон ва осори онҳо ташвиқи зиёди шоҳон нисбат ба шеъру гўяндагон аст. Агар мо ҳодисаи байни Султонмаҳмуд ва Фирдавсиро гирем, он ба ҷараёни сиёсӣ ва адабиёти хос буд, на ба сабаби беҳурматии шуаро дар худи ин салотин. Ҳатто дар давраи Рўдакӣ гуфтаанд, ки боре ўро ҷаҳорсад шутур мекашад. Дар осори Унсурӣ гуфта шудааст, ки аз нуқара дегдон ва аз зар олоти хон тартиб дод.
Дар ибни салотин ва дорем, умарбастр касоне, дорем ки худ шоир ва нависанда будаанд (монанди Шамсулмаонӣ Қобус ва Оғозӣ ва Тоҳир ибни Фазли Чағонӣ ва Амир Абулҷаъфар, Ибнӣ, Абулҷаъфари Балъамӣ) ва шоирону нависандагонро ташвиқ мекарданд.
Сомониён махсусан ба наср ва назми форсӣ таваҷҷўҳи хос зоҳир мекарданд. Ба сабаби ҳамин таваҷҷўҳ буд, ки китобҳо аз арабӣ ба форсӣ тарҷума мешуданд. Шояд яке аз илатҳои бузурги тарвзи назму насри повести истиқлоли адабии Эрониён ва дунбол кардани назар Яқуб бини Лоиқ дар ин замина будааст ва сабаби дигар он ки Сомониён мекўшиданд, то ки дарбориён ҳамон мартаба ва мақоме ки Бағдод дар зери талоҳути хилофати Аббосӣ доро буд ва гўё ин фарқ буд, ки шоиронро бо сурудани ин байт
Имрўз ба ҳар ҳоле Бағдод Буҳорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирўзӣ он ҷост.
Вазъи забон дар асри X ва аввали асри X1. Забони форсӣ дарӣ дар асри X ва аввали асри XI бо сабаби арзиши бештар бо забони арабӣ ва қабули миқдоре аз истиқҳони оллӣ ва адабию динӣ ва ба кор рафтани он барои онки мафҳумҳо ва мазмуни мухталифи шеър ва мақсадҳои илмӣ нисбат ба асри 9- ум тақмил ва тавсифи бештаре ёфт. Бо ин хел осар онҳо ба адвори адабии баъд месанҷем теъдоди луғати арабӣро ба нисбат камтар ва фалобаи уғони Форсӣ-точӣкиро бештар мебинем, алалҳусус ин нуктаи қоблии таваҷҷўҳ аст, ки шоирон ва нависандагони шеър камтар нуфузи қонунҳои дастурии забони арабӣ буданд ва ривояту қоидаҳои Форсиро бештар мекарданд. Як нуқтаи дагар қобили зикр аст, ки шоирон ва нависандагони ин аҳд ба тақозои зарурат аз калимаву таркиботи арабӣ истифода мекарданд.
Хусусиятҳои шеъри форсӣ дар ин қарн. Дар асри X ва ибтидои асри XI шорони бузург ва ашъори бузург ривоҷ кард, Вузўъи адади шоирон яке аз ҳусусиятҳои умдаи шеър дар ин аҳд аст. Иддаи гўяндагоне, ки номи онон ба мо расида ва дар тазкираҳо ва фарҳангҳо ва кутуби адои ин аҳд сабт шуда бисёр аст. Ҳануз дар саросари Эрон монанди қарни пешин XII-ум гўяндагоне зуҳур накарда буданд. Маҳорати гуяндагон ва қудрати онон дар тарфиқи каломи бадеи мазмунанд ва афкори бадеъ ва фасоҳат худ аз масолиҳи бисёр муҳим ва қобили таваҷўҳ дар ин давра аст. Шоироне, ки дар ин давр эҷод кардаанд монанди Рўдакӣ Абўшакур, Шопур, Дақиқӣ ва Фирдавсӣ, Унсурӣ ва Фаррухӣ, Манучерӣ ҳанўз ҳам афсаҳ ва шоирони форсигўй ба шумор мераванд. Зиёдаи эҷодиёти адабӣ дар ин давра низ қобили таваҷҷўҳ аст. Масалан адибоне ки ба Рўдакӣ нисбат медиҳанд: ба қавле якмилиону сесадҳазор мисраъ ба қавли дигар сад ҳазор байт буда ва адади абёти Фирдавсиро ба ҳазор байт гуфтаанд.
Аз хууссиятҳои умдаи шеъри ин аҳд содагӣ ва равонии каломи фикр аст. Ҳелҳои борик ва аз таъкиду ибтидои дур аз завқу зеҳн дар он камтар асаре меёбем. Агар калимоти матруки пареш даркро ки бо таносуби муҳими давра дар ашоъри он аҳд омода ва барои мардуми машрик дар он рўзгор қобили фаҳм будааст, ба назар гирем, соддагӣ ва равонии каломро дар саросари ашоъри он давр мушоҳида мекунем, ва ба лаҳҷаи куҳнаи қарни X ва аввли қарни XI ошно мешавем. Ҳамчунин мо ба фаҳми зебои ва фасоҳати муъҷизоти ашоъри он аҳд мерасем.
Дигар аз ҳусусиятҳои шеъри ин давра дар он буд, ки мазмун ва афкори ашоър тоза буд. Зеро шоирон ба мазмуни тозае сару кор доштанд, ки пеш аз онон соҳта нашуда буд, ба таври он ки аз адабӣ арабӣ иқтибос меҷўянд. Ҳамин тозагӣ мавзўҳро, матлабҳо ва мазмун аст, ки шоирон ин аҳдро қодир ба овардани ташбеҳоти тозаи бадеъ кард ва маҳорати шоирон дар офаридани ташбеҳ зиёдтар гашт.
Барои мисол ду байт аз Мунҷиқ:
Накў гулу дурангро нигар кун
Дур аст ба зериақиқи садаи
Ё ошиқи маъшуқ рўзӣ хилват
Рухсор ба руҳсоре бар ниҳода.
Аз хусусиятҳои дигари шеъри ин аср дар он аст, ки вазъи зиндагии шоирон авзои иҷтимои, аҳволи мухталифи ҷамъиятҳо ва дарбориҳо, ҷараёни низомию сиёсӣ дар он мунъақис аст. Сабаби асосии ин амр ҳамаи воқеъбинӣ ва ошнои шоирон ба муҳити зиндагии нарм ба даврон аст.
Анвои шеъри форсӣ ва мавзўоти он
Шоирони ин давр дар жанрҳои гуногуни лирики шеър гуфтаанд. Мазсусан дар асарҳои маснавӣ, қасида, ғазал. Мусаламат, таҷоибан, рубоёт ва дубайтӣ ва қитъа ва ғаира таблиғот нашудаанд.Баъзе аз ин навъҳо масалан тавзеҳбанд ва мусаламатро дар оҳири ин аҳд мебинем. Мусаматро шоирон қабли ин давра Мануҷеҳри ибтидо кард.Дар шеъри ин давра мо метавонем васф, ваъз ғазал, ҳамоса, ҳаҷв, ҳазл ва достон қитъаро аз ин мушоҳида енамоем. Борҳо аз ин анво аз баин рафта аст. Муҳимтарин давраи ҳамосасарои дар Эрон ҳамин аҳд аст. Равнақи ҳамосасароии миллӣ дар ин давра ба дараҷоти он бузургтарин (ҳамос) осори ҳамосаи адабӣёти форсӣ-тоҷикӣ ва яке аз муҳмтарин ҳамосаи миллии олам яъне дар ҳамин аҳд суруда шудааст. Дар эҷодиёти ин давра масъудӣ, дар миёнҳои ин аҳд Дақиқӣ ва дар охири он устоди бузург Абулқосим Фирдавсӣ осорӣ ҳамосии худро падид овардааст. Баъди ин достонҳои ҳамоси дар аҳди Салҷуқӣ чандин достон ҳамосаи дигар ба назм даромад.
Дар оғози ин аҳд ду ғазалсарои машҳур буданд, ки шоирони баъд онҳоро ба устодӣ пазируфтаанд ва дар ин навъ шеър суруданд. Аз ин ду шоир яке устод Рўдакӣ ва дигаре Шоҳид аст. Қудрати Рўдакӣ дар ғазал ба дараҷае буд, ки Унсурӣ бо ҳама диққати ҳаёл эҷодиёти ўро суруда худро дар овардани маҷмуаҳои Дақикӣ онҳо оҷиз медонад.
Ѓазал рўдакивор накў бувад.
Ѓазалҳои мани рўдакӣвор нест.
Агарҷӣ бикушам ба ашъори қавм
Бадин парда андар маро бор нест.
Лутфи сухани шоир ва дигаргунии ашъор то ҳадде буд, ки ўро Фаррўҳӣ даряк байти худ чунин мегўяд.
Аз дилоромию нағзӣ чун ғазалҳои Шаҳид
Аз диловезию ҳубӣ чун таронаи Бутолиб
Тағаззулоте, ки дар оғози қасидаи ин аҳд дида мешавад. навъи аз ашъори ғиноии бисёр дилангез аст, ки маҳсусан аз миён аҳди Сомонӣ ба баъд роли буд. Аввалин шоироне, ки тавонист, ки аз уҳдаи сурудани тағазулоти ширин дар эҷоди қасоид маҳбубӣ барояд ва дар еҷод иртибот миёни таназул вамаҳд нишондиҳад, Дақиқӣ буд .Аз Дақиқӣ чанд ғазал низ ба даст аст, ки — ҳусусан уро нишон медиҳад. Баъдан олитарин ва матбуътарин тағазулоти ин аҳдро дар қасидаҳои Фаррухӣ — мебинем, зеро ў равонии калом, соддагии фикр ва сароҳати гуфтори худро бо эҳсосоти дақиқ тавре омеҳта ва бо ғуноӣ малоҳати сухан —-ки ҳар асрр замон ки бошад маззуб мекунад ва лаззат мебарад.
Ѓазалҳои шоирони ин давра яъне аз (эҷоди) асри X то аввали асри XI агарчӣ маъниҳои содда ва дилангези ошиқона бошанд ҳам, аз баъзе таркиботи арабӣ, ки бештар шоистаи қасидаҳо аст, ҳоли нестанд. Зикри номи шоир дар ғазалҳо камтар маълум аст.
Мадеҳасароӣ дар ин давра зиёд аст, ки аз оғози адои форсӣ ба паиравӣ аз шеъри арабӣ маълум аст. Дар тамоми ин аҳд шоирони бузурги дарборӣ ба монанди подшоҳон саргарм буданд. Ҳар шоиримаддеҳ мувазаф буд, подшоҳро дар аини расмӣ ва футуҳот мед гуяд.Аз шоирони аҳди Ѓазнавӣ онҳое, ки иқболи зиёд диданд: Фирдавсӣ, Унсурӣ ва Манучеҳрӣ буданд. Аз шоирони давраи Сомонӣ Рўдакӣ ва Дақиқӣ будаанд. Нахустин кассе, ки қасидаи комилро бо ташбибу маҳд ва дуо маълум кард, Рудакӣ аст ва дигарон дар ин маврид ҳама талаби ў шумурда мешавад.
Маҷмўи дигаре, ки аз шеъри ин аҳд шуруъ шуда дар даври Салҷуқиён такмил ёттаанд: ҳикмат ва вазъ мебошад. Воқеъан он касе, ки дар ин аҳд ҳиммат гузошт ва қасоиди комил дар ин мавзўъ гуфт, Кисоии Марвазӣ аст, ва ин анъанаро шоири бузурги даврони Салҷуқи дақиқ Носири Хусрав идома медиҳад.