Хусусиятҳои назму наср ва радифу қофия
Маънои назм ба низом даровардан аст. Назм бо якчанд хусусияти худ аз наср фарқ мекунад. Аввал, дорои вазн ва оҳанги махсус аст. Дувум, радифу қофия дорад. Масалан, барои исбот байти зерро аз назар мегузаронем:
Хдр бод, ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд,
Бо бӯи гулу мушку насими суман ояд.
Байти боло дорои порчаҳои тараннумӣ буда, дар як вазн омадааст. Ҳар ду мисраъ бо ҳам баробар ва ҳамвазнанд. Инчунин
«ояд» дар байт радиф шуда омадааст. Ба ҳамин тариқ, қофия гуфта калимаҳоеро мегӯянд, ки қисмати охирашон ба ҳам монанд бошанд. Мисли ман бо суман, чаман, зан, даман ва гайра. Агар дар охири шеър калима ё ибора такрор шавад онро радиф мегӯянд. Дар байти боло «ояд» такрор шудааст ва радиф аст.
Наср бошад ин хусусиятҳоро надорад. Вале гоҳ-гоҳ дар наср ҳам қофия меояд, вале ин асосӣ несг. Ин намуди насрро насри мусаҷҷаъ мегӯянд.
Маълумоти умумӣ дар бораи вазни арӯз
Чунон ки аз маълумоти қабл огоҳ шудед, асарҳои назмӣ бо ду вазн иншо шуданд. Вазни ҳиҷо ва вазни арӯз. Вазни ҳиҷо асосан ба назми халқӣ хос аст. Дар баробари ин назми ҳазорсолаи адабиёти тоҷику форс ва имр^за ҳам бо вазни арӯз эҷод шудаанд.
Арӯз вожаи арабӣ буда, маънои арз кардан, баён намуданро дорад. Вале имрӯз ҳамчун истилоҳи адабиётшиносӣ маҳсуб меёбад ва дувум ченак ё мизони шеър ба шумор меравад. Вазни арӯз аз адабиёти араб дар асрҳои 1Х-Х ба адабиёти мо ворид гардидааст. То имрӯз рушду камол ёфта, хусусиятҳо, қонунҳои он аз тарафи арӯзиёни форс-тоҷик: Ахфаши Балхй, Юсуфи Арӯзй, Баҳромӣ, Бузургмеҳри Қойинй, Шамс Қайси Розй, Рашиди Ватвот, Насриддини Тӯсй, Ваҳиди Табрезй, Парвиз Нотили Хонларй, Баҳром Сирус ва дигарон кашф ва равшан гардидаанд. Мувофиқи андешаи муҳаққиқони дар боло ёдшуда,
шеъри форсӣ-тоҷикӣ дар 14 баҳр суруда шудааст. Баҳрҳо ба ду қисм тақсим гардидаанд. Баҳрҳо солим ва фаръӣ ном доранд.
Баҳрҳои солим: Ҳазаҷ, Рамал, Раҷаа, Мутақориб ва Мутадорик ба шумор мераванд. Ба ғурӯҳи баҳрҳои фаръй: Қариб, Музореъ, Ҷадид, Хафиф, Муҷтасс, Сареъ, Мунсареҳ, Мушокил ва Муқтазаб буда, ҷамъ 14 баҳри арузи тоҷикиро ташкил медиҳанд.
Арузи тоҷикӣ махсусиятҳои ба худ хос дорад ва аз рӯи он вазни шеър равшан мегардад. Барои дарёфти вазни шеър нахуст бояд ҳиҷоҳои калимоти ҳар як мисраю байтро шумурд. Бояд миқцори ҳиҷоҳои ҳар мисраъ ба Хам баробар бошанд.
Бояд хотиррасон кард, ки дар шеър ҳар як сатр ё хатро мисраъ гуянд. Агар ду мисраъ омада бошад, онро байт хонанд. Масалан, рубоии устод Рӯдакиро гирем:
Гар бар сари нафси худ амирй, мардӣ.
Бар кӯру кар ар нукта нагирй, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро поӣ задан,
Гар дасти фитодае бигирй, мардӣ.
Рубоӣ аз чор мисраъ ё ду байт иборат аст. Ва ҳар як мисраъ дорои 12 ҳиҷост. Чунон ки дар боло дидем, мисраъ аз 12 садонок таркиб ёфтааст, ки ин баробарии мизони шеърро муайян намудааст. Агар чунин тартиб, яъне дар вазни ҳиҷо асосӣ бошад, дар вазни арӯз илова бар ин баъзе имтиёзоти дигареро низ метавон дид.
Ҳиҷо мувофиқи имлои забони тоҷикӣ ба дарозу кӯтоҳ ва кушодаю пӯшида қисмат мешаванд, ки ҷамъулҷамъ дар муқаррар намудани мизони арӯзи тоҷикӣ мақоми ҳалкунанда доранд.
Ҳиҷоҳои дароз бо садонокҳои о, е, й, ӯ ва ё бо ҳамроҳшавии ҳамсадоҳо ба вуҷуд меоянд. Ҳиҷоҳои кӯтоҳ бошанд ба воситаи садонокҳои а, и, у ва ю сохта мешавад. Масалан:
Та-во-но бу-вад, ҳар-кӣ до-но бу-вад,
Ба-до-ниш ди-ли пир бар-но бу-вад.
Ҳамин тавр, дар ин байт дар мисраи аввал 4 ҳиҷойи кӯтоҳ ва 6 ҳиҷойи дароз ва дар мисраи дуюм 4 ҳиҷойи кӯтоҳ ва 6 ҳиҷойи дароз омадааст.
Ғайр аз ин ҳиҷоҳо ба ҳиҷоҳои баста ва кушода қисмат мешаванд. Дар ҳиҷое, ки аз ду тарафи садонок ҳамсадо ё аз тарафи охири садонок ҳамсадо омада бошад, ҳиҷои баста ва агар пас аз ҳамсадо садоноке ояд, ҳиҷои кушода аст.
Бӯ-и ҷӯ-и Мӯ-ли-ён о-яд ҳа-ме,
Ё-ди ё-ри меҳ-ру-бон о-яд ҳа-ме.
Мисраи нахусти устод Рӯдакӣ нӯҳ ҳиҷойи кушода ва ду ҳиҷойи баста дорад. Дар мисраи дувум чор ҳиҷойи баста (ёд, меҳ, яд, бон) омадааст. Як мисоли дигар аз устод Турсунзода: Дӯс-ти-ро ҷус-ту-ҷӯ до-рем мо,
Аз а-мо-нӣ гуф-ту-гӯ до-рем мо.
Чунон, ки шумурдед, мисраи аввал ду ҳиҷойи баста ва мисраи дувум шаш ҳиҷойи кушода дорад. Аз ҳамин нигоҳ байти устод Айнӣ:
Биёед, эӣ рафиқон дарс хонем,
Ба бекориву нодонӣ намонем.-ро хонда ҳифз намоед ва миқдори ҳиҷоҳойи кушода ва бастаи онро муайян кунед.
Ҳашоми хондани шеър ё сурудани он ҳис мекунед, ки шеър ба пораҳо тақсим мешавад. Яъне ровӣ ё мутриб ҳангоми иҷрои амал дар ҷойҳои махсус андак таваққуф мекунад. Ҳамин қисматҳои ист рукн ном доранд. Яъне қисматҳои тараннумии шеърро дар арӯз рукн гӯянд. Инчунин, ба рукнҳо тақсим кардани шеърро тақтеъ мегӯянд. Рукну тақтеъ дар шеър, яъне вазни арузро ба вуҷуд меоварад. Ба хотири дуруст дарк намудани ин масъала аз Низомии Ганҷавӣ як байт меорем:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Дар арӯз ҳиҷоҳои кӯтоҳ бо аломати панҷи римӣ (V), дароз бо тире (-) ва якунимҳиҷоӣ бо аломати V — (дар охири мисраъ V ~) ишорат карда мешавад.
Байти боло ба 6 рукн тақгеъ шудааст ва ин тақгеъю рукнҳо мизони вазни арӯзро муайян намудаанд. Арӯзи Аҷам дар асоси 6 рукн сохта мешавад. Баҳрҳои солим: Ҳазаҷ, Рамал, Раҷаз, Мутақориб ва Мутадорик рукнҳои хоси хешро доранд.
- Ҳазаҷ = ма-фо-й-лун ;
V
- Рамал = фо-и-ло-тун;
— V — —
- Раҷаз = мус-таф-и-лун;
- — V —
- Мутақориб = фа-ӯ-лун;
V — —
- Мутадорик = фо-и-лун.
- V —
Барои намуна байти Низомй, ки дар боло оварда шуд, мисол шуда метавонад.
Байт аз 6 рукн иборат аст, ё тақтеъ шудааст. Рукни он мафоилун буда, шаш маротиба такрор гардидааст. Мафоилун бошад, рукни баҳри Ҳаҷаз аст. Ҳамин тавр, байти боло дар баҳри Ҳаҷази мусаддаси маҳзур иншо гардидааст.
Шоистаи гуфтан аст, ки меъёри вазни қиҷо ва арузро асосан ҳиҷо ё баробарии ҳиҷоҳои байт муқаррар менамояд. Вале гоҳ гоҳ дар вазни арӯз ин меъёр риоя намешавад.
Дар забони тоҷикӣ калима ё ҳиҷоҳое ҳастанд, ки кашида мешаванд ва аз як ҳиҷо зиёданд.
Масалан, калимаҳои даст, дошт, раст, рӯз, куш ва амсоли ин кашида мешаванд. Онҳоро дар илми арӯз якуним ҳиҷо мегӯянд ва бо аломати махсус, яъне агар дар мобайни мисраъ омада бошад, бо аломати: -V ва агар дар охири мисраъ биёяд бо аломати: мад ~ ишорат мешавад. Ҳамин тавр, ҳиҷоҳои ор, зор, бор, ёр, об ва амсоли инҳо низ дар вазни арӯз якуним ҳиҷогиро ташкил медиҳанд.
Масалан, дар байти устод Турсунзода:
Одамон аз дустӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рузи сахт.
Калимаҳои бахт ва сахт дар вазни арӯз якунимҳиҷогиро ташкил додаанд, ки дар охир бо аломати мад ишорат мешаванд. Ин байт аз достони “Ҷони ширин” гирифта шудааст ва ин достон дар баҳри рамали мусаддаси мақсур (ё маҳзуф) (- V- -1 — V — -1 — V ~ 🙂 эҷод гардидааст.
Супориш: Байти зерро ба рукнҳо қисмат намоед. Ҳиҷоҳои дароз
ва кутохи онро муқаррар кунед. Пас муайян намоед, ки байт дар
кадом баҳр суруда шудааст:
Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,
Қаламкашро ба мақсад мерасонам.