Хичо, Рукн ва Вазни Шеър
Ҷумла аз калима ва ибораҳо сохта шуда фикри томро ифода мекунад. Калима бошад, аз ҳиҷо ва овозҳо сохта мешавад. Масалан, калимаи адабиётро гирем. Ин калима аз чор ҳиҷо иборат аст: а-да-би-ёт. Ҳамин тавр, дар калима микдори ҳиҷоҳо ба микдори садонокҳо вобаста аст. Бинед, дар калимаи адабиёт чор садонок омадааст (а, а, и ва ё) ва калима ҳам аз чор ҳиҷо таркиб ёфтааст. Калимаи рузгор аз ду ҳиҷо, қоматбаланд аз чор ҳиҷо, чашм аз як ҳиҷо таркиб ёфтаанд, ки миқдори онҳо ба садонокҳои он баробар мебошанд.
Ҳиҷоҳо бошанд ҳам дар асарҳои назмӣ ва ҳам насрӣ якхеланд. Масалан, «Маёсоӣ аз омӯхтан як замон» ин мисраъ аз даҳ ҳиҷо иборат аст, зеро он дорои 10 садонок мебошад.
«Дарахти «зардолу гул резонд»
Ин ҷумла аз 9 ҳиҷо иборат аст ва садонокҳояш ҳам 9-то мебошанд.
Вале бояд хотиррасон кард, ки дар назм ҳиҷоҳо ба кӯтоҳ, дароз ва якуним ҳиҷоӣ тақсим мешаванд. Садонокҳои о, ӯ, ё ва ӣ ҳиҷоҳои дарозро ташкил медиҳанд.
Садонокҳои а, у, и, ю бошанд, ҳиҷоҳои кутоҳро месозанд. Чунончй:
Бад-он кӯш то зуд доно шавӣ,
Чу доно шавй, худ воло шавй.
Дар мисраи якум ду ҳиҷои кутоҳ ва дар мисраи дувум се ҳиҷои кутоҳ омадааст. Ҳиҷоҳои боқимонда ҳиҷоҳои дароз (ба ғайри ҳиҷоҳои д-он ва куш) маҳсуб меёбанд. Ҳиҷоҳои д-он ва куш аз якуним ҳиҷогӣ таркиб ёфтаанд.
Дар шеър як низоми муайян вуҷуд дорад ва бо махсусиятҳои хоси худ аз наср фарқ карда меистад.
Ҳамин тавр, бо як низоми муайян омадани ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ, зада, оҳангу сабтиёти марғуб вазни шеърро ташкил медиҳанд. Дигар, ҳангоми қироати шеър ё сурудани мутрибон шунаванда ба порчаҳои тараннумй, яъне рукн тақсим шудани мисраю байтҳоро хуб эҳсос менамояд, ки ҳамаи ин мизони шеър ва муқаррароти онро ташкил мекунанд. Дар маҷмуъ дар фанни шеър онро вазн бигӯянд. Дар вазн парчаҳои тараннумй, яъне рукн мақоми воло дорад. Маҳз вазни шеър аз рӯи рукнҳо муайян мегардад.
Масалан:
Ҳар кӣ н-омухт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омузад зи ҳеҷ омӯзгор.
Ҳамин тавр, байти устод Рӯдакӣ аз шаш рукн иборат аст.
-V — («V — | — V —
— V — — | — V — | — V —
Дар адабиёти шифоҳӣ ва китобӣ аз замонҳои қадим ду вазн мавриди истифода қарор дошт ва имрӯз ҳам мавриди истифода қарор дорад ё маъмул аст. Бештари назми шифоҳӣ (фолклор) бо вазни ҳиҷо эҷод шудаанд. Моҳияти вазни ҳиҷо он аст, ки бояд микдори ҳиҷоҳои мисраъҳо ё байтҳо баробар бошанд. Чунончй:
Олуча гули бодом, — 7 ҳиҷо.
Ман духтараки додом. — 7 ҳиҷо.
Додом шинад, чоӣ нӯшад, — 7 ҳиҷо.
Ман чойрезаки додом. — 7 ҳиҷо.
Баъзе шоирон асарҳои хешро бо вазни ҳиҷо иншо кардаанд. Масалан, адиби тоҷик Мирсаид Миршакар шеъри бачагонаи хубе дорад, ки бо вазни ҳиҷо онро эҷод кардааст:
Гумон набаред, — 5 ҳиҷо Ки ман хурд ҳастам. — 5 ҳиҷо Ана мебинед, — 5 ҳиҷо Ҷоруб дар дастам. — 5 ҳиҷо Бо ин ҷорубам, — 5 ҳиҷо Хона мерӯбам. — 5 ҳиҷо Дегу табақро, — 5 ҳиҷо Худам мегаӯям. — 5 ҳиҷо.
Вазни ҳиҷо дар байни мардуми мо таърихи қадимӣ дорад. Як қисми китоби муқадцаси «Авесто», махсусан фасли Готҳо ва Яштҳо, достони «Ёдгори Зарирон» низ бо ҳамин вазн гуфта шуда, ҳар мисраи он аз 6 ҳиҷо иборат асг.